Шарњи мухтасари китоби
нави дарсии профессор Р.Ш. Сотиволдиев
«Назарияи давлат ва њуќуќ» (Душанбе: «Империал-Групп», 2014. – 720 с.)
Назарияи давлат ва њуќуќ илми заминавии назариявї ва методологии њуќуќшносї буда, барои омодагии касбии кадрњои њуќуќшинос ањамияти муњим дорад. Боиси хушнудист, ки бо ќалами яке донишмандони илми назарияи давлат ва њуќуќ - профессор Р.Ш. Сотиволдиев китоби нави дарсї омода шудааст. Он, дар муќоиса бо китобњои ќаблии муаллиф, масъалањо ва проблемањои нави илмї ва амалиро фаро мегирад. Дар китоб омузиши бобњои нав, аз чумла оид ба давлати њуќуќбунёд, давати иљтимої, љомеаи шањрвандї, низоми сиёсї, техникаи њукукї, ихтилофоти њуќуќї пешбинї мешавад. Њамзамон мазмуни бобњои дигари китоб низ комилан таѓйир ёфта, мафњумњои нави давлат, њуќук, шаклњои давлат, дастгоњи давлат, амалисозии њуќуќ, татбиќи њуќуќ ва ѓ. пешбарї мешаванд. Ќобили зикр аст, ки дар китоб конунгузории миллї ва хориљї, аз чумла санадњои меъёрии њуќуќии далватњои имрўзаи љањон, аз ќабили ИМА, Франсия, Арабистони Саудї ва давлатњои дигар васеъ истифода шудаанд. Зимни истифода аз усули муќоисавї њуќуќї муаллиф хусусиятњои санадњои меъёрии њуќуќии давлатњои гуногун, аз он љумла Тољикистонро муайян мекунад. Усули муќоисавї њамчунин зимни тањлили пайдоиши далватњои Шарќ ва Fapб, таљрибаи давлатдории шарќї ва ѓарбї, низомњои њуќуќии давлатњои мухталифи љањон, оилањои њуќуќии љањони муосир истифода мешавад.
Китоб донишљўёнро бо донишњои илмии методологї, ќонуниятњои умумии инкишофи воќеияти давлатию њуќуќї, аз љумла маълумоти нави илмї оид ба пайдоиши давлат ва њуќуќ, назарияњои гуногуни давлат ва њуќуќ, инкишофи давлат ва њуќуќи муосир дар шароити љањонишавї, бархўрди тамаддунњо ва мураккаб гардидани проблемањои глобалї, таљрибаи љањонї ва ватании инкишофи низоми давлатию њуќуќї, самтњои сиёати њуќуќї, тамоилњои инкишофи ќонунгузорї ва амалияи њуќуќї шинос мекунад. Таваљљуњи асосї ба омўзиши пояњои давлатдории миллї, њимояи манфиатњои миллї, тарбияи худшиносии миллї, омодасозии кадрњои нави њуќуќшиноси раќобатпазир дар бозори љањонии мењнат дода мешавад.
Дар китоб аввалин маротиба вижагињо ва хулосањои муаллиф оид ба самтњои инкишофи низомњои њуќуќии давлатњои пасошуравї дарљ мегарданд. Айни замон ташаккул ва инкишофи њуќуќи аврпої, њуќуќи Иттињоди Давлатњои Мустаќил, имкониятњои ташаккули фазои нави хуќуќї дар дохили Созмони њамкории Шанхай бо истифода аз далелхои илмї пешгўї карда мешаванд. Дар китоб таљрибаи давлатдории Тољикистон, хусусиятњои инкишофи низоми њуќуќии Тољикистон, тамоилњои рушди ќонунгузории миллї, зарурати њимояи манфиатњои миллї зимни ќабули ќонунњо ва њалли вазифањои умумидавлатї истифода ва муайян карда мешаванд. Дар китоб аќидањои нави муаллиф оид ба мафњум, афзалиятњо, принсипњо ва шаклњои сиёсати њуќуќии давлати Точикистон, самтхои инкишофи низоми сиёсии љумњурї, роњњои њалли ихтилофоти хукукї, истифодаи техникаи њуќуќї дарљ ёфтаанд. Њамчунин маводи меъёрии њуќуќї, аз љумла фармонњои Президенти Љумхурии Точикистон, карорњои Хукумат, дигар санадхои меъёрии њуќуќї васеъ истифода мешаванд. Таваљљуњи махсус ба конунхои миллї дода мешавад. Аз љумла, дар бобњои дахлдори китоб таљрибаи муњокимаи умумихалќии лоињаи конунњои Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» истифода мешаванд, мувофиќи маќсад аст. Хуллас, китоби дарсии профессор Р.Ш. Сотиволдиев мазмуну мундариљаи нав дошта, барои тарбияи кадрњои њуќуќшинос ањамияти муњим дорад. Дар он методологияи нави тањќиќи илмї, дастовардњои навтарини илми чањонї, таљрибаи ватанї ва хориљии давлатию њуќуќї васеъ истифода шудаанд. Китоби нашршуда бешубња, барои такмили раванди таълим, расидан ба њадафњои сиёсати давлати Тољикистон дар соњаи маориф, густариши сатњи шуур ва фарњанги њуќуќии донишљўён мусоидат мекунад.
Камолов И.И.
Машарипов С.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07