Изатулло Мањмудов
мудири кафедраи њуќуќи судї
ва назорати прокурорї
Яке аз нишонањои асосии демократї будани давлат дар он ифода меёбад, ки њокимияти давлатї дар ќаламрави он бо кадом тарз амалї карда мешавад. Агар ташкили маќомоти олии њокимияти давлатї (масалан президент, парламент, њукумат, низоми судї) дар њолати истифода аз сохторњои демократї, яъне бо истифода аз усулњои интихобот, раъйпурсї, соњибихтиёрии халќ, иштироки њизбњои сиёсї ва иттињодияњои љамъиятї дар њаёти сиёсї ва ѓайра асос ёфта бошанд, пас хулоса кардан мумкин аст, ки дар њудуди ин давлат режими сиёсии демократї амал мекунад. Ва баръакс, зимни сарфи назар намудани падидањои демократї, аз љумла тавассути мањдуд намудани њуќуќу озодињои сиёсии шањрвандон, ташкили маќомоти олии давлат бидуни интихобот, мањдуд намудани њуќуќи интихобот, муттањид намудани њокимият дар дасти танњо як шохаи њокимият, манъи њизбњои сиёсї ва ѓ. дар њудуди давлатњои алоњида, кас ба андешае меояд, ки режими давлат ѓайридемократї аст. Ба сохти идораи давлати демократї интихоботи озодона хос аст ва моњияти демократии давлат низ рўи њамин поя ќарор дорад. Њокимияти давлатї бояд мувофиќи иродаи воќеии халќ ташкил карда шуда ба манфиати халќ нигаронида шавад. Ба маънои умум демократия пуррањокимиятии халќро ифода мекунад. Мувофиќи моддаи 1-уми Сарќонун – Љумњурии Тољикистон давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона мебошад. Мувофиќи муќаррароти ќисми 1-и моддаи 6-уми он халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалї менамояд. Њамзамон дар ќисми 2-юми њамин модда омадааст, ки ифодаи олии бевоситаи њокимияти халќ раъйпурсии умумихалќї ва интихобот ба њисоб меравад. Яке аз њуќуќњои асосии сиёсии шањрвандонро ин њуќуќи иштирок дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї ташкил медињад. Мувофиќи моддаи 27-и Конститутсияи ЉТ шањрванд њаќ дорад дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё бавоситаи вакилонаш иштирок намояд. Шањрванд аз синни 18 њуќуќи дар раъйпурсї иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњои конститутсионї ва ќонунњо њукуќи интихоб шуданро дорад. Шахсоне, ки аз тарафи суд ѓайри ќобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиќи њукми суд дар љойњои аз озодї мањрумшудагон нигоњ дошта мешаванд, њуќуќи дар интихобот ва раъйпурсї иштирок карданро надоранд. Бинобар њамин, бо назардошти њолатњои љойдошта, бо ифтихор ќайд кардан бамаврид аст, ки ќонунгузории ЉТ дар бораи интихобот ба арзишњои демократии байналмиллалї ва стандартњои эътирофшудаи љањонї пурра мувофиќат мекунад.
Тавре ки натиљаи омўзиши сарчашмањои муътамади таърихї, тањлили адабиёти махсуси таълимї ва рисолањои арзишманди илмї шањодат медињанд, интихобот яке аз ќадимтарин падидањои љомеаи башарї ба њисоб меравад. Дар замони муосир низ интихобот яке аз унсурњои људонопазири њаёти сиёсию љамъиятии кишварњои љањон ба њисоб меравад. Интихобот ба хотири пиёда намудани маќсадњои муайян амалї карда мешавад. Вазифаи асосї ва муњимтарини интихобот аз ќонунї гардонидани њокимияти мављуда иборат мебошад. Бо роњи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иљрои вазифа ва мансабњои муайяни давлатї интихоб менамоянд. Мувофиќи таљрибаи љањонї халќ дар замони муосир ба воситаи интихобот ва раъйпурсї маќсаду мароми худро амалї карда ба ин восита дар идоракунии давлат сањм мегузорад.
Интихобот имкон фароњам меоварад, ки шањрвандон бо назардошти манфиатњои худ њизбу иттињодияњои гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатї ва пешбурди њаёти сиёсї фаъолона иштирок намоянд. Бори аввал Сарќонуни ЉТ низоми бисёрњизбиро пешбинї намуд, ки он раванди интихоботро демократитар намуда, имконият фароњам овард, ки њаёти љамъиятї дар асоси равияњои гуногуни сиёсї ва мафкуравї инкишоф ёбад. Бояд хотирнишон сохт, ки мувофиќи ќонунгузории амалкунандаи ЉТ асосан шахсони мансабдори давлатї ё ба вазифа таъин мешаванд ва ё бевосита аз љониби шањрвандон интихоб карда мешаванд. Аз ин рў, мањз тавассути интихобот шањрвандон имкон пайдо менамоянд, ки бењтарин намояндагони хешро барои иљрои ормону иродаи худ ба вазифањои масъул интихоб намояд. Натиљаи тањлили ќонунгузории ЉТ аз он шањодат медињад, ки айни замон бо роњи гузаронидани интихобот шањрвандон ба вазифањои Президенти ЉТ, вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ, вакилони маљлисњои мањалии вакилони халќ ва вакилони љамоатњо бевосита интихоб карда мешаванд. Аз чор се њиссаи аъзои Маљлиси миллии Маљлиси Олии ЉТ бошанд, бавосита интихоб мешаванд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07