Бахши тарбияи факултети њуќуќшиносї дар доираи «Наќшаи чорабинињои факултети њуќуќшиносї дар соли 2016-2017 љињати иљрои «Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии ДМТ барои солњои 2015-2020», (ЌШО аз 30.09.2016с, №1), «Наќшаи чорабинињои факултети њуќуќшиносии ДМТ дар соли 2017 љињати иљрои нишондодњое, ки аз Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти ЉТ, мўњтарам Эмомалї Рањмон бармеоянд» ва наќшањои тасдиќшудаи корњои тарбиявии Раёсати ДМТ, дар се моњи соли хониши 2017 чунин корњоро анљом додааст:
1. Бо маќсади риоя намудани ќоидањои тартиботи дохилї, таъмини раванди мўътадили таълим ва тарбия, санљиши њолати риояи либосњои тавсиявї ва давомоти мунтаззами донишљўён аз њисоби устодони факултет, навбатдорї таъсис дода шуд. Дар натиљаи ба роњ мондани ин талаботњо то кунун зиёда аз 450 донишљў огоњонида шуда, ба 311 нафар донишљўён муљозоти интизомии «Сарзаниш» ва зиёда аз 62 нафар љазои интизомии «Танбењ» ва ба 9 нафар донишљўён «Танбењи сахт» татбиќ карда шудааст. Њамчунин, дар ин давра бинобар даѓалона вайрон намудани ќоидањои тартиботи дохилї 1 нафар донишиљў курси 1.02 Чориев Иброњим Љамшедович ва 1 нафар барои давомоти нокифоя аз курси 2 гуруњњои КЛМ Рањмонов Шањроз аз сафи донишљўён хориљ карда шуданд.
2. Аз моњи феврал то инљониб ду љаласаи навбатии сарпарастон гузаронида шуд, ки дар он њар як сарпараст аз фаъолияти моњонаи кори худ њисоботи хаттї дода, дастурњои заррурї гирифтанд. Зимнан, лозим ба таъкид аст, ки бахши тарбияи факултет бо Шўрои сарпарастони факултет дар њамбастагї фаъолият намуда, дастур ва супоришњои муњими Раёсат ва садорати факултетро тавассути сарпарастон амалї месозад. Дар љаласањои сарпарастон ба њайати умумии сарпарастон дастур дода шуд, ки дар доираи наќшаи намунавї, инчунин оид ба масъалањои мубрами њаёти сиёсї ва фарњангии кишвар, аз љумла «Соли 2017 – Соли љавонон», фањмонидани мазмун ва моњияти ќонунњои миллї ва оид ба пањлуњои дахлдори Паёми президенти ЉТ дарсњои тарбиявї баргузор намоянд. Њамчунин, тавассути сарпарастон вазъи иљтимоии ятимону бепарасторон пайваста зери назорат ќарор гирифта, кумакпулї низ расонида мешавад. Чунончї аз љониби сарпарасти курси 1-ум гуруњњои АБВ Буриев Акмал ба як нафар донишљў Рањимов Њокимшо, ки ятим буда, дар хобгоњ истиќомат мекунад, рўзи 23-феврал кўмакпулї расона шудааст, ки ин фолї нек аст.
2. Масъалаи дигаре, ки самти фаъолияти кори тарбияро фаро мегирад, ин њамкори намудани садорати факултет бо Шўрои волидайн мебошад. Мувофиќан, факултети њуќуќшиносии ДМТ бо маќсади иљрои вазифањои худ дар доираи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Низомномаи донишгоњ, бо баробари шурўъ гардидани соли тањсил, наќшаи гузаронидани љаласањои волидайни донишљўёни гурўњњои академиро барои соли тањсили 2016-2017 тарњрезї намуда, ташкил намудани силсила љаласањои волидайнро барои нимсолаи соли хониши 2017 аз 8-уми апрел дар наќша дорад.
3. Корњои тарбиявї дар Хобгоњ низ пайваста ба роњ монда шудааст. Чунончї аз моњи феврал то инљониб дар асоси наќшаи навбатдории Хобгоњ аз љониби сарпарастон ва муовинони декан оид ба тарбия дар хобгоњи №-6 бо донишљўён вохўрињои њамаррўза доир мегардад. Дар ин вохўрињо навбатдорон аз њолу ањволи донишљуён бохабар гардида, дар мавзўњои худшиносиву худогоњии миллї, ватандўстї, вањдати миллї, одобу ахлоќи њамида, нагаравидан ба њар гуна равияњои ифротгарої сўњбатњо ороста ва аз камбудињои мављуда бохабар шуда, ба садорати факултет гузориш ирсол менамоянд. Бањри бартараф намудани ин камбудињо садорати факултет чораљўї менамояд. Њамзамон, донишљўёни факултети њуќуќшиносї дар чорабинињои дар Хобгоњ баргузор гардида, фаъолияти хуб нишон дода, фаъолона иштирок менамоянд. Масалан: санаи 7-уми март бахшида ба иди Модарон дар Хобгоњї №6 мизи мудавар баргузор гардид, ки дар он 1 нафар донишљуи курси 1 гурўњњои АБВ Рустамзода Шукрона дар мавзўи «Зан-модар» баромад намуда ва зиёда аз 30 нафар донишљуёни факултет дар он иштирок доштанд.
