Мундариљаи суњбатро мањз аз суханњои Сарвари давлат дар љаласаи њайати васеи мушовараи Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон шурўъ намуда, дар андешаем, ки ин сухан дастури Сардори давлат, ѓояи нињоят арзишманду волои ахлоќї буда, ба афкори хонандаи гиромї бетаъсир набуда, мову шуморо ба мењнати њалол љасорату љавонмардї њидоят менамояд. Аниќтараш Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон чунин таъкид намуданд: «Яъне ман ҳамчун Роҳбари давлат ва кафили Конститутсия ва ҳар яки шумо ҳамчун роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатї дар назди халќи азизи кишвар масъулияти баробар дорем. Фаромўш накунед, ки иљрои ин масъулият аз њар кадоми мо зањмати шабонарўзї, фаъолияти содиќонаву софдилона ва муњимтар аз њама, поквиљдонї, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи ќавї, садоќат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз њама гуна манфиат боло гузоштани манфиатњои милливу давлатї ва суботу оромии кишварро мехоњад»[1].
Ваќтњои охир Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба масъалаи таъмин намудани адлу инсоф, хизмати њалолу покиза ба давлат, мустањкам намудани рељаи ќонуният диќќати љиддї медињанд ва дар чандин љаласаву вохурињо масъалаи мазкурро мавриди тањлил ва интиќоди ќавї ќарор дода, дастуру њидоятњо додаанд.
Саволе ба миён меояд, оё имрўз нисбат ба дигар марњилањои таърихї барои низоми давлатдории мо масъалаи мустањкам намудани рељаи ќонуният ва адолати иљтимої муњиманд?
Њарчанд њуќуќшиносон бар аќидаанд, ки новобаста аз марњилањои гуногуни инкишофи давлат ќонунњо бояд бечуну чаро риоя ва ба иљро расонида шавад, яъне иљроиши ќонун бар пояи низоми муайян густурда бошад, вале воќеияти њол, амалияи таъмин намудани ќонуният аз он шањодат медињад, ки вобаста аз вазифањои дар назди давлат истода, ислоњоте, ки ба љо оварда мешаванд, марњилањои гуногуни таърихии инкишофи давлат, ба масъалаи таъмин намудани ќонуният муносибат яксон нест. Агар ба фазои њуќуќї, љаласаву чорабинињо оид ба ташкили кор ањамият дињем, пай бурдан мумкин аст, ки масъалаи таъмин намудани адлу инсоф, ќонуният барои љомеаи имрузаи мо аз пештар дида рузмарратар гардида истодааст. Масъалањои номбарнамуда дар ин марњилаи таърихї барои мо нињоят муњиму арзишманд мебошад. Чунки дар Тољикистон бо мушкилињои зиёд халќ тањти роњбарии шабонарузї ва содиќонаи Сардори давлат, муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз оромию субот, сулњу вањдатро таъмин намуд, ки барои тиљорату иќтисодиёт, сохтмон, ободкорию пешравињо шароит фароњам омадааст. Лоињаву сохтмонњои калонтарини аср, ба мисли нерўгоњњои обии барќї, роњњои байналмиллалї, ки Тољикистонро на танњо бо њам, балки бо Шарќу Ѓарб, Љанубу Шимол пайваст, корхонаву фабрикањои саноатї, кишоварзиву боѓот, мактаб, китобхонаву театрњо ва садњо дигар лоињањои иљтимої нишонањои пешравињои мо буда, мўътадил идома ёфтани он аз мо таќозо менамояд, ки њар нафар хоњ дар оила, хоњ дар мањаллаву љои кор, новобаста аз он ки чи гуна мансабу вазифаро ишѓол намудааст, ба ќадру ќиммати мењнати њамдигар расида, талаботи ќонунро бечунучаро риоя ва иљро намуда, аз рўи адлу инсоф, одаму одамгарї зиндагї намояд, шаъну эътибори давлати миллиамонро, сиёсати созандагии рањбари сиёсиамон муњтарам Эмомалї Рањмонро ба љо оварда, ќонунро ба манфиатњои хусусї, гурўњї, идоравї зинњор истифода накунад. Чунки њар навъ сўистифода аз ќонун давлатдориро суст намуда, садди роњи инкишофи љомеа мегардад ва эътимоди мардумро аз давлат коста мегардонад. Яќин, ки неруи давлат дар волоияти ќонун ва адли уст.
