Муштариён ва истифодабарандагони муњтарами Шабакаи љањонии Интернет. Ба Шумо дар хусуси таъсиси боз як сомонаи навбатї дар  Шабакаи љањонии иттилоотї муждагонї ва башорат медињем. Њамакнун, Шумо имкон ва фурсати муносиб пайдо намудаед, то аз сомонаи расмии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба таври густурда  ва маќсаднок истифода намоед.  Нахуст изњори сипос ва миннатпазирии самимии факултети њуќуќшиносиро ба Шумо барои пайваст шудан ба сомона ва дастрас  намудани иттиллоти зарурї баён намуда, умедворем ки њамкорињои судманд ва манфиатбори дуљонибаи мо рўз аз рўз таќвият меёбанд. Шуморо бовар мекунонем, ки бо таъсиси сомонаи мазкур фазои иттилооти кишвар боз њам бою рангин гашта, ниёзу талаботи муштариён, шавќмандон  ва дигар намояндагони ќишрњои мухталифи љомеа дар самти дастрасии иттилоот бо тозатарин хабарњои њаёти њуќуќии кишвар ќонеъ гардонида мешаванд. Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон њамчун муассисаи бонуфузи илмї-таълимї, маркази асосии омода намудани кадрњои баландихтисоси њуќуќї, мутахассисони раќобатпазири бозори мењнат ва љавобгўй ба стандартњои байналмилалї ба њисоб меравад. Њамзамон дар ин махзани илму маърифат корњои арзишманди илмї-тадќиќотї бо назардошти самтњои афзалиятноки илми њуќуќшиносии муосир анљом дода шуда, сањми омўзгорон, шогирдон ва хатмкунандагони он дар тарѓибу ташвиќи сиёсати њуќуќї ва тарбияи шањрвандон дар рўњияи мењанпарастї, худшиносї, њифзи асолат ва манфиатњои миллї беназир аст. Сомонаи мазкур танњо бо маќсадњои нек ва хайр созмон дода шудааст. Њадафи асосии он дар нињояти кор ба баланд бардоштани фарњанги њуќуќї, шуур ва донишњои њуќуќии ањолї, сайќал додани сатњи камолоти њуќуќї, боло бурдани эътимоду боварї ва зиракии сиёсии шањрвандон нигаронида шудааст. Сомона ба њайси як минбари асосии ташвиќу тарѓиби муњимтарин рўйдодњои рўзгори таълимї, илмї, тарбиявї, таќвияти робита ва њамкорињои факултет баромад менамояд. Боварии комил дорем, ки сомонаи мо дар самти дастрасии љомеа ва љањон ба иттилооти боэътимоду зарурї, парвариши њисси масъулиятшиносиву мењанпарастии шањрвандон, эњтиром ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд хизмати арзандаву шоистаеро ба нафъи пешрафти Тољикистони азиз анљом   медињад. Мо ниёз ва умед ба дастгирї ва њамкорињои њамешагии Шуморо дорем, муштариёни азиз.



Бо эњтироми бепоён
декани факултети њуќуќшиносї,
доктори илмњои њуќуќ, профессор                                            Насриддинзода Э.С.


Дар ин љо->: Главная Асосї Главная Ифтитоњи сомонаи факултети њуќуќшиносии ДМТ