Кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодабарии сарватњои табиии факултети њуќуќшиносии ДМТ санаи 26-уми майи соли 2017 конференсияи илмї-амалии љумњуриявиро дар мавзўи «Масъалањои такмили ќонунгузории обии Љумњурии Тољикистон» дар партави ќабули Ќатъномаи Созмони Милали Муттањид оид ба эълони Дањсолаи байналмилалии амал «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028» барпо менамояд.

Дар конференсияи мазкур масъалањои зерин мавриди баррасї ќарор хоњанд гирифт:

1. Масъалањои мубрами ќонунгузории об;

2. Низоми њуќуќии истифодабарї ва њифзи об;

3. Проблемањои њуќуќи моликиятї ба объектњои обї;

4. Њуќуќи обистифодабарї ва мушкилотњои он;

5. Проблемањои идоракунии давлатї дар соњаи истифода ва њифзи об;

6. Проблемањои љавобгарии њуќуќї барои вайрон кардани ќонунгузории об;

7. Проблемањои рељаи њуќуќии истифодаи объектњои обї ва намудњои он;

8. Проблемањои рељаи њуќуќии заминњои фонди об;

9. Проблемањои танзими гражданї-њуќуќии муносибатњои обистифодабарї;

10. Проблемањои њуќуќи байналмилалии обї;

11. Иќдомњои башардўстона ва созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар њалли мушкилоти обии сайёра;

12. Наќши Љумњурии Тољикистон дар њалли мушкилоти глобалии сайёра оид ба масъалањои об;

Дар конференсия иштироки олимон, мутахассисон, кормандони маќомоти давлатї ва аспирантон пешбинї шудааст. Сафархарљї барои иштирок дар кори конференсия ба зиммаи иштирокчиён гузошта мешавад. Даъватнома барои иштирок баъд аз пешнињод кардани маърўзањо равон карда мешавад. Забони кори конференсия: тољикї ва русї Маводњои конференсия дар шакли маљмўаи илмї чоп карда мешаванд. Маќолањо бо забони русї ва тољикї ќабул карда мешаванд. Маърўзањо дар шакли чопї ва варианти электронї тањрири MS Word ширифти Times New Tj 12, њамаи њошияњо 2см, фосила 1,5см буда, аз боло номи маърўза бо њарфњои сарлавњавї, поёнтар аз он бо фосилаи 1,5 см ному насаби муаллиф ва ба воситаи дефис номи ташкилот оварда мешавад. Маводњои чопшуда дар рўзи баргузории конференсия таќсим карда мешаванд.

Кумитаи тадорукот аз муаллифон эњтиромона хоњиш менамояд, ки маърўзањо ва дархости худро то 18-уми майи соли 2017 манзур намоянд.

Хоњишмандем дархост ва маводњоро ба суроѓаи зерин ирсол намоед. Шањри Душанбе, кўчаи Буни Њисорак, Донишгоњи миллии Тољикистон, факултети њуќуќшиносї, бинои № 11, ошёнаи 4, (факултети њуќуќшиносї, кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї). Телефонњо: 907560707, 918560707 (мудири кафедра, дотсент Ќурбонов Ќурбон Бобоевич) Суроѓаи электронї: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Дар ин љо->: Главная Асосї Объявления Конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Масъалањои такмили ќонунгузории обии Љумњурии Тољикистон» дар партави ќабули Ќатъномаи Созмони Милали Муттањид оид ба эълони Дањсолаи байналмилалии амал «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028»