Боиси сарфарозию хушнудист, ки имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили бузургтарин ва муқаддастарин ҷашнвораи миллӣ, 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ҳанӯз 29 сол муқаддам, 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Қабули ин қарори муҳими таърихӣ боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд ва он ҳамчун узви комилҳукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад.
Бо сарбаландӣ метавон изҳор дошт, ки дар ин марҳилаи сарнавиштсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст.
Мо аминем, ки дар заминаи амалӣ сохтани ташаббус ва иқдомҳои созандаву дурбинонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаҳои наздик чор ҳадафи стратегӣ, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии иқтисодиёти кишвар пурра амалӣ карда шуда, Тоҷикистони азиз ба як кишвари пешрафтаи дунё табдил хоҳад ёфт.
Иҷозат фармоед, дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли устодону донишљўён ДМТ ва дар симои онњо пайвандону наздиконашонро ба ифтихори таҷлили ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ва тамоми хушбахтиҳои оламро орзу намоем.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07