Факултети њуќуќшиносї  яке аз ќадимтарин факултетњои Донишгоњи миллии Тољикистон (пеш Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин)  буда,  соли 1949  таъсис  ёфтааст. Олимони факултет наќшањои илмї-тадќиќотиро амалї менамоянд ва дар пешрафти илми њуќуќшиносии љумњурї сањми арзанда доранд.  Инчунин онњо дар тањияи лоињаи ќонунњо ва дигар  санадњои меъёрї-њуќуќї сањмгузор мебошанд. Ба ѓайр аз ин  факултети њуќуќшиносї ягона муассисаи илмие мебошад, ки барои маќомотњои суд, прокуртатура  ва дигар маќомотњои њифзи њуќуќи дохилї ва хориљї мутахасисони баландихтисосро  тайёр менамояд.

Дар факултети њуќуќшиносї  њамаи шароитњои мусоид барои тайёр намудани мутахасисони баландихтисос муњаё мебошад. Дар факултет  10 синфхонаи бо тањљизотњои  навтарини техникї муљањњаз, китобхона, маркази таълимии мубориза бар зидди хариду фурўши инсон,  маркази интернетї ва лабораторияи криминалистї амал менамояд.

Дар факултет 75 адад компютер бо тамоми тањљизоти лозимї барои пешбурди фаъолияти таълимию методї ба омўзгорону донишљўён хизмат мерасонад, ки  аз ин шумора, 42 адади он ба шабакаи љањонии Интернет пайваст мебошад. Ба ѓайр аз ин дар факултет  15 адад видеопроекторњо ва 10 доскаи электронї мавриди истифода ќарор доранд.

Айни замон барои тадриси донишљўён ва иљрои корњои илмї-тадќиќотї дар факултет 126 нафар (18 нафараш зан) устодон машѓул њастанд. Миёни онњо 11 нафарашон доктори илми њуќуќ, профессор (2 нафари онњо академики АИ ЉТ), 44 нафар номзади илми њуќуќ, дотсент (2 нафари онњо доктори илми њуќуќ), 16 нафар муаллими калон (4 нафари онњо номзади илми њуќуќ) ва 55 нафар ассистент (9 нафари онњо номзади илми њуќуќ) фаоълият доранд. Барои тадриси фанњои тахассусї олимони шинохта ва кормандони амалияи унвондори илмї аз маќомотњои давлатї љалб шудаанд.

Декани факултет – номзади илмњои њуќуќ, дотсент Насурдинов Э.С.

Дар факултет 11 кафедра фаъолият менамояд:

1. Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ (мудири кафедра  -  доктори илмњои њуќуќ, профессор Сотиволдиев Р.Ш.);

2. Њуќуќи гражданї (мудири кафедра  -  доктори илмњои њуќуќ, профессор Ѓаюров Ш.К.);

3. Њуќуќи љиноятї ва  криминалистика (мудири кафедра  -  доктори илмњои њуќуќ, профессор  Шарипов Т.Ш.);

4. Њуќуќи конститутсионї мудири кафедра  -  номзади  илмњои њуќуќ, дотсент Диноршоев А.М.);

5. Њуќуќи судї ва назорати прокурорї (мудири кафедра  -  номзади илмњои њуќуќ, дотсент Махмудов И.Т.);

6. Њуќуќи соњибкорї ва тиљорат (мудири кафедра  -  номзади  илмњои њуќуќ, дотсент Сангинов Д.Ш.);

7. Њуќуќи байналхалќї (мудири кафедра  -  номзади илмњои њуќуќ, дотсент Раљабов М.Н.);

8. Њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї (мудири кафедра - номзади илмњои њуќуќ, дотсент Сафаров Б.А.);

9. Њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табии (мудири кафедра  -  номзади илмњои њуќуќ, дотсент  Ѓафуров А.Д.);

10. Забонњои хориљї (мудири кафедра  -  номзади илмњои филологї, дотсент Салоњиддинов В.Ю.);

11. Кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї (мудири кафедра – номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Назаров А.Ќ.)

