Бо фарорасии Наврўзи хуљастапай фазои иттилоотии кишварро боз як сомонаи нав васеъ гардонид. Бо зањмату талошњои садорати факултети њуќуќшиносии ДМТ сомонаи махсусе, ки аз њаёти факултет тариќи шабакаи умумиљањонии Интернет ба ањли сайёра ахбор медињад, таъсис дода шуд. Ин воќеаи њаќиќатан фарањбахшро ба кули њайати донишљўёну омўзгорони факултети њуќуќшиносї муборакбод мегўем! Умед дорам, ки пайкњои хуљастаи Наврўзи оламафрўз ба ин иќдом асар карда, умри сомонаро бардавом нигоњ медоранд. Зеро гузаштагони мо ба хотири фоли нек доштани рўзњои Наврўзї њаргуна кори неку савобро дар ин айём оѓоз менамуданд.
Мехоњам хотирнишон созам, ки факултети њуќуќшиносии ДМТ њамчун яке аз факултетњои бонуфузи љумњурї бо баробари созмон додани сомонаи худ иљроиши вазифањои худро дар якчанд бахш иљро намудааст. Аввалин, ки Барномаи таълим ва тарбияи њуќуќии шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019, ки аз љониби Њукумати ЉТ аз 29 апрели соли 2009, № 253 ќабул гардидааст, баланд бардоштани фарњанги њуќуќии шањврандони љумњуриро яке аз вазифањои асосии давлат эълон менамояд. Зеро бунёди љомеаи воќеан њуќуќбунёду демократї танњо замоне муяссар мегардад, ки сокинони он соњиби дониши баланди њуќуќї, фањмиши низом ва тартиботи њуќуќї ва хулќу атвори намунавї буда, дар замирашон ѓояњои ватанпарварї аланга занад. Маќола ва маводњое, ки дар ин сомона тариќи электронї дастраси мардум хоњад шуд, мањз ба такмили њамин сифатњо нигаронида мешаванад.
Донишгоњи миллии Тољикистон љињати ба таври дахлдор баргузор намудани љашни 65-умин солгарди таъсиси ДМТ наќша-чорабинињои умумидонишгоњиро тартиб додааст. Яке аз бандњои ин наќша-чорабиниро масъалаи таъсиси њаргуна рўзнома ва маљалањо ташкил медињад. Факултети њуќуќшиносии ДМТ дар иљроиши њар як дастури Раёсати донишгоњ ољилан рафтор менамояд ва дар ин самт низ таъхир накарда, нахуст маљалаи илмии «Њаёти њуќуќї» ва рўзномаи «Минбари њуќуќшинос»-ро таъсис дод. Таъсиси сомонаи факултети њуќуќшиносї бошад, иќдоми навбатии садорати факултети њуќуќшиносї дар бахши таљлили арзандаи 65-умин солгарди тасъсиси ДМТмебошад.
Дар охир бори дигар њайати омўзгорону донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ-ро бахшида ба таъсиси сомонаи факултет табрик ва муборакбод намуда, ба онњо муваффаќият ва бурдборї орзу мекунам. Бигузор, дар ин сомона њамеша ѓояњои озодию адолат, њаќиќату инсондўстї, поквиљдонию беѓаразї, талќин ва тарѓиб гарданд.
Бо эњтиром:
академик Имомзода М.С.
Муштариён ва истифодабарандагони муњтарами Шабакаи љањонии Интернет. Ба Шумо дар хусуси таъсиси боз як сомонаи навбатї дар Шабакаи љањонии иттилоотї муждагонї ва башорат медињем. Њамакнун, Шумо имкон ва фурсати муносиб пайдо намудаед, то аз сомонаи расмии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба таври густурда ва маќсаднок истифода намоед. Нахуст изњори сипос ва миннатпазирии самимии факултети њуќуќшиносиро ба Шумо барои пайваст шудан ба сомона ва дастрас намудани иттиллоти зарурї баён намуда, умедворем ки њамкорињои судманд ва манфиатбори дуљонибаи мо рўз аз рўз таќвият меёбанд. Шуморо бовар мекунонем, ки бо таъсиси сомонаи мазкур фазои иттилооти кишвар боз њам бою рангин гашта, ниёзу талаботи муштариён, шавќмандон ва дигар намояндагони ќишрњои мухталифи љомеа дар самти дастрасии иттилоот бо тозатарин хабарњои њаёти њуќуќии кишвар ќонеъ гардонида мешаванд. Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон њамчун муассисаи бонуфузи илмї-таълимї, маркази асосии омода намудани кадрњои баландихтисоси њуќуќї, мутахассисони раќобатпазири бозори мењнат ва љавобгўй ба стандартњои байналмилалї ба њисоб меравад. Њамзамон дар ин махзани илму маърифат корњои арзишманди илмї-тадќиќотї бо назардошти самтњои афзалиятноки илми њуќуќшиносии муосир анљом дода шуда, сањми омўзгорон, шогирдон ва хатмкунандагони он дар тарѓибу ташвиќи сиёсати њуќуќї ва тарбияи шањрвандон дар рўњияи мењанпарастї, худшиносї, њифзи асолат ва манфиатњои миллї беназир аст. Сомонаи мазкур танњо бо маќсадњои нек ва хайр созмон дода шудааст. Њадафи асосии он дар нињояти кор ба баланд бардоштани фарњанги њуќуќї, шуур ва донишњои њуќуќии ањолї, сайќал додани сатњи камолоти њуќуќї, боло бурдани эътимоду боварї ва зиракии сиёсии шањрвандон нигаронида шудааст. Сомона ба њайси як минбари асосии ташвиќу тарѓиби муњимтарин рўйдодњои рўзгори таълимї, илмї, тарбиявї, таќвияти робита ва њамкорињои факултет баромад менамояд. Боварии комил дорем, ки сомонаи мо дар самти дастрасии љомеа ва љањон ба иттилооти боэътимоду зарурї, парвариши њисси масъулиятшиносиву мењанпарастии шањрвандон, эњтиром ба њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд хизмати арзандаву шоистаеро ба нафъи пешрафти Тољикистони азиз анљом медињад. Мо ниёз ва умед ба дастгирї ва њамкорињои њамешагии Шуморо дорем, муштариёни азиз.
Бо эњтироми бепоён
доктори илмњои њуќуќ, профессор Насриддинзода Э.С.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07