Бо  фарорасии Наврўзи хуљастапай фазои иттилоотии кишварро боз як сомонаи нав васеъ гардонид. Бо зањмату талошњои садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ сомонаи махсусе, ки аз њаёти факултет тариќи шабакаи умумиљањонии Интернет ба ањли сайёра ахбор медињад, таъсис дода шуд. Ин воќеаи њаќиќатан фарањбахшро ба кули њайати донишљўёну омўзгорони факултети њуќуќшиносї муборакбод мегўем! Умед дорам, ки пайкњои хуљастаи Наврўзи оламафрўз ба ин иќдом асар карда, умри сомонаро бардавом нигоњ медоранд. Зеро гузаштагони мо ба хотири фоли нек доштани рўзњои Наврўзї њаргуна кори неку савобро дар ин айём оѓоз   менамуданд.

   Мехоњам хотирнишон созам, ки факултети њуќуќшиносии ДМТ њамчун яке аз факултетњои бонуфузи љумњурї бо баробари созмон додани сомонаи худ иљроиши вазифањои худро дар якчанд бахш иљро намудааст. Аввалин, ки Барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019, ки аз љониби Њукумати ЉТ аз 29 апрели соли 2009, № 253 ќабул гардидааст, баланд бардоштани фарњанги њуќуќии шањврандони љумњуриро яке аз вазифањои асосии давлат эълон менамояд. Зеро бунёди љомеаи воќеан њуќуќбунёду демократї танњо замоне муяссар мегардад, ки сокинони он соњиби дониши баланди њуќуќї, фањмиши низом ва тартиботи њуќуќї ва хулќу атвори намунавї буда, дар замирашон ѓояњои ватанпарварї аланга занад. Маќола ва маводњое, ки дар ин сомона тариќи электронї дастраси мардум хоњад шуд, мањз ба такмили њамин сифатњо нигаронида мешаванад.

   Донишгоњи миллии Тољикистон љињати ба таври дахлдор баргузор намудани љашни 65-умин солгарди таъсиси ДМТ наќша-чорабинињои умумидонишгоњиро тартиб додааст. Яке аз бандњои ин наќша-чорабиниро масъалаи таъсиси њаргуна рўзнома ва маљалањо ташкил медињад. Факултети њуќуќшиносии ДМТ дар иљроиши њар як дастури Раёсати донишгоњ ољилан рафтор менамояд ва дар ин самт низ таъхир накарда, нахуст маљалаи илмии «Њаёти њуќуќї» ва рўзномаи «Минбари њуќуќшинос»-ро таъсис дод. Таъсиси сомонаи факултети њуќуќшиносї бошад, иќдоми навбатии садорати факултети њуќуќшиносї дар бахши таљлили арзандаи 65-умин солгарди тасъсиси ДМТмебошад.

   Дар охир бори дигар њайати омўзгорону донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ-ро бахшида ба таъсиси сомонаи факултет табрик ва муборакбод намуда, ба онњо муваффаќият ва бурдборї орзу мекунам. Бигузор, дар ин сомона њамеша ѓояњои озодию адолат, њаќиќату инсондўстї, поквиљдонию беѓаразї, талќин ва тарѓиб гарданд.

Бо эњтиром:

Ректори ДМТ, академик                                                                    Имомзода М.С.

Дар ин љо->: Главная Асосї Главная Табрикоти ректори ДМТ, академик Имомзода М.С.