Мувофиќи маълумотњои расмї то 01.01.2015 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ бо назардошти тамоми ихтисос ва шуъбањои амалкунанда дар маљмўъ 3190 нафар донишљўён тањсил менамоянд. Аз ин шумора 2315 нафар дар шуъбаи рўзона ва 875 нафар  дар шуъбаи ѓоибона тањсил менамоянд. Аз шумораи 2315 нафари донишљўёни шуъбаи рўзона 1581 нафар дар ихтисоси 24010200 (њуќуќшиносї);  220 нафар дар ихтисоси - 24010100 (муносибатњои байналхалќї (њуќуќ); 201 нафар дар ихтисоси - 26010200 (идораи давлатї ва њуќуќ);  161 нафар дар ихтисоси - 93010100 (фаъолияти њифзи њуќуќ);  77 нафар дар ихтисоси - 240030201 (танзими њуќуќии молия ва ќарз);  55 нафар дар ихтисоси - 93010200 (экспертизаи судї), 20 нафар дар ихтисоси - 24010218 (њифзи њуќуќии моликияти зењнї) тањсил менамоянд. Аз шумораи 875 нафар донишљўёни шуъбаи ѓоибона 317 нафар дар ихтисоси 24010200- (њуќуќшиносї);  78 нафар дар ихтисоси - 26010200 (идораи давлатї ва њуќуќ); 27 нафар дар ихтисоси - 93010100 (фаъолияти њифзи њуќуќ);  18 нафар дар ихтисоси - 240030201 (танзими њуќуќии молия ва ќарз); 435 нафар дар ихтисоси 24010233 (њуќуќшиносї) тањсилоти 2-юми олї ба  тањсил фаро гирифта шудаанд.

Дар љараёни таълим донишљўён  фанњои зеринро меомузанд: таърихи давлат ва њуќуќ, назарияи давлат ва њуќуќ, таърихи афкори сиёсї, таърихи давлат ва њуќуќи мамлакатњои хориљї, њуќуќи конститутсионї, њуќуќи маъмурї, њуќуќи молия, њуќуќи гражданї, мурофиаи гражданї, њуќуќи љиноятї, мурофиаи љиноятї,  њуќуќи мењнатї, њуќуќи байналхалќї, њуќуќи аврупо, њуќуќи наќлиёт, њуќуќи экологї, њуќуќи замин, њуќуќи оилавї, њуќуќи соњибкорї, њуќуќи тиљоратї, криминалистика, забони англисї, забони    олмонї, забони франсавї, забони   арабї.

Аз курси 3 - юм саркарда донишљўён  вобаста ба 10 кафедра ба ихтисосњо људо карда шуда,  машѓулиятњои соњавии љуќурро аз худ мекунанд.

Тањсил дар факултети њуќуќшиносї дар ду шакл ѓоибона ва рўзона  сурат мегирад. Шўъбаи рўзона дорои 7 ихтисос ва шўъбаи ѓоибона бошад дорои 5 ихтисос аст.

Шакли тањсили рўзонаи факултети њуќуќшиносї чунин ихтисосњоро дорад:

 - њуќуќшиносї - 24010200;  

 - муносибатњои байналхалќї (њуќуќ) - 24010100;  

 - идораи давлатї ва њуќуќ – 26010200;

 - фаъолияти њифзи њуќуќ - 93010100;  

 - танзими њуќуќии молия ва ќарз – 24010302;

 - экспертизаи судї – 93010200;

 - њифзи њуќуќии моликияти зењнї – 24010218.

Шакли тањсили ѓоибонаи факултет дорои чунин ихтисосњо мебошад:

- њуќуќшиносї - 24010200;

- њуќуќшиносї (маълумоти дуюм)  - 24010233;

- идораи давлатї ва њуќуќ - 26010200;

- танзими њуќуќи молия ва ќарз - 24010302;

- фаъолияти њифзи њуќуќ – 93010100.

 

Мўњлати тањсил дар факултети њуќуќшиносї  5 сол мебошад. Хатмкунандагони факултети њуќуќшиносї дар маќомотњои њокимияти давлатї, маќомотњои њифзи њуќуќ, ва созмонњои ѓайрињукуматї кору фаъолият менамоянд.

Дар ин љо->: Главная Маълумотњои умумї