Чанд муддате пештар ман фањмидам, ки Шўрои адлияи ЉТ барои  ќабули њуљљатњоро ба вазифаи судя-коромўз шурўъ намудааст. Чун ман њуљљатњоямро љамъ намуда он љо бурдам, њуљљатњои маро ќабул накарда, баён сохтанд, ки танњо он шахсоне ба озмун иштирок карда метавонанд, ки дар судњо ба њайси котиби маљлиси судї, пристави судї фаъолият дошта бошанд. Ман чи кор кунам, зеро собиќаи кории ман њуќуќшиноси корхона мебошад.

Сайвалиев Рустам сокини н. Њисор

 

   Љавоб. Муњтарам Рустам, Шумо, ки дорои маълумоти олии њуќуќшиносї њастед, аз талаботњои муќаррарнамудаи меъёрњои Консти-тутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон»  бохабаред.

    Ќисми 2 моддаи 85 Конститусияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва ќисми 2 моддаи 12 ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи судњои Љумњурии Тољикистон»  нисбати номзадњо ба вазифаи судя дар ќатори  дигар талаботњо  доштани ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбиро пешбинї менамоянд.

    Собиќаи кории касбї маънии танњо дар судњо фаъолият карданро надошта, балки фарогири тамоми касбњои њуќуќшиносї (прокурор, муфаттиш, тањќиќкунанда, адвокат, њуќуќшиноси корхонаву ташкилотњо, устодони факултетњои њуќуќшиносї ва ѓ.)  мебошад.

Добавить комментарий

Защитный код
Обновить

Дар ин љо->: Главная Клиникаи њуќуќї Машварати њуќуќї ба Сайвалиев Рустам