Ќурбонов Ќурбон Бобоевич – номзади илми њуќуќ, дотсенти кафедраи њуќуќи граждании факултети њуќуќшиносии ДМТ
Яке аз падидањои нави муњим дар идоракунии давлат ва амалинамоии сиёсати давлатї баъд аз ба даст овардани истиќлолият ин паёмњои њамасолаи Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї мебошад. Хусусияти ин санад дар он аст, ки моњияти сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатро дар њама соњањои њаёти љамъиятию давлатї фаро мегирад. Аз ин рў, тарњрезї ва амалинамоии ин сиёсат яктарафа – танњо аз љониби маќомоти иљроия дар симои Президенти мамлакат сурат нагирифта, он дар алоќамандї бо нињоду сохторњои дигари давлатї пиёда мегардад. Аз њамин љост, ки тибќи ќисми 3 моддаи 55 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон Президент дар љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон бо паёми худ дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї баромад менамояд. Табиист, ки яке аз самтњои муњими сиёсати давлатї ин сиёсати њуќуќї ва ќонунгузорї мебошад.
Дар Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон, ки 23 январи соли 2015 ироа гардида буд, ба масъалаи сиёсати ќонунгузорї диќќати љиддї дода шуда, дар он баъзе дастуру нишондодњое садо доданд, ки барои такмили минбаъдаи ќонунгузории оилавї замина мебошанд.
Тањлили сиёсати пешгирифтаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон тайи солњои охир нишон медињад, ки ба устувории оила диќќати љиддї дода мешавад. Дар Паёми навбатї низ Президенти кишвар аз афзоиши барњамхўрии оилањо изњори нигаронї намудааст. Аз љумла ќайд гардид, ки «Мувофиќи маълумоти оморї соли 2014 аз 95500 аќди никоњи ба ќайд гирифташуда 9 њазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 фоиз зиёд аст». Сабаби ин њолат, пеш аз њама, омода набудани љавонон ба зиндагии мустаќилона тавзењ дода шуд.
Дар баробари ин, ду сабаби асосие номбар карда шуданд, ки боиси таваллуди фарзандони маъюб ва пошхўрии оилањо дар кишвар мебошанд:
1) никоњ байни хешу табори наздик. Президенти љумњурї ќайд намуданд, ки «Дар миёни љавонон њолати никоњи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кўдакони маъюб гардида истодааст.
Имрўз дар ќаламрави кишвар ќариб 13 њазор нафар кўдакону наврасони маъюби то 18-сола аз љониби давлат нигоњубин карда мешаванд.
Бештари ин кўдакон маъюби модарзод буда, аз никоњи хешовандї, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандї ба дунё омадаанд»;
2) «Сабаби дигари пош хўрдани оилањо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббї хонадор карда, вазъи саломатии онњоро ба эътибор намегиранд».
Дар њамин росто Президенти Љумњурии Тољикистон ќайд намуданд, ки муќаррароти моддаи 15 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон дар бобати муоинаи ихтиёрии ройгони тиббии шахсони никоњшаванда истифода намегардад.
Бо дарназардошти омилњои мазкур Президенти Љумњурии Тољикистон вазоратњои тандурустї ва њифзи иљтимої, адлия, кумитањои кор бо занон ва оила, оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллиро вазифадор карданд, ки масъалаи муоинаи њатмии пешакии тиббии издивољкунандагон ва пешгирї намудани никоњи байни хешовандони наздикро якљо бо мардум ва љомеаи шањрвандї њаматарафа омўхта, ба Њукумат таклиф пешнињод намоянд.
Азбаски масъалаи мазкур бевосита ба ду моддаи Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон (моддањои 14 ва 15) иртибот дорад, тањлили адабиёти илмї ва ќонунгузории дигар давлатњо аз ањамият холї нест.
