Факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун кохи бузурги донишу хирад дар тарбия намудани ҳуқуқшиносони варзида ва кадрҳои баландихтисос нақши босазо дорад. Хурсандиовар аст, ки теъдоди устодони унвондор дар факулет рӯз аз рӯз ба маротиб зиёд гардида, онҳо пайваста бо унвонҳову дастовардҳои илмӣ сарфароз гардонида мешаванд ва ба ин васила хазинаи илмии мамлакатро бою ғанӣ мегардонанд.
Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат пайваста бо дарки баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ баҳри таҳкими волоияти қонун, иҷобати адолати иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ гомҳои устувор мегузоранд.
Дар асоси гуфтаҳои болозикр санаи 15-уми июни соли 2023 дотсенти кафедраи њуќуќи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ќурбонализода Нурулло Шамсулло дар мавзӯи “Масъалањои субъекти њуќуќи маданї будани шахсони воќеї” рисолаи доктории худро сарбаландона дифоъ намуд.
Аз ин рӯ, садорат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ Ќурбонализода Н.Ш.-ро ба ин дастовардаш аз самими қалб муборакбодӣ намуда, ба ў рӯзгори хушу осуда ва фатҳи қуллаҳои нави илмиву эҷодиро баҳри пешбари илми тоҷик таманно менамояд.