Садорати факултети њуќуќшиносї тасмим гирифтааст, ки Барномаи рушди факултетро барои солњои 2015-2020 ќабул намояд. Барномаи мазкур дар љаласаи Шўрои олимони факултети њуќуќшиносї санаи 26-уми январи соли љорї ќабул карда мешавад. Дар ин замина тасмим гирифтем, ки бо роњбари гурўњи корї оид ба тањияи Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї барои солњои 2015-2020 номзади илми њуќуќ, дотcент Хайрулло Ѓафуров суњбат намоем.
Устоди гиромї, нахуст дар бораи њайати кадрї ва сохтори факултети њуќуќшиносї маълумот медодед. Факултети њуќуќшиносї дар бахши таълим ва корњои илмї-тадќиќотї ба кадом дастовардњо ноил гардидааст?
Ташаккур, факултети њуќуќшиносии ДМТ яке аз факултетњои муваффаќ ва пешсафи донишгоњ мањсуб ёфта, дар самти омода намудани мутахассисони болаёќати њуќуќшинос дар кишвари азизамон наќши беназир дорад. Имрўз дар факултети њуќуќшиносии ДМТ 126 нафар устодон кору фаъолият менамоянд, ки аз онњо 2 нафар академики АИ ЉТ, 11 нафар докторњои илми њуќуќ, профессор, 55 нафар номзадони илми њуќуќ, дотсентон мебошанд. Агар мо ба шумораи донишљӯён нигарем, дар њоли њозир бо назардошти тамоми ихтисос ва шуъбањои амалкунанда дар маљмўъ 3190 нафар донишљўён тањсил менамоянд. Аз ин шумора 2315 нафар дар шуъбаи рўзона ва 875 нафар дар шуъбаи ѓоибона тањсил менамоянд. Дар сохтори факултет 10 кафедраи тахассусї ва 1 кафедраи забонњои хориљї фаъолият менамоянд, ки масъулияти асосии пешбурди њаёти таълимї, илмї ва тарбиявиро ба зимма доранд.
Донишљӯёни факулта аз рўйи якчанд ихтисосњо ба тадрис фаро гирифта шудаанд: 24010200 (њуќуќшиносї); 24010100 (муносибатњои байналхалќї (њуќуќ); 26010200 (идораи давлатї ва њуќуќ); 93010100 (фаъолияти њифзи њуќуќ- 240030201 (танзими њуќуќии молия ва ќарз); 93010200 (экспертизаи судї), 24010218 (њифзи њуќуќии моликияти зењнї).
Дар факултети њуќуќшиносї таълим аз рўйи ду низом: низоми тањсилоти анъанавї ва низоми тањсилоти кредитї ба роњ монда шудааст. Имсол (соли тањсили 2014-2015) раванди тадрис дар тамоми ихтисосњои амалкунандаи факултет пурра аз рўи низоми тањсилоти кредитї ба роњ монда шуд.
Агар мо ба дастовардњои илмиву таълимии факултет дар ду-се соли сипаришуда сухан ронем, ба ростї њаљми сањифаи як шумораи рўзнома камї менамояд. Тавассути истифода ва ворид намудани усулњои илман пешрафтаи коргузорї дар донишгоњ ва факултет дар як муддати кўтоњ натиљањои босамари он ба мушоњида мерасанд. Танњо мехоњам ёдрас шавам, ки агар аз замони таъсиси факултет то соли 2011 нерўи кадрии факултетро 36 нафар олимони соњибунвон ташкил намуда бошанд, пас бо ифтихор метавон ќайд намуд, ки дар се соли охир 31 нафар устодони мо – 4 рисолаи докторї ва 27 рисолаи номзадии худро њимоя намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки бо љидду љањд ва талошњои пайвастаи Ректори ДМТ, академики АИ ЉТ, профессор Имомов М.С. дар заминаи ДМТ Шўрои диссертатсионии муштарак оид ба њимояи рисолањои номзадї ва докторї таъсис дода шуд. Боиси хурсандист, ки дар заминаи ин Шўрои диссертатсионї ду рисолаи докторї ва нўњ рисолањои номзадї њимоя гардид. Соли 2014 аз нигоњи самарнокии корњои илмї-тадќиќотии устодон яке аз солњои муваффаќтарин ба њисоб меравад. Натиљаи корњои илмї-тадќиќотии устодони факултет дар 650 маводњои таълифшуда: 32 монография, 12 китобњои дарсї, 60 васоити таълимї, 31 дастури таълимї ва зиёда аз 50 маќолањои илмї ифода ёфтаанд.
Хонангони арљманди «Минбари њуќуќшинос» иттиолои бештарро дар хусуси пешравињои илмиву таълимї, њайати кадрии устодон ва сохтори факултет метавонанда тавассути сомонаи факулта www.law.tnu.tj дастрас намоянд.
Бо ташаббуси садорати факултети њуќуќшиносї гурўњи корї оид ба тањияи Барномаи рушди факултет барои солњои 2015-2020 ташкил карда шуд, ки Шумо роњбари гурўњи корї таъин шудед. Мегуфтед, ки маќсади Барномаи мазкур аз чи иборат аст?