4. Самти дигаре, ки бахши тарбияи факултет фаъол аст, гузаронидани шанбегї ва якшанбегињо мебошад. Мувофиќи наќшаи тасдиќшудаи Раёсати донишгоњ ва наќшаи факултет ба таври доимї аз 7 январ то 4 март дар маљўъ 19 маротиба, бо љалби беш аз 570 нафар донишљў барои тозаву озода намудани роњравњо ва гирду атрофи синфхонањои таълимї, инчунин ќитъаи замине, ки факултет барои ободонии он масъул мебошад, шанбегињо ва якшанбегињо гузаронида шудааст. Дар асоси наќшаи нави Раёсати донишгоњ ва наќшаи садорати факултет аз 5 март то инљониб љињати боз њам ободу зебо гардонидани њудуди пойтахти кишварамон, шањри Душанбе беш аз 11 маротиба дар назди бинои Амфитеатр шанбегињо баргузор гардид.
5. Яке аз корњои муњиме, ки дар самти тарбия бар души факултети њуќуќшиноси дар нимсолаи дуюм вогузор шуда буд, ин љалби донишљўдухтарон дар чорабинињои фарњангї бахшида ба таљлили љашни байналмилалии Наврўз ба њисоб меравад. Бо ин маќсад дар мувофиќа бо садорати факултет ва Раёсати донишгоњ аз факултети њуќуќшиносї 56 нафар духтарон аз курсњои 1 ва 2-юм, ки дар басти аввал тањсил менамоянд, дар чорабинињои фарњангї бахшида ба таљлили иди Наврўз, ки санаи 21.03.2017 дар Наврузгоњи ш. Душанбе баргузор гардид, љалб карда шуданд. Ѓайр аз ин, устодону донишљўёни факултет барои дар сатњи баланд таљлил гирифтани љашни Наврўз дар Донишгоњ сањми арзандаи худро гузоштаанд. Бояд зикр намуд, ки дар доираи љашнгирии иди Навруз бо фармоиши Ректори донишгоњ байни факултетњо озмуни Хони наврўзї баргузор гардид, ки яке аз шартњои он омода намудани 7 син, 7 шин, 7 мим ва ба намоиш гузоштани таомњо ва либосу асбобњои мусиќии миллї мебошад. Тибќи ќарори комиссияи санљишї дар ин озмун факултети њуќуќшиносї љойи 2-мро ишѓол намуд.
6. Дар вобастагї ба ташвиќу тарѓиби тарзи њаёти солим миёни устодону донишљўёни факултет бошад, аз тарафи садорати факултет чорањои зарурї андешида шудааст. Ин буд, ки бисёре аз донишљўёни факултети њуќуќшиносї ба намудњои гуногуни варзиш машѓул шуда, дар чандин мусобиќањои дохилидавлативу байналмилалї барандаи љойњои ифтихорї гардидаанд. Масалан, донишљўёни курси 2.02 Исроилова Гулмира дар мусобиќаи байналмилалї оид ба бокс миёни занон, ки санаи 18.03.2017 дар ш. Бухорои Љумњурии Узбекистон шуда гузашт, љойи 2-юм, донишљўи курси 4.01. Муродов Акмал дар мусобиќаи љумњуриявї оид ба гуштини миллї бахшида ба таљлили Љашни Наврўз, ки дар ш. Турсунзода баргузор гардид дар вазни то 80 кг љойи 1-ум ва донишљўи курси 1 гр. ГДЁ – Сафолов Наимљон дар мусобиќаи байналмилалї оид ба таеквондо (ВТФ) љойи 1-умро ишѓол намуданд, ки ин боиси ифтихори мо аст.
Ѓайр аз ин, дар асоси саъю кўшишњои пайвастаи декани факултет ин бо маќсади дуруст татбиќ намудани сиёсати тарзи њаёти солим миёни устодони факултети њуќуќшиносї низ чорабинињои варзишї пайваста ба роњ монда шуда истодааст. Бо ин маќсад дар толори варзишии мактаби «Байналмилалии президентї» байни муаллимони факултет бозии футбол ташкил карда шудааст, ки он дар як њафта се маротиба, рўзњои душанбе, чоршанбе ва љумъа баргузор мегардад. Дар ин бозї зиёда аз 40 нафар устодони факултет иштирок менамоянд. Иштирокчиёни фаъоли бозии футбол миёни устодон ин Мањмудов И.Т., Мирзоев П.З. ва Азизов У.А. мебошанд, ки намудаи дигаронанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07