Ифтитоњи маркази тестї, китобхонаи илмї ва баргузории аввалин дифои рисолаи илмї дар Шўрои миллї

    Санаи 6-уми октябри соли 2017 дар њаёти таълимї, илмї ва тарбиявии факултети њуќуќшиносї як ќатор рўйдодњои муњим ва воќеањои фарањбахш ба вуќуъ пайвастанд. Дар њамин рўз дар идомаи амалишавии Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020 бо маќсади омода кардани кадрњои баландихтисос, љавобгўй ба талаботи бозори мењнат, баланд бардоштани сифати таълим ва сатњи саводнокии донишљўён бо иштироки ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, академики Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, муњтарам Имомзода М.С. ва декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. ва дигар мењмонони расмї нахуст маросими ифтитоњи маркази тестї ва мониторинги сифати таълим баргузор гардид. Дар расми ифтитоњи он ректори донишгоњ афзуданд, ки ба истифода додани маркази мазкур барои гузаштан ба њукумати электронї, пайвастшавї ба низоми тањсилоти љањонї ва истифодаи бомароми технологияи иттилоотиву иртиботї дар шароити гузариш ба низоми тањсилоти кредитї ва тањсилоти фосилавї заминаи мусоидро фароњам меорад.

    Марказ ба талаботи замон љавобгў буда, дорои 60 компютер мебошад, ки барои супоридани имтињонњо тариќи монитор таљњизонида шудаанд. Маркази тестї имкон медињад, ки дар як рўз то 2000 нафар донишљў бо истифода аз монитор имтињон супоранд. Бунёди марказ аз лињози сарфаи ваќт ва маводи конселярї, таъмини шаффофият ва холисї њангоми ќабули имтињон ва баланд бардоштани илму дониш мувофиќи маќсад мебошад.

    Њамзамон худи њамин рўз дар ошёнаи 4-уми факултети њуќуќшиносї баъд аз таъмири замонавї маросими ба истифода додани китобхонаи илмї бо њузури мењмонон баргузор гардид. Китобхона бо ташаббусу мусоидати Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ва садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ пурра аз нав таъмир карда шуда бо таљњизоти замонавї таъмин карда шудааст.

   Китобхонаи илмии факултет бо тамоми адабиёти илмиву таълимии замонавї ва маљаллањои илмиву рўзномањои даврї таъмин буда аз 1 толори хониш бо 64 љойи нишаст, њуљраи нигоњдории китобњо ва њуљраи хизматрасонї иборат мебошад. Фонди китобњои илмии китобхона то имрўз ба 25000 адад мерасанд, ки бо дастгирии садорати факултети њуќуќшиносї љамъоварї шуда, њамарўза аз он зиёда аз 3500 донишљўи факултети њуќуќшиносї ва дигар муассисањои тањсилоти олии кишвар истифода менамоянд. Дар китобхона шароити мусоид барои мутолиакунандагон њам барои фасли сармо ва њам фасли гармо фароњам оварда шудааст. Њамзамон тарњи нав ва замонавии китобхона имконият медињад, ки дар толори хониши китобхона конференсияњо, мизњои мудаввар, мањфилњои илмии донишљўён ва дигар њамоишњои илмию љамъиятї гузаронида шаванд. Дар умум аз љониби њозирин ба сифати корњои таъмириву азнавсозї бањои баланд дода шуд.