Њамон тавре, ки Президенти муњтарам дар баромадашон дар маљлиси васеи њайати мушовараи Прокуратураи Генералї 10 июли соли 2014 ќайд намуданд, дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии љањон ва афзоиши тањдиду хатарњои нав, ки ба рушди давлатдории миллї ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеањои љиддї эљод мекунанд, аз кормандони мақомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомии кишвар масъулияти дучанд таќозо мегардад. Аз ин рў, дар ин марњилаи таърихї, дар замоне, ки нав шароити мусоид барои таѓйиротњои куллии иќтисодию иљтимої муњайё карда шуд, дар замоне, ки шахс моњияти љомеаи озодро фањмид, имконияту истеъдод ва ќобилияти худро ихтиёрдорї карданро дарк намуд, озодии нињоят бузургро эњсос кард, дар замоне, ки давлатњои намунаи демократияву озодї ба хотири бою сарватманд шуданашон ба аъмоли бад ва паст даст заданд, дар чунин давру замон таъмин намудани рељаи ќонуният ва адолати иљтимої нињоят амали зарурист, унсури мустањкам намудани давлатдорї буда, нињоят арзишманду ќиммат ба њисоб меравад. Њељ як ислоњоти куллї бе таъмин намудани рељаи љиддии ќонуният ба њадаф нахоњад расид. Вале набояд фаромуш кард ва љањд бањри он намуд, ки мубориза дар роњи таъмин намудани ќонуният – ќонунї сурат гирад, вагарна он кўшишу амал худ ба ќонуншиканї табдил хоњад ёфт. Ин нуќта дар маљлиси дар боло зикргардида аз љониби Президенти кишвар хеле хуб барои кормандони маќомоти њифзи њуќуќ таъкид карда шуд, ки дар шароити муосир барои ноил гардидан ба ҳадафҳои волои давлати демократї, ки дар он инсон тавонад озоду баробар рушд ёбад ва тартиботи ҳуқуқиву волоияти қонун таъмин бошад, мақомоти њифзи њуќуќ, хусусан маќомоти прокуратура бояд фаъолияти худро тавре ба роҳ монанд, ки дастовардҳои истиќлолият њифз гардида, риоя ва иљрои бечунучарои қонунњо таъмин карда шавад, ки ин дар айни замон як шакли муњими баланд бардоштани мақоми њуќуќ дар љомеаи муосир мебошад. Ба маънои дигар, ба андешаи ман дар мамлакатњои рў ба инкишоф, ба мисли Тољикистон аз озодии бузург дида, интизому ќонуният муњимтар мебошад.
Солњои охир нисбат ба маќомоти прокуратура њусни таваљљўњ зиёд гашта, њатто Сарвари давлат дар љаласаи њайати васеи мушовараи Прокуратураи Генералї ширкат намуда, масъулияти прокурорњоро оид ба таъмин намудани волоияти ќонун, тањкими ќонуният махсус таъкид карданд, сабаб дар чї буд? Дар њама давру замон, ваќте ки сухан дар бораи таъмин намудани ќонуният меравад, муносибат ба маќомоти прокуратура њамин гуна махсус буд ва боќист. Њатто бо чунин муносибати махсус њануз дар замони Пётри 1 мансаби Генерал прокурор таъсис дода шуда буд. Таъсиси маќомоти прокуратураи Россияи подшоњї ба замони ислоњоти сиёсию иќтисодї, ки аз љониби Пётри 1 дар аввали асри 18 гузаронида шуд, мувофиќ омада буд. Чунки дар замони ислоњот корњои зиёд бо гардиши маблаѓи зиёд ба роњ монда шуда, дар айни замон љинояткорї, суиистифодаи мансаб, хазинадуздї, порахурї зиёд гардида, ин ањвол талаб менамуд, ки маќомоте, ки бо чунин кирдорњо мубориза барад, таъсис карда шавад. Наќши муњимро дар таъсис ва батанзимдарории њуќуќии прокуратура фармони Пётри 1 аз 27 январи соли 1722 «Дар бораи мансаби Генерал-прокурор» бозида, ўро Император чунин ифода намуда буд: «ин рутбае, ки ман таъсис намудам ба мисли чашмони мо ва ѓамхори корњои давлатї мебошад».
