Таърихи 9-уми марти соли 2022 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон конференсияи љумњуриявии илмию назариявї дар мавзўи «Асосњои тањкими истиќлолияти давлатии ЉТ дар шароити афзоиши тањдидњо ва хатарњои иттилоотї» гузаронида шуд.
Дар кори он роњбарияти факултет, устодону кормандон, олимони соња, намояндагони маќомоти њокимияти давлатї, кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, аспирантону унвонљўён ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. зимни ироаи аввалсухани худ нахуст њузури мубораки мењмонон ва ањли нишастро хайру маќдам гуфта, сипас ба ањамият ва зарурати мавзўи матрањшаванда, ки бештаран ба амнияти иттилоотї рабт дошт, ишора намуданд ва ба масъулин барои гузаронидани чунин њамоиши илмии сатњи баланд изњори сипосу миннатдорї намуданд.
Таъкид гардид, ки айни замон тањдидњо ва хатарњои нави љањонии иттилоотї зарурати роњандозии тадбирњои навро бо маќсади таъмин ва њимояи амнияти иттилоотии Љумњурии Тољикистон талаб мекунанд.
Сипас аз рўйи барномаи кории њамоиши илмї баромадкунандањо оид ба пањлуњои гуногуни мавзуъњои худ маърўзањо ќироат карданд. Маърўзачиён зимни баромадњои худ ба ањамият ва мубрамияти мавзўи баррасишаванда андешањои судманд баён намуда, дурнамои онро барои чанд соли дарпешистода муайян намуданд.
Њамин тариќ дар кори конфронси мазкур табодули афкори судманд миёни маърўзачиён ва ањли нишаст доир гашта, таклифу тавсияњо ва пешнињодњои судманд љињати такмили ќонунгузории кишвар ба миён гузошта шуд ва дар нињояти кор ќатънома ќабул карда шуд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07