  Нимаи дуюми рўзи 6-уми октябри соли равон дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон љаласаи Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ, ки бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон аз 27 апрели соли 2017, №15 таъсис ёфта буд, баргузор гардид. Ёддовар бояд шуд, ки аз замони таъсис ва фаъолияти Шўро аввалин маротиба дар кори он дифоъи рисолаи номзадї баргузор гардид. Дар кори љаласаи Шўро ба истиснои аъзоёни Шўро, њамзамон ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, узви пайвастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои филологї, профессор Имомозода М.С., мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иљтимої ва робита бо љомеа Абдуллоев М.А., ректори Академияи хољагии халќ ва хизматии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар шањри Новосибирск С.Р. Сверчков, саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Халилов Ш.Б., дигар шахсони расмї ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Љаласаро бо сухани ифтитоњї ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, узви пайвастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои филологї, профессор Имомозода М.С. њусни оѓоз бахшид. Мавсуф изњор дошт, ки таъсиси Шўрои диссертатсионии миллї 6D.КОА-002 барои дарёфти дараљаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос доир ба ихтисосњои 6D030100 - Њуќуќшиносї, 6D030200 - Њуќуќи байналмилалї ва 6D030300 - Фаъолияти њифзи њуќуќ дар назди ДМТ яке аз арзишмандтарин дастоварди Донишгоњ дар замони соњибихтиёрии давлатї мањсуб ёфта, аз сиёсати созандаи маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон сарчашма мегирад. Њамзамон таъкид намуданд, ки Раёсати донишгоњ иќдом гирифтааст, ки барои таъсиси шўроњои диссертатсионї дар фазои Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва шўроњои диссертатсионии байнидавлатї дар риштаи илми њуќуќшиносї дар ояндањои наздик мусоидат намояд. Дар идомаи сухани хеш ба фаъолият шуруъ кардани кори Шўроро оид ба дифоъи рисолањо рўйдоди таърихї арзёбї карда, изњор доштанд, ки минбаъд бидуни ягон мањдудият кулли аспирантон, унвонљуён, муњаќќиќон ва докторантон метавонанд дар Шўро аз рўйи се самт рисолањои докторї ва 11 самт рисолањои номзадї дифоъ намоянд. Таъсиси Шўро дастоварди беназир барои муаррифии илми њуќуќшиносии миллї буда, умед дорем, ки бо кўмаку дастгирї, њидояту роњбарии аъзоёни Шўро бењтарин донишмандону муњаќќиќон дар он ба њимояи рисолањои номзадиву докторї комёб мегарданд. Дар охир бори дигар ташрифи мењмонони олиќадрро ба ДМТ хайрамаќдам гуфта, аъзоёни Шўроро ба фаъолияти босамар ва созанда њидоят намуд.

      Њамзамон њозиринро ба ифтихори таъсис ва фаъолияти Шўрои миллї дар назди ДМТ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иљтимої ва робита бо љомеа Абдуллоев М.А. самимона табрику шодбош гуфта, таъкид намуданд, ки пешбурди корњои илмї-тањќиќотї яке аз самтњои марказї ва афзалиятноки сиёсати маорифпарваронаи Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон ба њисоб меравад. Мавсуф иброз намуданд, ки њар як халќу миллатро мањз бо дастовардњову мероси бою пурѓановати илмї дар хазинаи тиллоии фарњанги љањонї мешиносанд. Аз ин рў, таъсис ва фаъолияти Шўроро як ќадами бузург дар роњи муаррифии миллати тољик, илми њуќуќшиносии ватанї ва таъмини истиќлолияти фазои илмию иттилоотии кишвар њисобиданд.

   Дар баромади хеш саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Халилов Ш.Б. зикр намуданд, ки таъсиси Шўроњои миллї бо шарофати касби Истиќлолияти давлатї ва таъсиси КОА-и назди Президенти Љумњурии Тољикистон имконпазир гашта, заминањои боэътимоди њуќуќї-ташкилиро барои инкишофу пешрафти илми миллї ва њамзамон муаррифии илми тољик ба дунё бунёд мегузоранд. Номбурда кулли њозиринро ба ин дастоварди нодир шодбош гуфта, аз аъзоёни Шўро даъват ба амал овард, ки ба мазмуну сифати омода кардани рисолањои номзадї ва докторї, инчунин тањќиќи мавзўъњои рўзмарраи барои ояндаи давлату миллати тољик манфиатбор таваљљўњи бештар зоњир намоянд.

  Њамзамон дар вазъияти тантанавї дар њузури аъзоёни Шўро миёни ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, узви пайвастаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, доктори илмњои филологї, профессор Имомозода М.С. ва ректори Академияи хољагии халќ ва хизматии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар шањри Новосибирск ёдошти тафоњум дар хусуси њамкорињои дуљониба ба имзо расонида шуд.

Дар ин љо->: Главная Хабарњо Ифтитоњи маркази тестї, китобхонаи илмї ва баргузории аввалин дифои рисолаи илмї дар Шўрои миллї