Аз ин воќеоти таърихии давлати бо мо дуст, ба асли њоли имрузаамон баргардем, пай бурдан мумкин аст, ки сабабу омилњои муносибати хоса ба маќомоти прокуратура чунинанд:
- якум, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин шуда, дар фаъолияти худ дар назди онњо масъул буда, дар бораи вазъи риояи дақиқ ва иљрои якхелаи ќонунњо дар ќаламрави Тољикистон танњо ба ў ва Маљлиси миллї њисоботдињанда мебошад. Чунин муносибати наздики корї, маъмурию интизомии Прокурори Генералї бо Сардори давлат ба маќоми он бетаъсир набуда, дар њолатњои зарурї нињоят љиддї зоњир мешавад;
- дуввум, вазъи ќонуният дар љодаи таъмини амнияти иќтисодии давлат, вазъи мубориза бар зидди кирдорњои коррупсионї, истифодаи самарабахшу маќсадноки маблаѓњои буљетї, сатњи тафтишоти парвандањои љиноятї боиси нигаронии Сардори давлат гардида, ў чунин таъкид намуд: «маблаѓњои давлативу сармоягузориҳо, аз љумла дар амалисозии лоиҳаҳои муҳими мамлакат ва корҳои сохтмону бунёдкорї бояд зери назорати қатъї қарор дода шаванд ва дар ин самт бояд чунин шароите ба вуљуд овард, ки суистифода аз мансаб, коррупсия ва тасарруфи молу амвол тадриљан ба нестї расонида шавад»;
- севвум, таъиноти назоратии прокуратураро Конститутсияи давлат пешбинї намудааст;
- чорум, вазифаи таъмин намудани волоияти ќонун, тањкими ќонуният ва тартиботи њуќуќї мањз ба зиммаи маќомоти прокуратура гузошта шудааст;
- панљум, ин маќомот дар асоси принсипњое таъсис дода шуда, фаъолият менамояд, ки новобаста аз фарќиятњои мањаллї, таъсироти идоравї ва мансабї вазифањои худро иљро намуда тавонад;
- шашум, ягона маќомоте, ки салоњияти назорати умумии иљроиши ќонунњоро аз болои њамаи вазорату идорањо, кумитаву агентињо, корхонаву муасисањо, ташкилотњо, њизбњо амалї мекунад. Мањз тавассути соњаи назорати умумї прокурор таъиноти конститутсинии худро оид ба таъмин намудани рељаи ягонаи ќонуният дар тамоми ќаламрави кишвар таъмин менамояд. Мављудияти назорат унсури таркибии таъмин намудани ќонуният мебошад.
- њафтум, чунин маќоми њуќуќии прокуратура, ки Конститутсияи давлат муайян намудааст ба манфиати шахс, љомеаву давлат буда, вай бояд бидуни њар гуна андешаву эрод эњтиром карда шавад;
- њаштум, прокурорњо бояд хуб эњсос намоянд, ки њурмату эњтиром аз фаъолияти худи онњо низ вобаста буда, ба он маќом бояд шоиставу муносиб буд.
Дар љаласаи васеи Шўрои амният аз 17 феврали њамин сол Сарвари давлат аз оѓози беасоси парвандањои љиноятї низ боиси нигаронї намуданд, чунки оѓози парвандаи љиноятї оќибатњои љиддии њуќуќї дорад.
Дар љаласаи Шўрои амният мавриди интиќоди Сарвари давлат ќарор гирифтани масъалаи мазкур маънои онро дорад, ки гўё њарчанд ин масъалаи мурофиавист, вале њадалимкон дуруст њал намудани он ба амнияти кишвар иртиботи бавосита дорад. Аз ин рў, шахсони мансабдоре, ки тибќи моддањои 145 ва 146 КМЉ салоњияти оѓоз намудани парвандаи љиноятиро дорад, бояд ба ин масъала муносибати љиддї намуда, дар доираи салоњияти худ амал кунанд. Чунки нисбати шахс оѓоз намудани парвандаи љиноятї маќоми мурофиавии ўро њамчун гумонбаршуда муайян намуда, ба маќомоти давлатї имконият медињад, ки нисбати ў њар гуна њаракатњои мурофиавї, аз он љумла чорањои маљбуркунии мурофиавї, ба мисли њабс ё ба таври маљбурї овардан татбиќ карда шавад. Оид ба ин масъала дар љаласа ќайд карда шуд, ки дар паси парвандањои љиноятї на танњо њуќуќ ва манфиати як нафар шахси гумонбаршуда, балки ањли оила, наздикону пайвандони онњо, обруву нуфузи давлат меистад. Аз ин рў, шахсони мансабдоре, ки тибќи моддањои 145 ва 146 КМЉ салоњияти оѓоз намудани парвандаи љиноятиро доранд, бояд ба ин масъала муносибати љиддї намуда, аз доираи салоњияти ќонунии худ берун набароянд. Бояд зикр намуд, ки иљроиши амиќи њар як меъёри КМЉ ЉТ муњим буда, мурофиа худ тарзи маъруфи аз љониби ќонунгузор муќарраршудаи њимояи њуќуќи шахс, манфиати љомеаву давлат мебошад. Баъзан меъёрњои њуќуќие њастанд, ки худ камбудї дошта, алабатта амалияи маќомоти њифзи њуќуќро нуќсондор менамоянд. Мисол, м. 140 КМЉ ЉТ, ки сабаб ва асосњои оѓоз намудани парвандаи љиноятї ном дорад, сабаби оѓоз намудани парвандаи љиноятї чун асос муайян шуда, асос тањияву пешбинї нашудааст, ки бояд ислоњ карда шавад.
Бо маќсади таҳкими фаъолияти минбаъдаи маќомоти њифзи њуќуќ, аз љумла прокуратура ва мустањкам намудани низоми ќонунияту тартиботи њуќуќї роњбари давлат шаш тадбири мушахас пешнињод намуданд, ки шашуми он ба интихобу љобаљогузории мутахассисони болаёқату баландихтисоси соҳа, љалби ҳарчи бештари љавонон барои хизмат дар маќомоти њифзи њуќуќ, баланд бардоштани маърифату одоби касбии кормандон ва пешгирии ҳама гуна омилҳои коррупсионї, дар рўҳияи ватандўстї, поквиљдонї ва хизмати содиқона ба халќу Ватан тарбия ва ҳидоят кардани онҳо бахшида шудааст.
Дар њамин росто, саволе ба миён меояд. Мусаллам аст, ки кайњо асоси иќтисодии љомеа дигар шудааст, моликияти хусусї асоси муайянкунандаи аксарияти муносибатњо гардидааст, давлат аз давлати зуроварию тоталитарї ба давлати демокративу љомеаи шањрвандї табдил ёфтааст, магар ин њама ба тафаккури мардуми мо таъсир накард, ки њанўз касби судяву прокурору милитсия дар назди љомеа, волидайн ва довталабон маќоми нињоят баланд дорад?
Агар мо аз ишора ба моликияти хусусї – андешаи асоси бењбудии зиндагии њар кас аз молу мулк ва касбу њунараш вобастагї дорад ва ё аз давлати «зур» - зурии маќомот ва њурмату эњтироми маќомдорони он (судяву прокурору милитсия) гуфтанї бошем, пас мо дуруст пай бурдем, ки мардум ба моликияти хусусї рўй овардааст, вале ба мўњтарам будани њуќуќ ба моликияти хусусї њануз эътимоди ќавї пайдо накардааст, ва ё гумон мекунад, ки љомеаи шањрвандї ин њамон љомеаест, ки тавассути маќомоти давлатї, зурии милитсияву прокурор идора карда мешаваду доштани ин гуна маќому вазифа кифоя аст, ки зиндагии муњташам дошта бошї.
Бо чунин андеша ба ин масъалањои бунёдї - моликияти хусусї ва љомеаи шањрвандї муносибат намудан иштибоњ буда, аз мо талаб менамояд, ки дар ин самт кор кунем. Яъне, мо бо гуфтор ва рафторамон бояд эътимоди мардумро ба муњтарамии моликияти хусусї, ба дахлнопазир будани он зиёд гардонем, дуруст талќин намоем, ки дар ќатори дигар шаклњои моликият - моликияти хусусї моќоми баробар дошта, њифзи њуќуќии он кафолат дода мешавад (м.12 Конститутсияи ЉТ), моли инсон ба мисли љонаш муњтарам аст. Чунки дар љомеаи озод наќши моликияти хусусї калон буда, мањз таъмин намудани истиќрори тартиботи дахлдори њуќуќї ва кафолати њифзи њуќуќ ва манфиати ќонунии соњибмулкон имконият медињад, ки иќтисодиёт рушду нуму ёбад, сатњу сифати зиндагии шахс низ дар заминаи истифодаи моликияти хусусї бењтар гардад, дар чунин шароит шояд як андоза талабот ба касби судяву прокурору милитсия камтар гардида, љавонон рў ба кор (бизнес) биёранд. Ин танњо шояд яке аз ангезањои интихобу ихтиёр намудани касбњои соњаи њуќуќшиносї бошад.
Љомеаи шањрвандї – дигар љомеаи синфие нест, ки тавассути маќомоти давлатї њукмронии як синф аз болои синфи дигар таъмин карда шавад. Љомеаи шањрвандї љомеаест, ки дар он худи давлат чун як унсури ин љомеа ва шакли ташкили њокимияти омма дониста шуда, њамагуна гуна фарќиятњои миллию нажодї, пулию молї муњим набуда, инсон њамчун бунёдгузор ва шањрванди ин ташкилоти сиёсї, сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї мањсуб шуда, дар ба њаёт татбиќ намудани он наќши њалкунанда дорад ва њељ як мафкура, аз љумла шахсї, гурўњї, њизбї ё динї чун мафкураи ягонаи давлатї эътироф намешавад, инсон, њуќуќ ва озодињои ў арзиши олї эътироф шуда, онҳо мақсад ва мазмуни њамагуна фаъолияти давлатиро муайян намуда, муносибатњои муњими њокимият бо шахс тавассути меъёри њуќуќ ба танзим дароварда шуда, аз љониби њокимияти судї таъмин карда мешавад. Ва ин ќоидањои маъмули назарияи љомеаи шањрвандї, дар Конститутсияи мо, хеле густурда мустањкам карда шудааст. Дар љомеаи шањрвандї њама хизматчиёни давлатї, аз он љумла милитсияву прокурорњо дар хизмати давлат буда, музди кори онњо аз бењбудии шароити иќтисодиву иљтимоии шањрвандон, шахсони њуќуќї, ки андозсупоранда мебошанду аз њисоби онњо низ буљети давлат ѓанї мегардад, вобастагї дорад. Гузашта аз ин, - «мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан ва давлату миллат, поквиљдонї, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд» мегўянд,– сардори давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон.
