Мизи мудаввар бахшида ба 21-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї

     Боиси хушнудї ва сарфарозист, ки дар факултети њуќуќшиносии ДМТ пайваста чорабинињои гуногуни илмї баргузор мегарданд.

      Таърихи 25-уми июни соли 2018 бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ мизи мудаввари љумњуриявии илмї-амалї дар мавзўи «Инкишофи илми њуќуќшиносї дар Љумњурии Тољикистон ва кишварњои ИДМ дар шароити вусъати равандњои љањонишавї, њамгирої ва васеъ гардидани фазои илмї-фарњангї ва иттилоотї-њуќуќї» бахшида ба 21-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї гузаронида шуд. Мизи мудаввар бо сухани ифтитоњии декани факултети њуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Рањмон Д.С. оѓоз гардид. Мавсуф њузури мубораки њамаи иштирокчиёнро ба кори мизи мудаввари љумњуриявї хайрамаќдам гуфта, ба Раёсати ДМТ ва кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ барои мусоидат, дастгирї ва ташкил намудани чунин як чорабинии илмии сатњи баланд изњори сипос намуд. Инчунин, эшон њамаи иштирокчиёни чорабинии илмиро ба муносибати 21-солагии Рўзи Вањдати миллї табрику тањният намуда, иброз доштанд, ки расидан ба ќадри вањдату якдилї ва оромиву осудагї дар марњилаи љањонишавї ва њамгирої вазифаи њар фарди кишвар буда, аз мо њисси баланди ватандўстиву хештаншиносиро талаб менамояд.

   Сипас мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Сотиволдиев Р.Ш. доир ба инкишофи илми њуќуќшиносї дар замони истиќлолияти давлатї маърўза намуда, иброз намуд, ки илми њуќуќшиносї дар солњои истиќлолияти давлатї ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардидааст.

  Баъдан кори мизи мудаввар дар асоси барномаи омодагардида идома ёфта, њамаи маърўзачиён имконият пайдо намуданд, ки дар доираи мавзўи омоданамудаи худ баромад намоянд ва фикру андеша, инчунин пешнињодњои судмандашонро иброз доранд.

     Дар умум мизи мудаввар муњимтарин масъалањои њаёти њуќуќии кишварро фаро гирифта, бањри инкишофи минбаъдаи илми њуќуќшиносї мусоидат хоњад намуд. Зимни музокирањо табодули афкори судманди иштирокчиён сурат гирифт. Дар фарљом изњори умед карда шуд, ки натиљањои кори мизи мудаввар барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд. Пас аз анљоми кори мизи мудаввар ќарор карда шуд, ки таклифу тавсияњо ва пешнињодњои илман асосноку судманд љињати такмили ќонунгузории амалкунанда ба сохторњои дахлдор ирсол карда шавад.

Дар ин љо->: Главная Хабарњо Мизи мудаввар бахшида ба 21-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї