Тањти ин унвон нимаи аввали рўзи 2-юми сентябри соли 2023 дар факултети њуќуќшиносии ДМТ конференсияи илмї-назариявии љумњуриявї дар мавзўи «Дурахши истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон ва инкишофи илми њуќуќшиносї» баргузор гардид.
Дар кори он роњбарияти факултет, устодону кормандон, олимони соња, ва аспирантону унвонљўён иштирок доштанд.
Декани факултети њуќуќшиносии ДМТ, номзади илмњои њуќуќшиносї, дотсент Мирзозода П.З. зимни ироаи аввалсухани худ нахуст њузури мубораки мењмонон ва ањли нишастро хайру маќдам гуфта, сипас ба ањамият ва зарурияти мавзўи матрањшаванда, ишора намуданд ва ба масъулин барои гузаронидани чунин њамоиши илмии сатњи баланд изњори сипосу миннатдорї намуданд.
Сипас аз рўйи барномаи кории њамоиши илмии мазкур баромадкунандањо оид ба пањлуњои гуногуни мавзуъњои худ маърўзањо ќироат карданд. Маърўзачиён зимни баромади худ ба ањамият ва мубрамияти мавзўи баррасишаванда андешањои судманд баён намуда, дурнамои онро барои чанд соли дар пеш истода муайян намуданд.
Њамин тариќ дар кори конфронси фавќуззикр табодули афкори судманд миёни маърўзачиён ва ањли нишаст доир гашта, таклифу тавсияњо ва пешнињодњои судманд љињати такмили ќонунгузории кишвар дар соњањои мухталиф ба миён гузошта шуд ва дар нињояти кор ќатънома ќабул карда шуд.