Њаминљо бояд таъкид намуд, ки мо бо муносибат, бо фаъолияти муназзами маќомоти њифзи њуќуќ муњтарамии моли инсонро таъмин намоем, ба фаъолияти озоду баробари иќтисодї, соњибкорї ва тиљорат шароити васеъ фароњам орем, дар чунин сурат тавассути афзун гаштани даромади ањолї буљет низ зиёд гашта, вазъи молиявии маќомот низ баланд шуда, ишѓоли вазифа ва мансаб на аз рўи њисси манхоњиву, «ман зур», муњташамии мансабу вазифа, обрую эътибори рўякї, балки аз рўи хизмати содиќона ба халќу ватан, сатњу сифати хизмат, таъмин намудани тартиботи њуќуќї, бехатарии љамъиятї, кам кардани љинояткорї, њаљми музди кор сурат мегирад. Дуруст аст, ки хизмати давлатї бояд подоши муносиб дошта бошад. Дар ин самт чораљўињо доимї идома дошта, подоши кормандони маќомоти њифзи њуќуќ дар чанд соли охир ќариб панљоњ маротиба зиёд шудааст. Вале воќеият њамин аст, ки дар сектори хусусї, алалхусус дар соњаи тиљорату савдо, истењсолот, сохтмон, хизматрасонї музди кор нисбат ба хизмати давлатї зиёдтар аст. Аз ин рў, агар мо мансабњои судяву прокурору милитсияро бо нияти дарёфти маблаѓи иловагии ѓайриќонунї ва даромади муфт ишѓол намоем, ногузир ба фасод гирифтор шуда, на танњо уњдадорињои вазифавии худро дуруст иљро карда наметавонем, балки зиндагиамонро талх намуда, ба қудрату тавоноии давлат зарари љиддї расонида, вазифањоро банд намуда, намегузорем, ки дигарон бо дасту дили пок адолати иљтимої ва зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакатро таъмин намоянд. Аз ин назар хулоса чунин аст, ки пеш аз интихоби касб дар мактабу оила мавзўи интихоби шуѓл, пањлуњои гуногуни он, аз он љумла музди моњонаи касбњо ба љавонон воќеанигорона, бо эњтиёт фањмонида дода шавад. Роњи дигари талќин намудани њамин воќеият ба љавонон хизмати шоиста, фидокорона ва содиќонаи кормандони имрўзаи маќомоти њифзи њуќуќ мебошад. Бењбудии зиндагии мо пеш аз њама аз таъмин намудани оромию субот, истиќрори муносибатњои ќонунї ва адолати иљтимої вобастагии зич дорад. Бинобар ин, волидайн, довталаб, љомеа, њама бояд ба таври ќатьї итминон дошта бошанд, ки прокурор, судя, муфаттишу милитсия танњо бар асоси музди мењнат зиндагонии мўътадилу хоксорона, њалолу покиза доранд.
Дар ин љода сатњи тайёрии касбии њуќуќшиносон муњим аст. Сатњи тайёрии касбии њуќуќшиносоне, ки имруз мактаби олиро хатм менамоянд, бад нест. Њар сол теъдоди зиёди хатмкунандагон бо бањои хубу аъло донишгоњро хатм мекунанд, њастанд донишљўёне, ки аз атестатсияи давлатї гузашта наметавонанд, - ин љараёни муќаррарї аст. Вале набояд фаромуш намуд, ки макотиби олї барои њама нест, тањсилоти олиро интихобшудагон, нафароне сазоворанд, ки истеъдоду ќобилият дошта, мактаби миёнаро бо бањои хубу аъло тамом намуданд ва завќи баланди хониш ва аз худ намудани ихтисосро доранд. Давлат барои онњо њамагуна шароитро фароњам меорад, бо манзилу идрор таъмин менамояд, аз хизмати њарбї озод мекунад, ва аз ў умед дорад, ки онњо оянда дар соњахои гуногуни хољагии халќ иќтисодчиву њуќуќшиноси хуб, инженеру сохтмончї, табибу омузгор шуда, ояндаи дурахшони ин давлату миллатро месозанд. То ба њамин солњо мактаби олї ба љузъ аз тайёр намудани мутахассис боз таъинотњои дигари иљтимоиро иљро намуд, вале акнун ваќте расидааст, ки дар мактаби олї мутахассиси раќобатпазири замонавиро ба воя расонем. Аз ин рў, оид ба баланд намудани сифати таълим новгонињои гуногун, ба мисли ба низоми кредитї гузаштан, истифода намудани усулњои фаъоли таълим, тайёр ва пањн намудани версияњои электронии лексияњо, чоп намудани китобу воситањои таълимї, ба таври васеъ истифода намудани воситањои техникии иттилоотї, тайёр намудани омузгорони унвондор ва дањњо дигар чорабинињо андешида шуда истодааст.
