Воќеан масъалаи њифзи саломатии ањолї, ба хусус кудакон дар љомеаи имрўза нигаронкунанда аст. Вобаста ба ин Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми имсолаи худ ба Маљлиси Олї ќайд намуданд, ки имрўзњо дар ќаламрави кишвар ќариб 13 њазор нафар кудакону наврасони маъюби то 18 – сола вуљуд доранд, ки онњо аз тарафи давлат нигоҳубин карда мешаванд. Сабаби ин њолатро Президенти кишвар тањлил карда ќайд намуданд, ки бештари ин кӯдакон маъюби модарзодї буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд. Ин вазъият дар њоле љой дорад, ки аз тарафи давлат чорањои зарурї љињати ба дунё овардан ва ба воя расонидани насли солим андешида мешаванд. Бар замми ин њастанд њолатњое, ки ба вайрон гардидани њуќуќи кудак ба њифзи саломатї оварда мерасонад.
Њуќуќи кўдак ба њифзи саломатї яке аз њуќуќњои субъективии кудак ба њисоб рафта, њам дар санадњои меъёрии байналмиллалї ва њам дар ќонунгузории миллї мустањкам гардидааст. Њануз дар декларацияи њуќуќи кудак аз соли 1959 омадааст, ки кудак бо дар назардошти норасогии љисмонию аќлонї ба њимоя ва ѓамхории махсус ниёз дорад. Муњимтарин санади њуќуќие, ки кудакро субъекти њуќуќ эътироф кардааст, ин Конвенсия оид ба њуќуќи кудак мањсуб меёбад, ки беш аз 200 давлати љањон онро эътироф кардааст ва ягона санади меъёрии њуќуќии СММ мебошад, ки дар муддати 2 даќиќа беягон шарт ва бањсу мунозира ќабул гардидааст. Ин бори дигар собит менамояд, ки Конвенсияи мазкур дар самти њифзи њуќуќњои кудак санади муњимтарин ба њисоб меравад.
Моддаи 24-и ин Конвенсия њуќуќи кудакро ба њифзи саломатї ва хизматрасонии тиббї аз батни модар то расидан ба сини 18 сола муќаррар менамояд. Давлатњои аъзо њуќуќи кудакро барои истифода намудани хизматњои бештар такмилёфтаи системаи тандурустї ва воситањои табобати беморињо ва барќарорсозии саломатї эътироф менамоянд.
Дар ЉТ њуќуќи кудак ба њифзи саломати бо Конститутсия ва дигар ќонунњо, аз ќабили ќонунњои ЉТ «Дар бораи њифзи саломатии ањолї» аз соли 1997, «Дар бораи солимии репродуктивї ва њуќуќњои репродуктивї» аз соли 2002, «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббї» ва ѓайра кафолат дода мешавад.
Мувофиќи моддаи 38-и Конститутсия њар шахс аз љумла кудак њуќуќ ба њифзи саломатї дорад. Зери мафњуми њифзи саломатї маљмуи чорањои хислати сиёсї, иќтисодї, њуќуќї, иљтимої, тиббї ва санитарию гигиенидошта фањмида мешавад. Њуќуќ ба њифзи саломатї бошад, аз имконияти гирифтани кумаки ройгони тиббї дар муассисањои давлатии љумњуриявї ва мањалли нигањдории тандурустї иборат мебошад.
Дар ЉТ айни њол љараёни ќабули ќонуни ЉТ «Дар бораи њуќуќи кудак» рафта истодааст. Мутобиќи моддаи 13-и лоињаи ќонуни мазкур кудак њуќуќ ба њифзи саломатї дорад. Дар ќонуни ЉТ «дар бораи њифзи саломатии ањолї» низ, моддаи 34 њуќуќи кудак ба њифзи саломатї муќаррар карда шудааст. Мувофиќи он кудакон бояд давра ба давра њатман муоинаи тиббї шаванд ва тањти мушоњидаи доимии диспансерї бошанд. Бар зидди беморињое, ки бо ваксинањои иљозат дода шуда пешгирї карда мешаванд, эм карда шаванд. Кудакони мубталои иллатњои љисмонї ва ё руњї ба кумаки тиббию санитарї њуќуќ доранд ва онњо бо хоњиши падару модарон, васиёну парасторон дар кудакистонњои махсус, мактаб-интернат, хонаи бачагон ва хонаи-итернатњои кудакон аз њисоби давлат тарбия ёфта метавонанд. Бояд зикр намуд, давлат ба кўдак ёрии тиббии ройгонро бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон кафолат медињад, вале номгуи хизматрасонињои тиббии ройгон, ки бояд ба кудакон расонида шавад, пешбинї карда нашудааст. Аз њамин хотир пешнињод карда мешавад, ки дар лоињаи ќонуни ЉТ «дар бораи њуќуќи кудак» моддаи алоњида бо номи «Кудак ба хизматрасонињои ройгони тиббии зерин њуќуќ дорад», гуфта илова карда шавад ва он номгу дар ин мода љойгир карда шаванд. Бояд ќайд намуд, ки ќонунгузории ЉТ ба таври мушаххас ин номгўро пешбинї накардааст. Мисол:
1. Гузаронидани мушоњидањои диспансерии кудакони солиме, ки ба тарбияи љисмонї ва варзиш машѓуланд;
2. Азназаргузаронии профилактики кудакони сини то 18 сола;
3. Ёрии лабораторї ва клиникавї бо дар назардошти гузаронидани чорабинињои профилактикї, ташхисї ва табобати беморињо чи дар хона ва чи дар беморхона;
4. Додани машварат, ёрии стоматологї ва табобат аз тарафи мутахассисон ва ѓайра.
