Саволи: Оилаи мо камбизоат аст. Нисбати бародарам парвандаи љиноятї оѓоз шудааст. Мо имконияти пардохти њаќќи хизмати адвокатро надорем. Оё намояндагони клиникаи њуќуќї метавонанд дар мурофиаи љиноятї бародари манро њимоя кунанд?
Хисрави Одина, истиќоматкунандаи ш. Душанбе
Љавоб: Клиникаи њуќуќии Донишгоњи миллии Тољикистон дар доираи таъиноти худ њуќуќи расонидани танњо машварати њуќуќиро дорад. Мутобиќи муќаррароти моддаи 49 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба њайси њимоятгар танњо адвокатњо (аъзоёни Коллегияи адвокатњо) ё шахсе, ки бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун барои пешбурди фаъолияти адвокатї иљозатнома (адвокати ваколатдор) доранд, роњ дода мешавад.
Хешовандони наздик ва намояндагони ќонунии бародари Шумо низ ба сифати њимоятгар бо тартиби муќаррарнамудаи ќонун дар пешбурди парванда роњ дода мешаванд.
Дар сурати надоштани имконияти молиявї барои пардохти њаќќи хизмати адвокат-њимоятгар бародаратон ва ё Шумо метавонед ба шахси мансабдори салоњиятдоре, ки ба зиммааш пешбурди парвандаи љиноятї (тањќиќбаранда, муфаттиш ва ё прокурор) вогузор шудааст, барои таъмин намудан бо њимоятгар дархост намоед. Маќомоти пешбурди парвандаи љиноятї ўњдадор аст, ки бо дастрасии талаботи моддаи 50 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон иштироки њимоятгарро дар тамоми марњилаи тафтиши пешакї таъмин намояд. Дар чунин њолат музди мењнати њимоятгар на аз љониби Шумо, балки мутобиќи ќонунгузории амалкунанда аз њисоби давлат пардохт карда мешавад.