Яке аз чунин чорабинињое, ки дар сатњи давлат роњандозї карда шуд, ин тариќи ММТ ќабул намудани довталабон буд. Сатњи дониши донишљўёне, ки тавассути Маркази милли тестї ќабул шудаанд, дар маљмўъ нисбат ба солњои пешин хуб гардидааст. Чунки лексия, гузаронидани машѓулияти семинарї, дарсњои мустаќилона, ќабули рейтингу имтињон нишон медињад, ки: - аввал, 15-20 фисади донишљўён истеъдоди хуби гуш кардан, тањлил ва аз худ намудан, хулоса бароварданро дошта, завќи баланди дар дарс иштирок намуданро доранд, нутќи хуб доранд, сухан гуфта метавонанд, ду-се забонро медонанд, бо бањои хубу аъло семестри аввалро љамъбаст намуданд; - дуввум, донишљўён аз ќишрњои гуногуни ањолии минтаќањои љумњурї ќабул шуданд; - севвум, зимни љараёни дарс пай бурдан мумкин аст, ки дониш ва љавобњои иддае аз донишљўён бештар характери ќолабї-тестї дошта, донишљўй ба моњият ва мазмуни масъала дуруст сарфањм нарафтаасту ба саволи «барои чї», љавоб гуфта наметавонад. Бинобар ин, минбаъд ба ММТ зарур аст, ки боз бештар технологияи санљиши саводу донишро равнаќ дињад, ба донишњои равиявї аз рўи самту ихтисосњои гуногун диќќати љиддї дињад. Вазъи кунунии усули имтињони тестї таќозо мекунад, ки шояд сабти шифоњию овозии љавоб ба саволњои моњиятдор аз ањамият холї набошад.
Бањри бењбудии сифати таълим ва тарбияи њуќуќшиносон коллективи факултети њуќуќшиносии ДМТ солњои охир корњои нињоят зиёдро ба анљом расонидааст, аз ќабили: - иштироки фаъол дар тањияи стандарти маълумоти олии њуќуќшиносї; - коркарди наќшаи нави таълимї; - љорї намудани ихтисосњои нав; - омода намудани устодони дараљаи илмї дошта; - бо техникаи замонавї таъмин намудани љараёни дарс; - таъмин намудани донишљўён бо версияњои электронии васоити таълимї; - аз чоп баровардани китобњои дарсї, васоити таълимї, тафсири кодексу ќонунњо, сохтмони биноњои нави таълимї, китобхонаву лабараторияњо ва дањњо дигар тарњу наќшањо амалї карда шуданд.
Бо маќсади ба њаёт пиёда намудани дастуру супоришњои Сардори давлат оид ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбия намудани њуќуќшиносони болаёќат, ки забони англисиро хуб медонанд, дар асоси супориши Ректори ДМТ проф. М. С. Имомов, бо роњбарии декани факултети њуќуќшиносї д.и.њ. Э. Насурдинов устодони факултети њуќуќшиносї барномаеро тањия намуда, дар он роњ ва усулњои рушди факултети њуќуќшиносиро барои солњои 2015-2020 нишон доданд. Барномаи рушди факултети њуќуќшиносии ДМТ барои солњои 2015-2020 аввалин барномаест, ки дар таърихи факултет тањияву тасдиќ карда шуда, бо маром, давра ба давра рушду инкишофи факултети њуќуќшиносї дар он нишон дода шудааст. Ин барнома дар љаласаи васеи коллективи кормандони факултети њуќуќшиносї муњокима ва тасдиќ карда шуд, ки тадбирњои зиёдеро бањри бењбуд намудани сифати таълим ва тарбияи њуќуќшиносони оянда дар бар гирифтааст.
