Имрўз зимни иљлосияи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат» ќабул гардид.
Ќонуни мазкур вазъи сиёсї ва њуќуќии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллатро њамчун бунёдгузори давлати соњибистиќлоли Тољикистон, сулњ ва вањдати миллї муќаррар мекунад. Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии мустаќили тољикон, сулњу вањдати миллї, кафили рушди босубот ва устувории љомеаи Тољикистон мебошад.
Шукурљон Зуњуров – Раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикитон ќабули ќонуни мазкурро таърихї ва онро ба манфиати љомеа номида, иброз дошт, ки он сабаби муттањидии мардум мегардад. Ў гуфт, ки таљрибаи эътирофи роњбарон ва пешвоёни миллат дар кишварњои дигари дунё низ вуљуд дошта, аз шинохт ва эътирофи онњо демократия ва озодињояш хељ осеб надидааст. «Эмомалї Рањмон барои миллат ва ватани мо хизмати бузург кардааст. Ў ба ин эњтиёљ надорад, балки мардум ба њифзи ин дастовардњо ниёз доранд», - иброз дошт Шукурљон Зуњуров.
Ќайд кардан зарур аст, ки ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат» арљ гузоштан ба шахсияти таърихї ва хизматњои бузургаш дар назди Ватан ва халќи Тољикистон мебошад.
Дар робита ба ин масъала њайати профессорону омўзгорон, кормандону донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон хабари мазкурро нек дарёфта, ќабули ин ќонунро барои рушду инкишофи минбаъадаи давлатдории миллї, сарљамъии миллат, њифзи арзишњои истиќлолияти давлатї, тамомияти арзї, дахлнопазирии Љумњурии Тољикистон ва таъмини шароити зиндагии арзанда ва њаёти пурнишоти мардуми сарбаланду куњанбунёд ва тамаддунофару фарњангсолори тољик амри воќеї ва иќдоми сарвиќтї мењисобанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07