Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тољикистон тасмим гирифтааст, ки дар асоси Наќшаи баргузории конференсияњо дар Донишгоњи миллии Тољикистон бахшида ба «20-солагии Рўзи Вањдати миллї»  рўзҳои 15-ум ва 16-уми июни соли 2017 конференсияи байналмилалии илмї-назариявиро таҳти унвони «Нақши Президенти Љумҳурии Тољикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллї»  баргузор намояд. Интизор меравад, ки дар кори конференсияи  мазкур олимон, муҳаққиқон, омўзгорон, аспирантону унвонљўён, мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии љумҳурї ва хориљи кишвар, инчунин намояндагони маќомоти њокимияти давлатї ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок намоянд.

Дар конференсия масъалањои зерин мавриди баррасї ќарор хоњанд гирифт:

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тољикистон, сулҳ ва ваҳдати миллї.
  2. Тақвият додани тамомияти арзї, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тољикистон.
  3. Ваҳдати миллї ҳамчун заминаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд.
  4. Устувории вањдати миллї кафили фаъолияти босуботи мақомоти давлатї.
  5. Нақши ваҳдати миллї дар инкишофи қонунгузории миллї.
  6. Аҳмияти ваҳдати миллї дар пойдории соҳибихтиёрии Тољикистон.
  7. Ислоҳоти конститутсионї дар партави ваҳдати миллї.
  8. Мавқеи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими ваҳдати миллї.
  9. Ислоҳоти судї ва сиёсати ҳуқуқии љиноятї дар заминаи ваҳдати миллї.
  10. Танзими ҳуқуқии фаъолияти иқтисодї, иљтимої ва фарҳангї чун арзишҳои ваҳдати миллї
  11. Аҳамияти ваҳдати миллї дар пойдории давлати миллї.
  12. Густариши  муносибатҳои байналмилалї-ҳуқуқї ҳамчун самараи ваҳдати миллї.
  13. Ваҳдати миллии тољикон чун таљрибаи пешрафта дар ҳалли низоъҳои байналмилалї.
  14. Баланд бардоштани фарњанги њуќуќии ањолї њамчун омили муњими њифзи арзишњо ва дастовардњои вањдати миллї.

Забони кори конференсия: тољикї, русї.

Иштирок дар конференсия  дар шакли иштироки бевосита  ва ѓоибона амалї карда мешавад. Даъватнома барои иштирок баъд аз пешнињод кардани хуљљатњои лозима ирсол карда мешавад.

Маводњои конференсия дар шакли маљмўаи илмї чоп карда мешаванд.

Кумитаи тадорукот аз муаллифон хоњиш менамояд, ки њангоми омоданамоии фишурдањо ќоидањои зеринро риоя намоянд:

 Матни маърўза, маќола ва фишурдаи он дар хаљми 5-10 сањифа дар шакли электронї пешнињод гардад. Матни маърўза бо истифодаи барномаи (MS Word, њуруфи Times New Roman ва Times New Roman Tj; андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5; масофаи сањифабандї: боло ва поён 2 см, чап 1,5 см, рост 3 см)  пешнињод гардад.

Барои иштирок дар кори конфронс хоњишмандем то 01-уми июни соли 2017 дархост ва маърўзаи худро мувофиќи талаботи дар мактуб пешбинишуда ба суроѓаи электронии масъулини кумитаи тадорукот ирсол намоед.

Хоњишмандем дархост ва маводњоро ба суроѓаи зерин ирсол намед.

Шањри Душанбе, кўчаи Буни Њисорак, Донишгоњи миллии Тољикистон, факултети њуќуќшиносї, бинои № 11, ошёнаи 4 (417 ) ё ин ки ба суроѓањои электронии дар мактуб пешбинишуда.

Телефон: (+992) 900-55-51-67  (муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалї Абдуллоев П.С.)

Суроѓаи электронї: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.                              

Намунаи дархост барои иштирок:

  1. Ном ва насаб;                                    5. номи маърўза;                                         
  2. ташкилот;                                           6. номи бахши конференсия.
  3. дараљаи илмї, унвон;                       7. Шакли иштирок (бевосита/ ѓоибона).
  4. суроѓа, телефон, e-mail

 

Дар ин љо->: Главная Асосї Объявления Конференсияи байналмилалии илмї-назариявї таҳти унвони «Нақши Президенти Љумҳурии Тољикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллї»