Рањимзода Рамазон Њамро дар Донишгоњи миллии Тољикистон

    Санаи 11-уми октябри соли 2017 дар толори маљлисгоњи Донишгоњи миллии Тољикистон вохўрии вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон генерал-полковники милитсия Рањимзода Рамазон Њамро бо донишљўёну омўзгорон баргузор гардид. Бояд ќайд кард, ки дар чорабинии мазкур устодону донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон низ иштирок намуданд. Љамъомади мазкур бо маќсади шунидани дарси кушоди вазир дар мавзўи «Фаъолияти оперативї-љўстуљўї», шарњу тавзењи таѓйиру иловањо ба ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар ЉТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар ќонунњои соња ташкил карда шуд.

      Чорабиниро ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, академик Имомзода М.С. кушода эълон намуда, мењмононро ба ин даргоњи илму маърифат хайрамаќдам гуфт. Ќайд гардид, ки раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон ташкили чунин љамъомадњоро таќвият бахшида, оянда чунин вохўрињо бо роњбарони маќомоти дигари давлатї низ ташкил хоњанд шуд.

    Сипас дарси кушоди вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон генерал-полковники милитсия Рањмизода Рамазон Њамро дар мавзўи «Фаъолияти оперативї-љўстуљўї» баргузор гардид. Мењмон масъалањои мубрами мавзўъро мавриди баррасї ќарор дода, оид ба пањлуњои гуногуни он андешаронї намуд. Аз љумла ќайд гардид, ки фаъолияти оперативї-љўстуљўї яке аз омилњои муњимми пешгирї ва ошкорсозии љиноятњо ба њисоб рафта, субъектони он дар бахши њимояи њуќуќу озодињои инсон наќши марказиро иљро мекунанд. Њамзамон Рањимзода Р.Њ. мазмуну муњтавои таѓйиру иловањоро ба ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар ЉТ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар ќонунњои кишвар шарњу тавзењ доданд. Яке аз масъалањои асосии суњбати вазирро бо наќлиёти шахсї ба дарс наомадани донишљўён ташкил медод. Таъкид гардид, ки сохторњои дахлдори маќомоти корњои дохилї пайваста дар ин самт бо донишгоњу донишкардањои кишвар њамкорї менамоянд. Аз донишљўён даъват ба амал оварда шуд, ки риояи ќонунгузорї, дастуру супоришњои Роњбари давлат ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиро сармашќи кори худ ќарор дињанд. Таъкид карда шуд, ки донишљўён њангоми омадан ба донишгоњ аз истифодаи наќлиёти шахсї худдорї намоянд.

      Вохўрї дар фазои озод ва самимї баргузор гардида, байни иштирокчиён саволу љавоб сурат гирифт. Дар он донишљўёни факултети њуќуќшиносї фаъолона иштирок намуда, аз љониби Вазири корњои дохилї бо туњфањои хотиравї мукофотонида шуданд. Дар охир вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон генерал-полковники милитсия Рањимзода Рамазон Њамро аз љониби ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, академик Имомзода М.С. бо Ифтихорномаи Донишгоњи миллии Тољикистон ќадрдонї гардид

     Дар маљмўъ кулли иштирокчиён аз ин вохурї таассуроти нек бардошта, таќвият бахшидан ва тањкими њамкорињоро байни Донишгоњи миллии Тољикистон ва Вазорати корњои дохилї хуб арзёбї намуданд.

Дар ин љо->: Главная Хабарњо Рањимзода Рамазон Њамро дар Донишгоњи миллии Тољикистон