Саволе ба миён омаданаш аз эњтимол дур нест. Магар имтињон ба сифати таълим таъсир мерасонад? Оё бе имтињон фан ё ихтисоси муайянро ё њунари муайянро аз худ намудаву ёд гирифтан мумкин нест? Дар воќеъ мавзўъ ё фаннеро аз худ намудан мумкин аст, вале бе имтињон тахассус ё касберо, ки иљрои онро ќонун бар зиммаи касбдорон мондааст, ба касе бовар намудан амали судманд нест. Бинобар ин, дар низоми маориф зимни аз худ намудани фан имтињон проседураи лозима буда, дар наќшаи таълимї ва сарбории омўзгор муайян карда шудааст. Бањо дар машѓулияти семинарї, санљиш ва имтињон шаклњои гуногуни мониторинги дониши андухта буда, савияи дониш аз љониби устод, мутахассиси соња санљида шуда, аз рўи љадвали панљхола бањогузорї карда мешавад.
Дар имтињонњои љорї дониши донишљўй пеш аз њама мањз аз љониби устоди ў санљида шуда, дар сурати норизо шудан дар њайати комиссияи имтињонї ва њангоми хатм аз љониби КАД бояд санљида шавад. Аппелятсия чун зинаи њатмии шикоят муайян карда шуда, бояд таќвият дода шавад, то њар як донишљўи норизо тавонад њаќќи худ ва адолатро талаб намояд.
Дар љомеа таќсимоти љамиятии мењнат ба роњ монда шуда, имтињон ин љузъи таркибии маќоми вазифавии устод буда, бояд одилона ва воќеанигорона аз љониби ў сурат гирад. Вагарна дар сурати иштироки номиналии омўзгор дар имтињон, ў аз ин љараён дур шуда, ба вазъи њуќуќии ў њамчун субъекти фаъоли таълим мутобиќат намекунад ва ин њолат ногузир уро аз субъекти фаъол ба субъекти ѓайрифаъол табдил медињад.
Дар даврањои гуногуни таърихї, масалан дар замони шуравї муносибат ба њамин масъала яксон набуд. Дар он давра моликият љамъиятї буда, њамаи корњо аз нуќтаи назари манфиати љамъияту давлат, манфиати коллектив њаллу фасл карда шуда, руњияи дастаљамъонаи корњо бештару афзалтар буда, њамаи кор, аз он љумла шурўъ аз боѓчаи бачагон, мактаби миёна, мактаби олї, бо кадр таъмин намудани корхонаву муассисаву ташкилот ва маќомоти давлатї аз рўи наќшаи давлатї буд. Мактаббачагон дар овони мактабхонї медонистанд ва эътиќоду боварии комил доштанд, ки агар хуб хонї њатман ба мактаби олї дохил мешавї ё донишљўён медонистанд, ки мактаби олиро хуб хатм намої њатман ба кор тавсия мешавї.
Дар замони муосир дар давлати демокративу љомеаи озод шароит комилан дигар аст. Љавонони мо имрўз, аз як тараф хеле пешрафта буда, фаъолияташон, зиндагиашон серпањлу мебошад. Баъзе аз љавонону наврасони имрўза дар овони мактабхониашон дар озмунњои гуногуни илмию таълимї иштирок намуда, якчанд забони хориљиро медонанд, то њатто дар мактабњои хориљї тањсил мекунанд. Дар њамин рузњо аз Тољикистон зиёда аз 2000 толибилм шояд дар кишварњои хориљї тањсил намоянд. Аз дигар тараф, наврасону љавононе њастанд, ки ба тиљорату савдо ва ё дар истењсолот машѓул буда, кори худро аллакай ба роњ монда, дар зиндагии маќомои худро ёфта, муваффаќ њам гаштаанд. Ин талаботи љомеаи озод аст. Љомеаи озод таќозо менамояд, инсонњо низ озод бошанд. Дар шароити љомеаи озод андеша, тафаккур, шахс озод буда, на њамеша аз љониби ќонун њама пањлуњои муносибатњои љамъиятї ва шахсї ба танзим дароварда мешавад. Мисол, дар замони шуравї, агар талаботи давлат дар як сол 50 нафар њуќуќшинос буд, њамин 50 нафар ќабул карда шуда, маблаѓгузорї мешуд ва аксарияти онњо ба кор бо роњхат таъмин карда мешуданд. Имрўз њарчанд талаботи воќеии давлат ба кадри њуќуќшинос шояд андаке аз 100 нафар зиёдтар бошад, вале чун ќоида ва аз рўи зарурат дар гуруњњои шартномавї теъдоди зиёдтари донишљўён ќабул карда мешавад, то ки музди кори омўзгорон ва шароити дурусти таълимї ба донишљўён таъмин карда шавад.
