Ба њамагон маълум аст, ки таърихи 16-уми ноябри соли равон дар саросари кишвар “Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон” таљлил гардид ва ба муносибати ин санаи муњим ва таќдирсоз дар тамоми гушаву канори кишвар чорабинињои гуногуни илмиву фарњангї баргузор гардид.
Вобаста ба ин рўзи таърихї дар факултети њуќуќшиносї конференсияњову семинарњои илмї гузаронида шуд. Њамчунин сарпарастони гурўњњои академї дар соатњои тарбиявї доир ба ин руйдоди таърихї ва дигар масъалањои муњим маълумотњои заруриро ба самъи донишљўён расониданд.
Чунин дарси тарбиявї таърихи 16-уми ноябри соли 2020 аз љониби сарпарасти курси 2-юми ихтисоси «Фаъолияти њифзи њуќуќ», муаллими калони кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї Хољаева Наргис гузаронида шуд. Дар раванди дарси тарбиявї масъалањои мухталиф аз ќабили зарурати таљлил гардидани «Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон» ва дигар масъалањои марбут ба он мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Инчунин, бо дарназардошти он ки имрўз бемории сироятии ковид-19 тамоми љомеаи чањониро ба ташвиш овардааст аз донишљўён даъват ба амал оварда шуд, ки ќоидањои муќарраршударо ба таври љиддї риоя намоянд.
Бояд ќайд намуд, ки чунин соатњои тарбиявї аз љониби дигар сарпарастони гурўњњои академї дар факултет пайваста баргузор гардида, ба донишљўён зарурати риояи ќоидањои бењдоштї ва масъалањои дигари зарурї фањмонида мешавад.