Мавриди зикр аст, ки Конститутсияи, Кодекси оила ва ќонуни ЉТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ўњдадориро љињати ѓамхорї оид ба њифзи саломатї, инкишофи руњию љисмонї ва маънавии кўдакро бар зиммаи падару модар дар доираи амалигардонии њуќуќњояшон вобаста ба тарбия мегузорад. Вобаста ба њамин њолат махсус ќайд карда мешавад, ки њангоми истифодаи њуќуќи падару модар он набояд ба саломатии љисмонию рўњии кўдак ва такомули маънавии ў зарар расонад (ќ.2 м.65 КОЉТ). Бандњои 3,11,12,13,15,19 ва 23-и моддаи 8-и ќонуни ЉТ «Дар бораи имасъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бевосита ба њифзи саломатии кудак равона карда шудааст. Мувофиќи муќаррароти ин меъёр падару модар уњдадоранд, ки барои ҳифзи саломатї, ташаккули љисмонї, маънавї ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд, ба љалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ў зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мўътадили љисмонї ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иљозат надиҳанд. Ба ѓайр аз ин дар КГ, КЉ ва КЊМ низ чорањои њифзи саломатии кудак пешбинї шудаанд.
Тавре дар боло ишора шуд, яке аз омилњое, ки ба саломатии кудак зарар мерасонад, ин никоњи байни хешовандони наздик ба њисоб меравад. Илми тиб собит сохтааст, ки никоњи байни хешу табори наздик натанњо тифлони нуќсондорро ба вуљуд меорад, балки ба безуриётї низ оварда мерасонад. Аз њамин лињоз ќонунгузории оилавии ЉТ бо маќсади њифзи саломатии кудакон никоњи байни хешу таборони наздикро манъ кардааст, лекин мутаассифона ин меъёри ќонунгузорї дар амалия на онќадар риоя карда мешавад. Сабабаш дар он аст, ки дар њуќуќи оилавї мафњуми хешовандони наздик ба таври мањдуд оварда шудааст, ки ба он бародарону хоњарони айнї ва угай ки аз як падар ё модаранд дохил мешавад. Аз ин лињоз пешнињод карда мешавад, ки мафњуми васеътар бо илова кардани писарони амма, холла, амак ва таѓо љойгир када шаванд ва ин мафњум танњо дар соњаи њуќуќи оилавї истифода шавад. Чунки дар дигар соњањо истифода бурдани он ба норасої ва камбудї њангоми татбиќи ќонунгузорї мегардад.
Дигар омиле, ки Сарвари давлат дар Паёми худ иброз доштанд, ин пайдо шудани кудакони носолим аз падару модаре, ки гирифтори нашъамандї мебошанд, ба њисоб меравад. Устодони гиромї! Дар урфиат мегуянд, ки падар чи гуна писар намуна, шумо тасаввру кунед, оё аз чунин падару модар чи гуна фарзанди солим ба дунё меояд? Тибќи маълумотњои оморї имрўзњо дар љумњурї 7 135 нафар гирифторони нашъамандї ва беш аз шашуним њазор нафар ба бемории масунияти норасоии бадан (ВИЧ) гирифторанд ва ба њама маълум аст, ки бемории ВИЧ ба кудакони аз онњо таваллуд шуда бе ягон шубња мегузарад. Албатта ин проблема њаст ва барои роњ надодан ба чунин њолат пеш аз њама он бояд пешгирї карда шавад. Дар ќонунгузории оилавии амалкунанда институти муоинаи тиббии никоњшавандагон љой дорад, лекин аз сабаби оне, ки меъёри мазкур диспозитивї буда, иљроиши онњо хусусияти њатмигиро надоранд, аз љониби издивољкунандагон бештари ваќт риоя карда намешаванд. Дар Паёми имсолаи худ сарвари давлат махсус оиди ин масъала ќайд карданд, ки дар байни ањолї корњои фањмондадињї гузаронида шавад. Ин иќдом хеле хуб аст, чунки бисёр ваќт аз паст будани шуури њуќуќии ањолї ин воќеањо руй медињанд. Бар замми ин ман фикр мекунам, ки дар моддаи 12-и КО таѓийрот ворид карда шавад ва муоинаи тиббии издивољкунандагон њамчун банди алоњида дар баробари дигар шартњои бастани аќди никоњ ба таври императивї (њатмї) ба роњ монда шавад. Чунин ќойда аллакай дар Узбекистон амал мекунад).