Дар миёни шумораи зиёди хатмкунандагон, ки њама ниёзманди љои коранд, оид ба дарёфти он муборизањои љиддї ба вуќўъ пайваста, то њатто ин њолат ба њар гуна дахолаткунї ба кори љобаљогузории кадрњо оварда расониданаш аз эњтимол дур нест. Аз ин рў, Сардори давлат ба таври љиддї таъкид намуданд, ки бо мақсади интихобу љобаљогузории мутахассисони болаёқату баландихтисоси соҳа, љалби ҳарчи бештари љавонон барои хизмат дар мақомот, баланд бардоштани маърифату одоби касбии кормандон ва пешгирии ҳама гуна омилҳои коррупсионї, дар руҳияи ватандўстї, поквиљдонї ва хизмати содиқона ба халќу Ватан тарбия ва њидоят кардани онњо тадбирҳои мунтазам андешида шавад.
Бо маќсади њадалимкон иљро намудани дастуру супоришњои Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон аз 2 феврали соли 2015 аз љониби Прокурори Генералии Љумњурии Тољикистон Ю. А. Рањмонов фармоне ба тасвиб расонида шудааст, ки мувофиќи он ба маќомоти прокуратура дар оянда ба воситаи таќсимот бе мамониат ба кор ќабул намудани хатмкунандагони факултети њуќуќшиносї иброз карда шудааст. Чунин муносибат ба талаботи банди 3-ми Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї, ки аз 20 майи 2009 сол Президенти кишвар тасдиќ намудааст, мувофиќ буда, њавасмандиву боварию эътиќоди донишљўёнро ба хониш ва натиљаву љамбасти он зиёд мегардонад. Савол ба миён омаданаш мумкин аст, ки оё дигар бо роњи озмун ба маќомоти прокуратура ба кор ќабул карда намешавад?
Дар оянда бо роњи озмун ба маќомоти прокуратура ба кор ќабул карда мешавад. Чунки мувофиќи м. 18 Ќонуни ЉТ «Дар бораи хизмати давлатї» ишѓол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатї бо роњи озмун сурат мегирад. Вале тибќи б.з Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї мутахассиси љавон бидуни озмун дар асоси роњхат ба кор ќабул карда мешаванд. Тибќи м. 18 Ќонуни конститутсионї «Дар бораи маќомоти прокуратура дар ЉТ» прокуратура маќомоти ягонаи марказонидашудае буда, онро Прокурори Генералї сарварї мекунад, масъалаи ба кор ќабул ва аз он озод кардан сирф ба салоњияти истисноии у мансуб аст. Дар сурати пайдо шудани љойњои холї у метавонад њар ду роњро истифода кунад. Њамин њоло, Прокурори Генералї яке аз ду роњи асосии ќабул ба кор дар маќомоти прокуратураро, яъне дар асоси роњхат чун мутахассиси љавон бидуни озмунро пешаву иброз намудааст. Дар фармон омадааст, ки дар оянда ба воситаи таќсимот бе мамониат ба кор ќабул намудани хатмкунандагони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи милли Тољикистон њамчун як роњи баланд бардоштани њавасмандгардонии хониши хубу аълои донишљўён дониста шудааст.
Вазъи хуби адолати иљтимої ва ќонуниятро дар ЉТ њар яки мо дар љои худамон худ таъмин менамоем. Чунки адолати иљтимої мафњуми васеъ буда, дар таъмину љорї намудани он њама, шурўъ аз оилаву коллектив то суду дигар маќомоти давлатї иштирок менамоянд. Вазъи адолати иљтимої дар љамъияти мо аз мову шумо вобастагї дорад. Мисол, агар мо нисбат ба майдатарин амали ноодилона, ќонуншикание, ки вомехурем беъэтиною бепарвої зоњир намоем, бигзор хеле пассив бошад њам ба он таъсир нарасонем, аз ќонуншикание, ки бо мо рух медињад бо маќомоти давлатї њамкорї накунем, касе њаќќи моро аз пеши худ ба мо оварда намерасонад.
Мо бояд ба ќадри оромиву сулњу субот ва таъмини соњибихтиёрии давлатамон расем ва њама чун як тан дар мењвари сиёсати созандагии Сардори давлатамон, муњтарам Эмомалї Рањмон муттањид шавем. Ба мо лозим аст, ки њар кас дар љои худаш бо дасту дилу пок вазифаашро дар сатњи хуб ба иљро расонад, ќонунњои љумњуриро риоя ва иљро кунад, боварии комил дорам, ки ояндаамон аз ин њам хубу бењтар хоњад шуд.
Профессори кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории ДМТ,
доктори илмњои њуќуќуќшиносї З.Њ. Искандаров.
[1] Эмомали Рањмон. Маърўза дар љаласаи васеи њайати мушовараи Прокуратураи Генералии Љумњурии Тољикистон аз 10. 07. 2014 сол, соати 12:49, ш. Душанбе, сайти расмии Президенти ЉТ www.president.tj.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07