Факултети њуќуќшиносї яке аз ќадимтарин факултетњои Донишгоњи миллии Тољикистон (пеш Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин) буда, соли 1949 таъсис ёфтааст. Олимони факултет наќшањои илмї-тадќиќотиро амалї менамоянд ва дар пешрафти илми њуќуќшиносии љумњурї сањми арзанда доранд. Инчунин онњо дар тањияи лоињаи ќонунњо ва дигар санадњои меъёрї-њуќуќї сањмгузор мебошанд.
Дар факултет аз рўйи ихтисосњои зерин раванди таълим ба роњ монда шудааст: шуъбаи рўзона - њуќуќшиносї (ихтисоси 24010200); шуъбаи рўзона-њуќуќшиносї (ихтисоси 24010200) – магистр; шуъбаи рўзонаи њуќуќи байналхалќї (ихтисоси 24010100); 24010100 - њуќуќи байналхалќї – магистр; 93010100 - фаъолияти њифзи њуќуќ; 93010100 - фаъолияти њифзи њуќуќ-магистр; 26010200 – идораи давлатї ва њуќуќ; 26010200 – идораи давлатї ва њуќуќ-магистр; њуќуќи судї ва назорати прокурорї-магистр; 24010302 – танзими њуќуќии молия ва ќарз; 93010200 - экспертизаи судї; 24010217 - њифзи њуќуќии моликияти зењнї; шуъбаи ѓоибонаи умумї (ихтисоси 24010200); шуъбаи ѓоибонаи идораи давлатї ва њуќуќ (ихтисоси 26010200); шуъбаи ѓоибонаи фаъолияти њифзи њуќуќ (ихтисоси 93010100); шуъбаи ѓоибонаи маълумоти дуюми олї.
Дар факултети њуќуќшиносї соли таќвимии 2018 бо назардошти тамоми шуъбањои амалкунанда 4161 нафар донишљў ба тањсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора: 2928 нафар ба курсњои 1-5-уми шуъбаи рўзона; 503 нафар ба курсњои 1-5-уми шуъбаи ѓоибонаи маълумоти якум; 730 нафар ба курсњои 1-3-юми шуъбаи ѓоибонаи маълумоти дуюми олї рост меоянд. Аз шумораи умумии пешнињодшуда 2928 нафар дар шуъбаи рўзона ва 1072 нафар дар шуъбаи ѓоибона тањсил менамоянд.
Дар факултети њуќуќшиносї њамаи шароитњои мусоид барои тайёр намудани мутахасисони баландихтисос муњаё мебошад. Дар факултет 15 синфхонаи бо тањљизотњои навтарини техникї муљањњаз, китобхона, маркази таълимии мубориза бар зидди хариду фурўши инсон, маркази интернетї, толори имтињонї ва мониторинги сифати таълим ва лабораторияи криминалистї амал менамояд. Дар факултет адад зиёда 200 адад компютер бо тамоми тањљизоти лозимї барои пешбурди фаъолияти таълимию методї ба омўзгорону донишљўён хизмат мерасонад, ки аз ин шумора, 150 адади он ба шабакаи љањонии Интернет пайваст мебошад. Ба ѓайр аз ин дар факултет 21 адад видеопроекторњо ва 9 доскаи электронї мавриди истифода ќарор доранд.
Декани факултет – номзади илмњои њуќуќ, дотсент Рањмон Дилшод Сафарбек мебошад.
Дар факултет 11 кафедра фаъолият менамояд:
Бо маќсади вусъат додани корњои таълим ва тарбия дар факултети њуќуќшиносї «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон барои солњои 2015-2020» ќабул гардида, љињати амалї намудани он садорати факултети њуќуќшиносї њамасола Наќша-чорабинињои дахлдор тањия менамояд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07