Дигар омиле, ки ба саломатии кудакон таъсири манфї расонида метавонад, ин дастрасии онњо ба иттилооти зараровар мебошад. Дар зери мафњуми иттилооти зараровар иттилооте фањмида мешавад, ки характери тарғиб намудан ба ҷангро дорад, иттилооте, ки ҳисси бадбинии миллӣ, динӣ, нажодӣ ва ғайраро дорад, инчунин иттилооти бешармона, аз ҷумла иттилооти порнографї, ки ба њаёт ва саломатии кудак таъсири манфї мерасонад. Ба аќидаи олимон њатто ба кудакони хурдсол нишон додани филмњои тасвирї низ таъсири манфї мерасонад. Ба аќидаи олимон кудаки аз 2,5 то 3 сола дар як ваќт гаштан, ќапидани ягон предмет, нигоњ кардан ва гуш карданро надорад. Барои њамин набояд ўро дар назди телевизор њамчун тамошобини заиф гузорем. Ба кудакони синнашон болотар низ њарчизе, ки пеш омад нишон додан лозим нест. Чунин аќидаро олимони соњаи тиб исбот карда мегуянд, ки суръати баланди ивазшавии кадрњо, ки дар як ваќт равшании расмњоро низ дигар мекунад, аз тарафи кудакон ќабул намудани онњо ѓайриимкон мегардад ва дар натиља ба касалии эпилепсия оварда мерасонад. (Масалан, дар натиљаи тамошои филми тасвирии Покемон бисёри кудакон ба бемории эпилепсия гирифтор шудаанд ва тамошои онро дар Россия манъ кардаанд, ба ѓайр аз ин филми тасвирии њоло истро, ки хусусият зуровариро дошт њам дар Украина ва њам дар Росия манъ кардаанд).
Воситаи асосии пањн гардидани иттилооти зараровар ин ВАО, наврасон ва љавонон мебошанд. Воситаи бењтарини њифзи саломатии кудакон аз чунин иттилоот дар он мебошад, ки аз тарафи падару модар бояд ба њамон барномањои телевизионие, ки тамошои онњо аз тарафи кудакон манъ карда шудааст ва ба сайтњои интернетие, ки кудак имконияти даромадан дорад, код гузошта шаванд. Ба ѓайр аз ин барои боз њам натиља додани њифзи саломатии кудак аз њар гуна иттилооти ба њаёт ва саломатии ў зараровар пешнињод карда мешавад, ки дар ЉТ ќонуни алоњида “Дар бораи њифзи кудакон аз њар гуна иттилооте, ки ба саломатї ва инкишофи онњо зарар мерасонад” ќабул карда шавад. Чунки дар ин ќонун тамоми љанбањои њифзи саломатии кудак аз љумла воситањои њифз ва ѓайра пешбинї карда мешаванд.
Ќобили зикр аст, ки дар аксарияти давлатњо дар баробари ќонуни алоњида “Дар бораи њуќуќи кудак” доштанашон, чунин ќонунњо низ аллакай ќабул гардидаанд. Масалан, дар Грузия ќонун “Дар бораи њифзи ноболиѓон аз таъсирњои зараровар” аз соли 2001, дар Литва ќонун “Дар бораи њифзи ноболиѓон аз таъсири манфии иттилооти оммавї” аз соли 2002, дар Украина ќонун “Дар бораи њифзи ахлоќи љамъиятї” аз соли 2003 ва дар Россия ќонун “Дар бораи кафолатњои асосии њуќуќи кудак” ва ѓайра ќабул карда шудааст. Ќайд кардан зарур аст, ки дар ќонунгузории мо на мафњуми иттилооти зараровар, ки ба њаёт ва саломатии кудак таъсири манфи мерасонад ва на номгўи онњо пешбинї нашудааст, танњо ќонуни ЉТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модарро ўњдадор сохтааст, ки ба кудак пањн кардани баъзе аз намудњои онро манъ намояд. Аз ин рў ќабули ќонуни алоњида оид ба њифзи кудак аз њар гуна иттилооти ба њаёт ва саломатии ў зараровар ба маќсад мувофиќ аст.
Ќуроналиев Н.Ш. – номзади илмњои њуќуќшиносї, ассистенти кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносии ДМТ
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07