МОНОГРАФИЯИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ ОЛИМОНИ МАЪРУФУ ВАРЗИДАИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН "ИҶЛОСИЯИ XVI -УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТУ ҲУҚУҚИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН", ДАР ҲАҶМИ 477 САҲИФА ЗЕРИ НАЗАРИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТ Н.И.Ҳ., ДОТСЕНТ МИРЗОЗОДА П.З. БА ГИРОМИДОШТИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ XVI-УМИ ШУРОИ ОЛИИ МАМЛАКАТ БА ТОЗАГӢ РӮИ НАШР ОМАД
Монографияи мазкур ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олии ҶумҳурииТоҷикистон, ки яке аз саҳифаҳои дурахшон ва дастовардибузурги таърихии халқи тоҷик дар оғози солҳоисоҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб меёбад, бахшида шудааст.
Дар фаслҳои дахлдори он маводҳои муфиди устодонизабардаст, олимони шуҳратёр ва омӯзгорони асилифакултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистоноид ба нақш ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи мазкур васанадҳои сарнавиштсози он дар рушди давлатдории миллӣ,мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсиониикишвар, таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳуваҳдати миллӣ, таҳким ва густариши муносибат-ҳои хориҷӣ, таъмини фаъолияти мунназами мақомоти ҳокимияти давлаӣ,аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин рушдиқонунгузорӣ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирдоварда шуда, дар умум ба хонанда иттилооти муътамад вашоистаи таваҷҷуҳ пешниҳод мешавад.
Монография барои ҳуқуқшиносон, таърихнигорон,олимону муҳаққиқон ва ҳамаи онҳое, ки ба саҳифаҳоидурахшони ҳаёти ҳуқуқӣ ва сиёсии даврони соҳибихтиёриикишвар мароқ зоҳир менамоянд, муфид хоҳад буд.