Дар асоси моддаи 2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рўзњои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 дар Љумњурии Тољикистон 8 март њамчун Рўзи Модар ќайд карда мешавад ва он рўз њамчун рўзи иди ѓайрикорї мебошад. Дар паёми телевизионї ба муносибати Рӯзи модар 7 марти соли 2014 Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон зарурати љашни иди мазкурро чунин баён намуданд: «Мо ин рўзро махсус чунин ном нињодем, то ки эњтироми амиќу арљгузории хосаи худро ба бузургиву зебої ва азамату олињимматии модарони поксиришту офарандагони њаёти инсонї собит созем. Зеро аслу љавњари Рўзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва њурмату эњтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медињад. Дар сатњи давлатї таҷлил гардидани љашни модарону бонувони соњибэњтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олињаест, ки тамоми њастии худро барои офариниши њаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Мењру муњаббати беинтињои модарон аст, ки њар сол ин љашн бо шукўњу шањомати хоса таљлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурўтании модарону бонувон арљгузорї кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба љо орем. Онњоро њамчун мављуди муќаддасу азиз эњтиёт кунем ва њамеша дўстдору дилбардорашон бошем».
Санаи 8 март дар љањон њамчун Рўзи байналмилалии занон (International Women's Day) љашн гирифта мешавад, ки ишора ба дастовардњои занон дар соҳаҳои сиёсї, иќтисодї ва иљтимої аст. Ҷашни Рўзи байналмилалии занон дар айни њол њадафи тасдиќи баробарии мардон ва занонро надошта, балки тасдиќи рўзи бањор, зебоии зан, мењрубонї, хиради рўњонї ва таваҷҷўњ ба занњо мебошад. Ин ид аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳњд ҷашн гирифта мешавад. Иди мазкур таърихи худро дорад. Њанўз соли 1910 дар шањри Копенгагени Дания Конфронси дуюми байналмилалии занони корманд баргузор гардид. Дар ин конфронс роњбари гурўњи занон аз Њизби сотсиал-демократии Олмон Клара Сеткина (Clara Zetkin) пешнињод намуд, ки Рўзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шавад. У пешнињод намуд, ки Рўзи занон њар сол дар њар як кишвар дар як рўз љашн гирифта мешавад. Мақсади ин ҷашнро Клара Сеткина муборизаи занон барои њуқуқҳои худ номид. Рўзи байналмилалии занон њамчун љашни байналмилалї бо қарори Созмони Милали Муттањид соли 1975 барасмият дароварда шуд.
Рўзи байналмилалии занон - љашни њамаи занони дунё аст, ки ин санаи таърихиро худи онњо барои худ офаридаанд. Тамоми воќеиятњои ба занњо дахлдошта мањз аз ин љашн вобаста мебошад. Масалан моҳи январи соли 1906 дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия нахустин муассисаи таълимии техникї‑олї барои занон кушода шуд; январи соли 1909 дар Ню-Йорк аввалин мусобиқаи занон оид ба мошинронї дар ҷаҳон баргузор гардид; моњи апрели соли 1989 баромади аввалини дастаи навозишии занона «Вивальди-оркестра» сурат гирифт.
Аз ин ру, калимаи бењтарин дар дунё модар аст. Ин нахустин суханест, ки инсон баён мекунад ва он дар тамоми забонњои олам якхел садо медињад. Модар мушфиқу мењрубон аст. Модар дили њассосу пур аз муњабат дорад, ки доимо дар он машъали дустдори фурўзон аст ва ҳеҷ гоњ бепарвоиро нисбати фарзанд он иљозат намедињад. Навобаста ба сину сол ба њар як нафар модар ягона боќї мемонад. Њамон ќадаре, ки модари худро дўст медорї њамон ќадар зиндагият зебову рангин хоњад шуд.
Мењри модар
Модарам меҳрофарину офаридгори ман аст,
Модарам чун офтобу чашми бедори ман аст.
Њар саҳар бахшад дуои пешрафти кори ман,
Модарам олисиришту бурд дар кори ман аст.
Гашт бемор гар писар бемор гардад модарам,
То шифои комилам маҳзун аз бори ман аст.
Ў надорад кинае аз нуқсу аз кирдори ман,
Шири модар ҳодие бар нек кирдори ман аст.
Дониёро, меҳри модар манбаи илҳоми туст,
З-ин сабаб хидмат ба ў то охири кори ман
Дониёр Сангинї
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07