Таърихи 11-ум то 15-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Форум оид ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ва ҷамъомади намояндагони донишгоҳҳои ҳуқуқшиносии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзозода П.З., муовини декан оид ба таълим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Қурбонов Қ.Б., мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ Саъдизода Ҷ. ва ассистенти кафедраи мазкур Бобозода У.Э. иштирок намуданд.
Аз ҷумла санаи 11-уми сентябри соли 2023 вохӯрии дуҷонибаи омӯзгорони факултет бо намояндагони Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқшиносии Шанхай сурат гирифт. Вохӯрии мазкурро декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзозода П.З. роҳбарӣ намуданд.
Дар вохӯрии мазкур аз Ҷумҳурии Мардумии Чин шахсони зерин иштирок намуданд: Ху Цзилин – муовини ректори Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқшиносии Шанхай, Ян Хуа – декани Донишкадаи ҳуқуқшиносӣ оид ба зеҳни сунъӣ, Ся Ганлин – муовини директори Донишкадаи забонҳои хориҷӣ ва фарҳанг (Донишкадаи мубодилаи байналмилалӣ), Вэй Лэй – муовини директори Донишкадаи забонҳои хориҷӣ ва фарҳанг (Донишкадаи мубодилаи байналмилалӣ) оид ба аспирантура ва Чэн Лин – муовини директори Донишкадаи забонҳои хориҷӣ ва фарҳанг (Донишкадаи мубодилаи байналмилалӣ) оид ба аудит.
Зимни вохӯрӣ масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои омодасозии кадрҳои ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиносони сатҳи байналмилалӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, навиштани китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, ташкили маҷаллаҳои илмии сатҳи байналмилалӣ (Scopus, Web of Science), конференсияҳои илмию амалӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва дигар паҳлуҳои робитаҳои илмӣ ва таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Намояндагони Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқшиносии Шанхай ҳавасмандии худро аз ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, махсусан факултети ҳуқуқшиносӣ иброз намуданд.
Санаи 12-уми сентябри соли 2023 бошад, дар толорои калони Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқшиносии Шанхай Форум оид ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ва ҷамъомади намояндагони донишгоҳҳои ҳуқуқшиносии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори Форум декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Мирзозода П.З. дар мавзуи “Нақши Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омодасозии ҳуқуқшиносони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ” бо маърӯза баромад намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар Форуми мазкур роҳбарон ва намояндагони донишгоҳҳои ҳуқуқшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирѓизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар кишварҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум намояндагони се донишгоҳи кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирок ва бо маърӯза баромад намуданд.
Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар оянда донишҷӯён ва омӯзгоронро барои таҳсил ва такмили ихтисос ба Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқшиносии Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин равона намояд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07