Ман бо шавњарам 5 сол зиндагонї намудам, вале фарзанд надорам. Шавњарам моњи декабри соли 2014 вафот намуд. Хонае, ки мо дар он зиндагонї менамудем аз шавњарам буд. Пас аз марги ў, бародараш, ки ду сол инљониб дар Руссия кору зиндагонї мекард, баргашт ва мехоњад ин хонаро ба номи худ гузаронаду ман бошам аз он љо равам. Бародари шавњари марњумам мегуяд, ки ту ба ин хона њаќ надорї, зеро фарзанд надорї. Ба ростї ман љойи дигаре надорам. Хонаро бошад шавњарам то аќди никоњи мо харида буд.
Сурайё Њотамова, ш. Хуљанд
Љавоб. Пеш аз њама тасаллияти моро бипазиред. Масъалаи пеш омада ба масъалањои њуќуќ ба мерос мутааллиќ буда, тавассути меъёрњои Кодекси Граждании Љумњурии Тољикистон ба танзим дароварда шудаанд.
Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон (мод. 1139) ба вуљуд омадани асосњои ворисиро мутобиќи васиятнома ва ќонун муќаррар намудааст.
Агар шавњари марњуми Шумо пеш аз марг моликияти худашро (ё ќисмати онро) тавассути васиятнома ба ин ё он шахс ба мерос нагузошта бошад, пас гирифтани мерос мутобиќи ќонун сурат мегирад. Дар чунин маврид ворисони ќонунї ба меросгирї бо навбат мутобиќи муќаррароти моддањои 1166-1168 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон даъват карда мешаванд.
Моддаи 1166 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ворисони ќонунии навбати аввалро муайян намудааст. Мутобиќи талаботњои моддаи ишорашуда мероси қонуниро бо ҳиссаи баробар фарзандон, ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондагони меросгузор ва ҳамчунин кўдакони шахси вафоткарда, ки баъди вафоти ў таваллуд шудаанд, мегиранд. Яъне, Шумо њаќќи гирифтани меросро аз хонаи шавњари марњуматон доред. Агар падару модари шавњари марњуми Шумо дар њаёт бошанд, он гоњ моликияти аз ў монда бо њиссаи баробар байни Шумо, падар ва модари марњум се таќсим, вале агар яке аз онњо дар ќайди њаёт бошанд пас ба ду таќсим карда мешавад.
Бародари шавњари марњуматон ба гуруњи ворисони ќонунии навбати дуюм ворид мешавад. Аз ин рў, ў танњо он замоне метавонист барои гирифтани мерос даъво намояд, ки агар шахсони дар моддаи 1166 Кодекси граждании ЉТ пешбинишуда, яъне ворисони ќонунии навбати аввал мављуд набошанд. Бинобар ин, Шумо дар доираи муќаррароти ќонун метавонед барои ќабул намудани мерос ба маќоми нотариати мањали кушода шудани мерос дар хусуси ќабули мерос бо ариза мурољиат намоед. Лозим ба ёдоварист, ки барои соњиб шудан ба мерос ворис њуќуќ дорад онро ќабул намояд. Ќабули мерос бо ягон шарт ё эзоњот иљозат дода намешавад.
Шумо бояд бидонед, ки мерос њамон ваќт аз тарафи ворис ќабулгардида эътироф мешавад, ки агар ў воќеан ба соњибияти амволи меросї шурўъ намояд ё ваќте ки ў ба маќоми нотариати мањали кушода шудани мерос дар хусуси ќабули мерос бо ариза мурољиат намояд. Ин амалро Шумо бояд дар давоми шаш моњ аз рўзи кушода шудани мерос ба анљом расонед.
Бо ба инобат гирифтани талаботњои моддаи 1176 Кодекси граждании ЉТ нотариуси мањалли кушодани мерос ўњдадор аст, ки бо хоњиши ворис ба ў шањодатномаи њуќуќи меросгириро дињад. Асосан шањодатномаи њуќуќи меросгирї баъди гузаштани шаш моњ аз рўзи кушодашавии мерос дода мешавад. Вале агар нотариус маълумоти даќиќ дошта бошад, ки ба ѓайр аз шахси барои шањодатнома мурољиаткарда вобаста ба амволи дахлдор ё њамаи мерос ворисони дигар надошта бошанд шањодатнома мумкин аст то гузаштани мўњлати нишондодашуда дода шавад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07