Албатта, њар як иќдоме, ки пеш гирифта мешавад, бањри ноил шудан ба маќсадњои мушаххас ва нек аст. Дар шароите, ки имрўз мо ќарор дорем бо назардошти таъсири амиќи омилњои љањонишавї дар соњаи илм ва фарњанг, тафовути фарњангї-тамаддунии олами шарќу ѓарб, проблемањои мувофиќкунонии андеша, назария ва арзишњои ѓарбгароёна ба муњити миллии фарњангї, зарурияти анљом додани корњои арзишманд ва бунёдии илмї-тадќиќотиро руйи кор меорад. Омилњои дар боло ишорашуда боис мегарданд, ки дар самти омода намудани кадрњои баландихтисоси соњаи њуќуќ ва раќобатпазири бозори мењнат, дорои донишњои баланди назариявї, малакаи касбї, сатњи баланди шуури њуќуќї ва дар руњияи ѓояњои адолат, накукорї, ростї тарбияёфта мо тадбирњои судманд андешем.
Маќсади асосии Барномаро, он тавре ки дар матни лоиња дарљ намудаем, таъмин намудани тањсилоти њуќуќии замонавии мувофиќ ба стандартњои байналмилалї ва талаботњои рушди Тољикистон - њамчун ќисми људонопазири љомеаи љањонї ва узви комилњуќуќи муносибатњои байналмилалї, ташкил менамояд. Њамзамон таъсис намудани низоми устувори рушди инноватсионии факултети њуќуќшиносї бањри амалї намудани имконияти илмї-таълимии факултет дар самти таъмини мутахассисон ва кадрњои илмї дар Тољикистон дар назар дошта мешавад.
Ба њама маълум аст, ки Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї дар таърихи донишгоњњои кишвар бесобиќа аст. Шумо њамчун роњбари гурўњи корї њадаф ва вазифањои барномаро чи гуна арзёбї мекунед.
Мехоњам ёдовар шавам, ки Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї барои мо – кулли устодону кормандони факултет њуљчати барномавии илман асосноке мањсуб меёбад, ки њангоми иљрои вазифањои худ, амалї намудани рисолати таърихии омўзгориямонро дар самти омода намудан ва тарбияи кадрњои баладихтисоси худогоњу мењанпарваст, адлпарвар ва дорои ахлоќи њамидаи инсонидошта, мавриди эътибои љиддї ќарор дињем ва барои амалї шудани талаботњои он камари њиммат бандем. Зеро Баромаи мазкур дар худ наќшаи дурнамо, маќсад, самтњои афзалиятноки инкишофи илми њуќуќшиносї, омилњои баланд бардоштани сатњу сифати таълим, љорї намудани усулњои фаъол ва инноватсионї, технологияи иттилоотию иртиботии муосир дар раванди таълим ва тарбияро фаро мегирад.
Њадафњои асосии Барнома хело зиёданд ва ман бо овардани як њадафи асосї - андешидани тадбирњои муассир ва амалисозии чорабинињои маќсаднок љињати нигоњ доштани нуфузу эътибори факултети њуќуќшиносї дар самти омода намудани кадрњои баландихтисос, омодасозии кадрњои илмї, ташкили марказњои хизматрасонињои илмї ва таълимї ќаноат менамоям, зеро боварї аз он мекунам, ки хонандагони азизу закии рўзномаи «Минбари њуќуќшинос» лоињаи Барномаи омоданамудаи гурўњи кориро њаматарафа ва пурра мавриди ѓавру баррасї ќарор медињанд ва аз кулли њадафњои Барнома огањї пайдо менамоянд.
Дар хусуси вазифањои Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї як нуќтаро мехоњам таъкид созам: вазифаи асосии Барнома тавассути истифода бурдани усулњои замонавии тадрис баланд бардоштани сатњу сифати таълим ва дараљаи донишандўзии донишљӯён ва тарбияи онњо дар рўњияи доштани сифатњои неки инсонї мањсуб меёбад.
Ба гурўњи корї њангоми омодасозии Барномаи рушди факултети њуќуќшиносї кадом мушкилињо пеш омад.
Тањия намудани Барнома албатта зањматталаб буд ва камина ба кулли устодоне, ки марбут ба Барнома андеша ва таклифњои худро баён сохтанд, ташакур мегўям. Њамчунин мехоњам арзи сипоси хоссаро ба Ректори ДМТ, академики АИ ЉТ, профессор Имомов М.С., муовинони ректори ДМТ оид ба таълим, профессор Миралиев А.М., оид ба илм дотсент Сафаров Б.А., декани факултети њуќуќшиносї дотсент Насурдинов Э.С. ва мудирони кафедрањо профессор Сотиволдиев Р.Ш. ва Мањмудов И.Т. баён созам. Зеро, устодон дар раванди тањияи Барнома моро њамроњї намуда, бо таклифу пешнињодњои судмандашон мазмуни мўњтавои Барномаро пурѓановат намуданд.
Ба хонандагони рўзномаи “Минбари њуќуќшинос” дар ин самт чи гуфтание доред.
Аз њамаи хонандагони рўзномаи «Минбари њуљќуќшинос» эњтиромона хоњиш менамоям, ки андеша, эрод ва пешнињодњояшонро марбут ба мазмун, вазифа, њадафњо ва чорањои мушаххаси амалишавандаи Барнома ба нишонаи мо Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё ба садорати факултети њуќуќшиносї ирсол намоянд.
Мусоњиб: Љањонгир Саъдизода
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07