Савол: Давоми 70 рўз аст, ки баъд аз таваллуди фарзандам дар рухсатии таваллуд ќарор дорам. Хоњиши ба кор баромаданро дорам, вале сабабњои оилавї имконият намедињанд, ки ин хоњишам амалї гардад. Лутфан мегуфтед, ки ман аз чи гуна имтиёзњо бархурдор њастам. (Ќурбонова Ф. –сокини пойтахт)
Љавоб: Пеш аз њама таваллуди фарзандро ба Шумо аз номи кули устодони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон муборакбод мегуям. Сониян, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон дар радифи рухсатии њарсолаи мењнатї барои занон рухсатии њомиладорї ва таввалуд, рухсатии нигоњубини тифлро њамчун кафолати иловагї дар моддањои 164 ва 165 пешбинї намудааст.
Моддаи 164 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон ба занони њомила пеш аз таваллуд њафтод рўзи таќвимї ва баъд аз таваллуд низ њафтод рўзи таќвимї рухсатї муќаррар намудааст. Дар њолати таваллуди мушкил – њаштоду шаш ва таваллуди ду ва ё зиёдаи тифл – яксаду дањ рўзи таќвимї рухсатї дода, барояшон кўмакпулї аз рўи суѓуртаи давлатии иљтимої пардохта мешавад. Рухсатии њомиладорї ва таваллуд якљоя њисоб карда, он сарфи назар аз миќдори рўзњое, ки занон воќеан то таваллуд истифода кардаанд, дода мешавад.
Дар асоси моддаи 165 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон пас аз итмоми муњлати рухсатии њомиладорї ва таваллуд бо хоњиши зан барои нигоњубини кўдак то ба синни якунимсолагї расидани кўдак рухсатї дода мешавад. Дар чунин маврид дар тамоми ин давра пардохт намудани кўмакпулї аз рўи суѓуртаи давлатии иљтимої муќаррар карда шудааст.
Дар сурати аз љониби зан иброз намудани хоњиш дар хусуси то ба синни сесола расидани тифл нигоњубин намудани ў рухсатии бепули иловагї дода мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки падари тифл, бибї, бобо ё дигар хешу табори тифл ё васие, ки тифлро воќеан нигоњубин мекунанд, њуќуќ доранд аз рухсатии нигоњубини тифл пурра ё ќисман истифода намоянд.
Бо хоњиши зан ё шахсоне, ки тифлро нигоњубин мекунанд, њангоми дар рухсатии нигоњубини тифл буданашон метавонанд рўзи нопураи корї ё дар хона кор карда, аз рўи суѓуртаи давлатии иљтимої кўмакпулї гиранд.
Дар давраи рухсатї љои кор (вазифа) нигоњ дошта мешавад.
Рухсатии нигоњубини кўдак ба собиќаи умумї ва бетанаффус, њамчунин ба собиќаи кор аз рўи ихтисос (ѓайр аз њолатњои таъини нафаќа бо сабаби шароити махсуси мењнат) њисоб карада мешавад.
Ваќти рухсатии нигоњубини кўдак ба собиќае, ки ба рухсатии пулии минбаъда њуќуќ медињад, њисоб карда намешавад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07