Дар факултети њуќуќшиносї дар баробари шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї метавонанд бо тариќи шарномавї ва квота тањсил намоянд. Ќабули шањрвандони хориљї ба факултети њуќуќшиносї дар асоси «Ќоидањои ќабули шањрвандони хориљї ба муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбии Љумњурии Тољикистон» дар асоси шартњои зерин ќабул карда мешаванд:
- мутобиќи созишномаи дутарафаи байнидавлатї;
- дар њудуди љойњои муќарраршудаи ќабул бо роњхати Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон;
- мувофиќи шартномаи тарафайн бо Донишгоњ барои њар як љой дар њудуди миќдори муайяншудаи иљозатнома (литсензия) бо пардохти њаќќи тањсил тибќи ќоидањои ќабул.
Њангоми тањсил шањрвандони хориљї бо хобгоњ таъмин карда мешаванд.
Шањрвандони хориљї метавонад дар гуруњњои тољикї ва русї тањсил намоянд.
Маблаѓи шартномаи шањрвандони хориљиро Раёсати Донишгоњи миллї муайян менамояд. Маълумоти муфассалро дар бораи њуљљатњои ќабули шањрвандони хориљї Шумо метавонед аз бахши «Тартиби ќабул» пайдо намоед.