Ба факултети њуќуќшиносї аз дигар факултетњо ва мактабњои олї интиќол гардидан мумкин аст. Гузаронидани донишљуён ба факултети њуќуќшиносї танњо пас аз хатми курси дуюм ба роњ монда мешавад. Тартиби интиќол гардидан ба факултети њуќуќшиносї аз дигар факултетњо ё мактабњои олии Љумњурии Тољикистон дар Низомнома «Дар бораи гузаронидан, барќароркунї ва хориљ намудани донишљуёни муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон», ки бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тањти №3/6 аз 08. 02 соли 2006 тасдиќ карда шудааст, ба танзим дароварда мешавад.
Донишљуёён аз шуъбаи ѓоибона ба шуъбаи рузона дар давраи таътили зимистона ва тобистона бо назардошти иљрои соатњои барномањои таълимї ва мављудияти камтар аз 7 фарќияти академї (санљиш ва имтињон) як курс поёнтар ба њамон шакли таълим (ройгон ё ѓайриройгон) гузаронида мешаванд.
Ќайд кардан бо маврид аст, ки донишљуён њуќуќи аз гурўњи ѓайриройгон ба гурўњи ройгон гузаштанро доранд. Њангоми аз гурўњи ѓайриройгон ба гурўњи ройгон (аз гурўњи шартномавї ба гурўњи буљавї) гузаронидани донишљўён онњо бояд талаботњои муайяни дар Низомнома «Дар бораи гузаронидани донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон аз гурўњњои ѓайриройгон ба гурўњњои ройгон», ки бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тањти № 3/5 аз «08» феврали соли 2006 тасдиќ шудааст, риоя кунанд. Чунончи : Дар давоми чор семестр аз тамоми фанњои талимї 75% бањои хубу аъло гирифта, бањои ќаноатбахш надошта бошад; донишљў агар дар корњои љамъиятї ва дохилии муассисаи таълимї иштирок намуда, корњои курсиашро бо бањои хубу аъло супорад ва на камтар аз ду маќола дар рўзнома ё маљалла (барои фанњои гуманитарї) чоп карда бошад.
Маълумотномаи муфассал дар ин бораро Шумо метавонед аз Низомнома «Дар бораи гузаронидани донишљўёни муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон аз гурўњњои ѓайриройгон ба гурўњњои ройгон» пайдо намоед.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07