Айни замон тибќи сархатњои дуюм-чоруми моддаи 14 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон бастани аќди никоњ байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибї бо набераи худ), байни бародарону хоњарони айнї ва ѓайриайнї (ки аз як падар ё модаранд), байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон манъ гардидааст. Чуноне мебинем, ќонунгузории оилавї на танњо асосњои ахлоќию маънавї, балки солимии аъзои оиларо низ њимоя мекунад. Дар атрофи бастани никоњ байни хешовандони наздик дар адабиёти њуќуќї аќидањои мухталиф баён шудааст. Њанўз дар ибтидои солњои навадуми асри гузашта О.У. Усмонов ва М.А. Мањмудзода ба масъалаи мазкур дахл намуда, фикру аќидањои худро баён намуда буданд[1]. Муњаќќиќони дигар - М.Љ. Бурњонова ва Ш.К. Бадалов низ љонибдори онанд, ки номгўи дараљаи хешие, ки боиси монеаи бастани аќди никоњ мегардад, бояд васеъ карда шавад. Барои мисол онњо таљрибаи дигар давлатњоро овардаанд. Дар Швейтсария бастани аќди никоњ байни фарзандони бародару хоњар, амак ва љиян ва мисли инњо манъ шудааст[2] (мушоњидањо нишон медињад, ки бастани аќди никоњ дар байни бародару хоњарзодањо дар мо хеле зиёд ба чашм мерасад). Мувофиќи таълимоти динї низ барои бастани аќди никоњ ќаробати хунї то дараљаи чорум ва ќаробати ширї то дараљаи дуюм (хоњар, модар, духтар, холаву амма, духтари бародар, духтари хоњар, модари њамсар, модаре, ки шир додааст, тарбиякунанда ва ѓайра барои мард) монеа мебошад[3].
Олимони рус (М.В. Антоколская, Е.М. Ворожейкин, О.Ю. Косова, A.M. Нечаева, Л.М. Пчелинсева, В.А. Рясенсев, Г.М. Свердлов, Н.Н. Тарусина ва ѓайра)[4] низ дар натиљаи тадќиќот ба хулосае омадаанд, ки бо назардошти омилњои тиббию генетикї, маънавї ва ахлоќию эстетикї байни амак, таѓо, амма, хола ва љиянњо, бародару хоњарзодањо бастани аќди никоњ манъ карда шавад, чунки тибќи нишондодњои тиббї дар дараљањои сеюм ва чоруми хешї эњтимолияи патологияи ирсї бештар аст.
Барои њалли масъалаи дараљаи хешие, ки барои бастани аќди никоњ монеа мегардад, ба андешаи мо, бояд намояндагони соњаи тиб нуќтаи охиринро гузоранд (аз њамин нигоњ аст, ки Президенти Љумњурии Тољикистон супоришро якум ба Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон доданд). Мутахассисони соњаи тиб бояд муайян кунанд, ки кадом дараљаи хешї хавфи таваллуди фарзандони маъюбро ба вуљуд меорад. Агар тањлилњои дахлдор гузаронида шуда, чунин дараљаи хешї муайян гардад, пешнињод дорем, ки дар моддаи 14 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон сархатњои дуюм-чорум якто карда шуда, хешовандони наздике, ки байни онњо бастани аќди никоњ мумкин нест, дар дохили ќавсайн бапуррагї нишон дода шаванд.
Дар масъалаи муоинаи тиббии пешакии шахсони издивољкунанда низ наќши кормандони соњаи тиб бузург аст. Чуноне медонем, њоло тибќи моддаи 15 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон чунин муоина ихтиёрї ва ройгон мебошад. Тибќи дастури Президенти кишвар бояд масъалаи њатмї намудани чунин муоинаи тиббї омўхта шуда, ба Њукумати љумњурї таклифњо манзур карда шаванд.
Бояд ќайд намуд, ки ба масъалаи мазкур низ дар адабиёти њуќуќї аќидањо баён шудааст. Мушкилоти мављударо дар Тољикистон баррасї намуда, муаллифон Бурњонова М.Љ. ва Бадалов Ш.К. пешнињод намудаанд, ки пешбинї намудани муоинаи њатмии шахсони никоњшаванда яке аз роњњои пешгирї ва пањншавии беморињои муайян мебошад. Чунин таљриба дар давлатњои мутараќќии љањон низ мушоњида мегардад. Масалан, дар Фаронса бо маќсади таъмини солимии насл ќонунгузор барои бастани аќди никоњ нисбат ба шахсоне, ки гирифтори беморињои муайян мебошанд, мањдудиятро пешбинї кардааст[5]. Талаби муоинаи њатмии пешакї дар давлатњои Белорусия, Латвия, Украина, Ўзбекистон ва ѓайра низ мављуд мебошад.
