Ташвиќ ва фањмондадињии таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» дар шањри Исфараи вилояти Суѓд

     Бо супориши Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон як гурўњ устодони Донишгоњи миллии Тољикистон аз санаи 11 то 16-уми сентябри соли равон ба шањри Исфараи вилояти Суѓд сафари хизматї намуда, дар љамоатњои шањраку дењот ва корхонаю муассисањои шањр дар чањорчубаи барномаи ташвиќу фањмондадињии таѓйиру иловањо ба Ќонуни ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо» иштирок ва суханронї намуданд.

     Дар маъракаи таблиѓоти устодони зерини Донишгоњи миллии Тољикистон иштирок доштанд:

1. Имомзода М.С. – ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, доктори илмњои филологї, профессор, Академики АИ ЉТ(роњбари гурўњ);

2. Рањмон Д.С. – декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади имлњои њуќуќ дотсент;

3. Зайниддинов М.К. – мудири кафедраи назария ва ададбиёти навини форси тољикии факултети филологияи тољики ДМТ, номзади илмњои филологї, дотсент;

4. Азимов А.Х. – доктори илмњои филологї, профессори кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ;

5. Ќудусов Х.С. – номзади илмњои сиёсатшиносї, дотсенти кафедраи раванди сиёсии Тољикистони факултети фалсафаи ДМТ;

     Лозим ба ёдоварист, ки роњбарияти маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањри Исфара бо эњтиром ва самимияти баланд муносибат намуда, тамоми имконият ва шароитро бањри дар фазои мусоид баргузор шудани корњои таблиѓотию фањмондадињї фароњам оварданд. Вохўрињо њаррўз чор маротиба дар минтаќањои алоњидаи шањр сурат гирифта, иштирокдорон њудуди 200 то 400 нафарро ташкил медоданд.

    Њайати кории устодон дар вохўрињо њар як таѓйиру иловањое, ки ба Ќонуни ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ворид гардидаанд, шарњу тавзењоти муфассал доданд. Аз љумла, таъкид карда шуд, ки ќабулу татбиќи ќонуни мазкур яке аз муњимтарин ќадамњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар роњи эњёи фикрию фарњангї, иљтимої, иќтисодиву сиёсии миллат ва кишвари мо мебошад, зеро татбиќи ин Ќонун боиси коњиш ёфтани сатњи камбизоатї, покзосии афкори мардум аз хурофот, бењбудии зиндагии иљтимоии ањолї ва таќвияти субботу амнияти миллии кишвар гардидааст.

  Муњимият ва афзалиятњои иќдоми мантиќии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни ЉТ «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо» шарњ дода шуда, ин ташаббусњо њамчун мояи ифтихору шарафмандии њар як сокини кишвар бањогузорї карда шуд.

   Баъди анљоми суханронињо фикру андешањои мардуми шарафманди Исфара низ оид ба нуќтањои асосии таѓйиру иловањо ба Ќонуни мазкур шунида шуданд. Зимни музокирањо низ табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. 

      Дар маљмўъ, тибќи мушоњида ва натиљагирии чандрўза маълум гардид, ки тамоми ќишрњои сокинон ба иќдомњои Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон њаматарафа арљгузорї намуда, сањми ватандории худро дар ободонии кишвар ба хубї дарк намудаанд.

Дар ин љо->: Главная Хабарњо Ташвиќ ва фањмондадињии таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» дар шањри Исфараи вилояти Суѓд