Дониёр Сангинов
мудири кафедраи њуќуќи
соњибкорї ва тиљорат
Дар ЉТ санаи 1-уми марти соли љорї маъракаи муњими сиёсї – интихоботи вакилони халќ баргузор мегардад. Дар ин радиф яке аз талаботи ќонунгузорї ин санљидани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзадњо аст. Мављуд будани чунин талабот пеш аз њама арљ гузоштан ба ба забони давлатї-тољикї буда, дар интихоботњои аксарияти давлатњои љањон ин таљриба истифода мешавад. Бинобар ин, њама гуна эътироз ва эродњое, ки вобаста ба ин масъала аз љониби баъзе шахсон мешавад, асос надошта, хилофи ќонун аст.
Асоси њуќуќии чунин талабот санадњои зерин баромад мекунанд: 1. Моддаи 2 Сарќонуни ЉТ; 2. Ќонуни ЉТ «Дар бораи забони давлатии ЉТ»; 3. Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии ЉТ»; 4. Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ»; 5. Ќонуни ЉТ «Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот»; 6. Дастурамал дар бораи тартиби муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзадњо ба аъзогии Маљлиси миллї, вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси олии ЉТ, вакилии Маљлиси вакилони халќи Вилояти мухтори куњистони бадахшон, вилоятњо, шањри душанбе, шањрњо, ноњияњо ва љамоатњо, ки бо ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ЉТ аз 9 июли соли 2014, №13 тасдиќ шудааст.
Тибќи моддаи 2 Конститутсияи (Сарќрнуни) ЉТ ва моддаи 3 Ќонуни ЉТ «Дар бораи забони давлатии ЉТ» забони давлатии ЉТ забони тољикї аст. Мутобиќи моддаи 3 Ќонуни ЉТ «Дар бораи забони давлатии ЉТ» «Њар як шањрванди ЉТ вазифадор аст забони давлатиро донад». Коргузории маќомоти њокимияти ќонунгузор, иљроия ва судї дар ЉТ ба забони давлатї сурат мегирад. Мувофиќи моддаи 28 ва 29 Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи интихоботи Маљлиси Олии ЉТ» шахсе аъзои Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон шуда метавонад, ки забони давлатиро донад. Тибќи моддаи 26 Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ» номзадии шањрванде ба вакилї пешбарї карда мешавад, ки забони давлатиро донад. Мутобиќи моддаи 36 Ќонуни ЉТ «Дар бораи маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот» њар як шањрванди ЉТ, ки забони давлатиро медонад, метавонад номзад ба вакилии Љамоат пешбарї шавад.
Тартиби муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзади пешбаришуда ба аъзогии Маљлиси миллї ва вакилии Маљлиси намояндагон бо хулосаи комиссияњои њавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маљлиси миллї, комиссияњои њавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маљлиси намояндагон аз њавзањои якмандатии интихобот, ки номзадњоро ба аъзогии Маљлиси миллї ва вакилии Маљлиси намояндагон ба ќайд мегирад бо љалби мутахассисони соњаи забони давлатї сурат мегирад. Санљиши сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзади пешбаришуда дар муддати 5 рўз баъд аз ворид шудани аризаи ў ба Њавзаи интихоботии дахлдор гузаронида мешавад.
Санљиши сатњи донистани забони давлатї аз љониби шахсоне, ки ба аъзогии Маљлиси миллии Маљлиси Олї бо Фармони Президенти ЉТ таъйин карда мешаванд, пеш аз ба тасвиб расидани Фармон аз љониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї сурат мегирад.
Муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзадњои пешбаришуда ба вакилии Маљлиси намояндагон аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявии интихобот (тибќи рўйхати њизбњои сиёсї) бо хулосаи комиссияи њавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї) оид ба интихоботи вакилони Маљлиси намояндагон аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявии интихобот бо љалби мутахассисони соњаи забони давлатї сурат мегирад. Санљиши сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзадњои пешбаришуда ба вакилии Маљлиси намояндагон пеш аз супоридани гарави интихоботї ва љамъоварии имзои интихобкунандагон ба тарафдории номзад (номзадњое, ки ба тартиби худпешбарї пешнињод шудаанд) гузаронида мешавад.
Муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзадњои пешбаришуда ба вакилии Маљлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо, ноњияњо ва Љамоатњо мувофиќан бо хулосаи комиссияи њавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маљлисњои мањаллии вакилони халќ ва комииссияи њавзавии интихоботи вакилони Љамоат бо љалби мутахассисони соњаи забони давлатї сурат мегирад.
Санљиши сатњи донистани забони давлатиро аз љониби номзадњои пешбаришуда ба аъзогии Маљлиси миллї, вакилии Маљлиси намояндагон, вакилии Маљлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо, ноњияњо ва Љамоатњо комиссияњои дахлдори интихоботї дар муддати 3 рўз мегузаронанд. Сана ва ваќти гузаронидани санљишро комиссияњои дахлдори интихоботї муайян мекунанд.
Санљиши сатњи донистани забони давлатї аз Љониби номзадњо ба аъзогии Маљлиси миллї ва вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї бо роњи зерин сурат мегирад:
-ба забони давлатї навиштани тарљумаи њоли худ дар њузури аъзои комиссияи дахлдори интихоботї;
-ќироати матни чопї дар њаљми на бештар аз як сањифа, ки аз љониби комиссияи дахлдори интихоботї пешнињод мегардад;
-мусоњибаи шифоњї дар мавзўи озод.
Ба номзадњои пешбаришуда ба аъзогии Маљлиси миллї ва вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї барои навиштани тарљумаи њол то як соат ваќт људо карда мешавад.
Мавзуъњо оид ба муайян кардани сатњи донистани забони давлатї аз љониби комиссияи дахлдори интихоботї пешнињод карда мешаванд.
Муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзадњои пешбаришуда ба вакилии Маљлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо, ноњияњо ва Љамоатњо аз љониби комиссияњои дахлдори интихоботї бо роњи гузаронидани суњбати озод муайян карда мешавад.
Комиссияи дахлдори интихоботї баъд аз муайян намудани сатњи донистани забони давлатї ќарор ќабул мекунад. Ба Ќарори комиссияи дахлдори интихоботї бояд хулоса дар бораи забони давлатиро донистан ё надонистани номзадњои пешбаришуда ба аъзогии Маљлиси миллї, вакилии Маљлиси намояндагон, вакилии Маљлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо, ноњияњо ва Љамоатњо дарљ карда шавад. Ба Ќарори комиссияи дахлдори интихоботї матни хаттии тарљумаи њоли номзад замима карда мешаванд. Адабиёти истифодашуда: Дастурамал дар бораи тартиби муайян намудани сатњи донистани забони давлатї аз љониби номзадњо ба аъзогии Маљлиси миллї, вакилии Маљлиси намояндагони Маљлиси олии ЉТ, вакилии Маљлиси вакилони халќи Вилояти мухтори куњистони бадахшон, вилоятњо, шањри душанбе, шањрњо, ноњияњо ва љамоатњо, ки бо ќарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ЉТ аз 9 июли соли 2014, №13
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07