Барои њатмї намудани муоинаи тиббї њалли як ќатор масъалањо муњим мебошад:
1) номгўи беморињое, ки издивољкунандагон бояд нисбати онњо муоина шаванд[6]. Имрўз дар соњаи тиб номгўи зиёди беморињое маълуманд, ки гузаранда ва сироятї буда, боиси носолимии оила мегарданд. Масалан, яке аз чунин беморињо вируси норасоии масунияти бадан мебошад, ки ба ин масъала диќќати хоссаи Президенти љумњурї равона гардида, ќайд гардид, ки «Гирифторони он дар кишвар имрўз беш аз шашуним њазор нафарро ташкил медињанд, ки чунин вазъ боиси ташвиши љиддии Њукумати мамлакат ва ањли љомеа мебошад».
Ин љо саволи муњим ба миён меояд, ки оё муассисањои тиббї дар тамоми њудуди Тољикистон имконияти ташхиси њама намуди бемориро доранд ё не. Дар љойњое, ки чунин имконият нест, зарурати ба марказњои ноњия ё вилоятњо мурољиат кардани онњо ба миён омада, дар бастани аќди никоњ душвориро эљод мекунад. Аз ин рў, зарфияти (потенсиали) Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон дар њалли ин масъала бисёр муњим аст;
2) масъалаи музднок ё ройгон амалї намудани муоинаи тиббии издивољкунандагон бояд њал карда шавад. Масъалаи мазкур бо масъалаи якум алоќаи зич дорад. Вобаста ба доираи беморињое, ки нисбати онњо муоина гузаронида мешавад, њаљми харољот фарќ карда метавонад;
3) муайян намудани оќибати риоя накардани талаботи муоинаи њатмии тиббї.
Ба андешаи мо, бо дарназардошти тадќиќот ва пешнињодњои мутахассисони соњаи тиб бояд муоинаи тиббї њатмї гардонида шуда, њамчун шарти бастани аќди никоњ пешбинї гардад. Њангоми бастани аќди никоњ кормандони САЊШ дар баробари пешнињоди дигар њуљљатњое, ки дар ќисми 1 моддаи 35 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи баќайдгирии давлатии асноди њолати шањрвандї» пешбинї гардидаанд, бояд маълумотномаи тиббиро оид ба вазъи саломатии издивољкунандагон талаб намоянд.
Барои роњандозии муоинаи њатмии тиббї зарур аст, ки дар моддаи 15 Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон таѓйироти дахлдор ворид карда шуда, тартиби гузаронидани он ба низомномаи махсусе, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунад, њавола карда шавад.
[1] Ниг.: Усмонов О., Мањмудов М. Њуќуќи оилавии Љумњурии Тољикистон. Душанбе, 1994.
[2] Ниг.: Бурњонова М.Љ., Бадалов Ш.К. Њифзи њуќуќњои занон дар доираи њуќуќи оилавии Љумњурии Тољикистон. Душанбе, 2013. С.46.
[3] Ниг.: Усмонов О., Мањмудов М. Њуќуќи оилавии Љумњурии Тољикистон.С.24.
[4] Ниг.: Победоносцев К.П. Курс гражданского права. Часть 2: Права семейственные, наследственные и завещательные. М., 2003. С. 33; Шершеневич Г.Ф. Учебник русского гражданского права (по изд. 1907 г.). М., 1995. С. 414; 7 Мейер Д.И. Русское гражданское право: В 2 ч. (По испр. и доп. 8-му изд., 1902). 2-е изд., испр. М., 2000. С. 722; Рясенцев В.А. Советское семейное право. М., 1982. С. 74-75; Антокольская М.В. Семейное право. М., 2001. С. 114—115; Косова О.Ю. Семейное и наследственное право России. М., 2001. С. 74—75; Тарусина Н.Н. Семейное право. М., 2001. С. 55; Нечаева А.М. Семейное право. Курс лекций. М., 2001. С. 93—95; Пчелинцева Л.М. Семейное право России. М., 2004. С. 97; Ворожейкин Е.М. Семейные правоотношения в СССР. М., 1972. С. 24-42.
[5] Ниг.: Бурњонова М.Љ., Бадалов Ш.К. Њифзи њуќуќњои занон дар доираи њуќуќи оилавии Љумњурии Тољикистон. С. 48-49.
[6] Дар таљрибаи байналмилалї одатан барои беморињои гемофилия, талассемия, гепатит, БПНМ ва баъзе беморињои зуњравї чунин мањдудият пешбинї шудаанд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07