Баннер 1
  • Тољикї
  • Русский
 
Клиникаи њуќуќї
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобхо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол

Роњнамо

  • Маълумотњои умумї
  • Ба довталаб
    • Барномањои таълимї
    • Ќабул барои соли 2013
    • Коммисия ќабул
    • Тайёрї барои дохилшавї
    • Имтиёзњо
    • Интиќоли донишљуён
  • Њаёти донишљуї
    • Љамъияти илмии донишљуён
    • Хобгоњ
  • Таърихи факултети њуќуќшиносї
  • Имтињони давлатї
  • Клиникаи њуќуќї
  • Руйдодњои муњим

Интишорот

00003.jpg

Таљлили Рӯзи байналмилалии огоҳӣ аз хатари минаҳо ва кӯмак ба амалиёти зидди минаҳо дар факултети њуќуќшиносии ДМТ!

        Факултети њуќуќшиносии ДМТ дар баргузор намудани њама гуна чорабинињои муњими сатњи љумњуриявї наќши назаррас дорад. Њар сол дар Љумњурии Тољикистон бо ташаббуси муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” ва лоиҳаи БР СММ оид ба Дастгирии Барномаи  амалиёти зидди минаҳои Тоҷикистон санаи 4 апрел - Рӯзи байналмилалии огоҳӣ аз хатари минаҳо ва кӯмак ба амалиёти зидди минаҳо ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рўз санаи 4-уми апрели соли љорї бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, ташкилотҳои Кӯмаки Мардуми Норвегия, Фонди швейтсарӣ оид ба безараргардонии башардӯстонаи минаҳо, намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои кишварҳои ИМА, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир,  Афғонистон, Ҷопон, инчунин дигар ташкилотҳои ғайридавлатии миллӣ дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон чорабинии сатњи баланд баргузор карда шуд.

       Имсол  4 апрел - Рӯзи байналмилалии огоҳӣ аз хатари минаҳо ва кӯмак ба амалиёти зидди минаҳо, бо паёми Котиби генералии СММ зери шиори “Замини бехатар” гузаронида мешавад. Мақсади баргузории ин чорабинї баланд бардоштани дараҷаи воқифӣ оид ба проблемаҳои минаҳо дар тамоми ҷаҳон буда, даъват менамояд, ки ин масъала дар сатҳи умумиҷаҳонӣ дастгирӣ карда шавад.

        Тоҷикистон дар давраи низоъҳои дохилии мусаллаҳонаи солҳои 1992–1997 бо минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олуда шудааст. Хатари минаҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон қад-қади сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон вуҷуд дорад. Дар минтақаи марказӣ ба ғайр аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ инчунин хатари боқимондаи муҳимоти хӯшавӣ низ вуҷуд дорад, гарчанде ҷойгиршавӣ  ва сатҳи олудагӣ бо онҳо ҳоло ҳам номуайян мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1 апрели соли 2000 дар қатори 163 кишвари ҷаҳон узви Конвенсияи СММ оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо мебошад.

          Мувофиқи иттилооти мавҷуда аз соли 1992 то инҷониб, 872 нафар ҷабрдидагони минаҳо ва муҳимоти нотаркида ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 523 нафарашон маҷрӯҳ ва 349 ҳалок  гашта, 28% онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар давоми солҳои 2004-2018 дар раванди фаъолиятҳои безараргардонии  минаҳо дар Тоҷикистон масоҳати 21,1 км2  ё ба ибораи дигар зиёда аз 2100 гектар замин аз минаҳо ва муҳимоти нотаркида тоза карда шуда,  69 226 адад минаҳои зиддипиёдагард, 120 минаҳои зиддитанкӣ, 21 168 адад лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ва миқдори зиёди боқимондаҳои муҳимоти хӯшавӣ ошкор ва нобуд карда шудаанд. Масоҳати бо минаҳо ва муҳимоти нотаркида олуда 10,1 км2–ро ташкил медиҳад. Барои таблиғи дастгирии амалиёти зидди минаҳо ва таъмини паёмҳои бехатар ба омма иттилооти дахлдор ба таври васеъ паҳн карда шудааст. Чун натиҷа, шумораи ҳодисаҳои таркиши одамон дар минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ хеле коҳиш ёфт: аз 62 нафар дар соли 2000 то 2 нафар дар соли 2019. 

        Баргузор намудани чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки тавассути табодули иттилоот ва намоиши ҳамфикрӣ бо ҷабрдидагон, таблиғи манъи минаҳои зиддипиёдагард роҳ монда шавад. Ин барои мувофиқи мақсад сафарбар намудани захираҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи Конвенсияи СММ оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо шароит фароҳам меорад.  

 

Хабарњои муњим

  • 8 март - Рўзи Модар
  • Изњороти Созмони љавонони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон!
  • Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї –Пешвои миллат» ќабул гардид!
  • Сањифаи нав дар илми «Назарияи давлат ва њуќуќ»
  • Двойные стандарты в человеческом измерении ОБСЕ

Хабархо

Семинари илмї-амалї дар мавзўи “Масъалањои мубрами њуќуќи экологї, наќлиёт, таъмини аманияти озуќаворї, раќобат ва њифзи њуќуќи истеъмолкунандагон дар Љумњурии Тољикистон: мушкилоти амалї ва такмили ќонунгузорї"
Њимояи рисолаи номзадї аз љониби устодони факулет
Хушхабар
Дифои рисолаи докторї њумоюн бод!
Семинари илмї – назариявии устодони кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ
ТАЉЛИЛИ РЎЗИ МОДАР ДАР ФАКУЛТЕТ
Њамоиши илмии устодони кафедраи њуќуќи байналхалќї
Хушхабар
Семинари илмї-назариявї
Њимояи рисолаи докторї дар факултети њуќуќшиносї
  • Главная
  • Хабарњо
  • Таљлили Рӯзи байналмилалии огоҳӣ аз хатари минаҳо ва кӯмак ба амалиёти зидди минаҳо дар факултети њуќуќшиносии ДМТ!

  • Официальный веб сайт Президента Республики ТаджикистанОфициальный веб сайт Президента Республики Таджикистан
  • Парламент Республики ТаджикистанПарламент Республики Таджикистан
  • Национальный центр по законодательству при Президенте Республики ТаджикистанНациональный центр по законодательству при Президенте Республики Таджикистан
  • Представительство по правам человека Республики ТаджижикистанПредставительство по правам человека Республики Таджижикистан
  • Таджикский национальный университетТаджикский национальный университет
  • Национальное Информационное Агентство Таджикистана ХоварНациональное Информационное Агентство Таджикистана "Ховар"
  • Высшая Атестационная коммисия при Президенте Республики ТаджикистанВысшая Атестационная коммисия при Президенте Республики Таджикистан

Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета

Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07

  • Алоќањои мо
  • Эълонњо
  • Иттилооти муфиди иловагї
  • Тавсияњо барои сомона
Ба боло | + | - | Сброс
Copyright © 2021
Хабарњо
  • Асосї
  • Сохтори факултет
  • Љараёни таълим
  • Илм
  • Интишорот
    • "Минбари њуќуќшинос"
    • "Њаёти њуќуќї"
    • Китобхо
    • Давлатшиносї ва њуќуќи инсон
  • Хабарњо
  • Дастовардњо
  • Китобхона
  • 70-сол