ассистенти кафедраи њуќуќи
граждании факултети њуќуќшиносии
Донишгоњи миллии Тољикистон
Калидвожањо: ќонунгузории замин, ислоњоти замин, ислоњоти кишоварзї, таносуби онњо, мафњум, маќсад, вазифа ва самтњои асосии ислоњоти замин.
Ключевые слова: земельное законодтельство, земельной реформы, аграрной рефмормы, понияте, задачи, цель и основные направления земельной реформы.
Keywords: land zakonodtelstvo, land reform, agrarian refmormy, poniyate, objectives, purpose and main directions of land reform.
Вобаста ба моњияти худ њар як ислоњот (ислоњоти њуќуќї, ислоњоти кишоварзї, ислоњоти сиёсї, ислоњоти иќтисодї, ислоњоти судї), аз љумла ислоњот дар соњаи замин ба асосњои иќтисодии давлат вобастагї дорад. Дар навбати худ ислоњоти замин њамчун масъалаи таъмини бозори озуќа, инкишофи сиёсати инвеститсионї, идоракунї ва танзими муносибатњои иќтисодии давлат, рушди иљтимої ва пурра ба амал баровардани захирањои кишоварзї ва ѓайрањо баромад карда метавонад[1].
Ба аќидаи тањлилгарони соња ислоњоти замин мањаки ислоњоти соњаи кишоварзиро ташкил медињад. Њамчун воситаи муњим ва асосии фаъолияти кишоварзї ин замин аст, ки манфиати иќтисодии дењќонон аз он бармеояд, муњаррики тавонои инкишоф аст. Бинобар он, таъсиси хољагињои дењќони (фермерї) дар кишвар, натанњо њуќуќи соњибї ва истифодабарии заминро барои дењќонон муайян мекунад, балки яке аз заминањои асосии гузариш ба маљрои табии фаъолияти иќтисодї, яъне муносибатњои бозорї мебошад.[2]
Љумњурии Тољикистон (ЉТ) дар давраи гузариш ба иќтисоди бозорї ќарор дорад. Дар ин давра зарур аст, ки тамоми соњањо ба талаботи ин раванд, яъне талаботи иќтисоди бозорї мутобиќ гардонда шавад, аз љумла муносибатњои заминистифодабарї, бар акси њол иќтисодиёти мамлакат бо низом рушд нахоњад кард.
Дар кишвар самти муњими ислоњот ба маљрои муайян ворид намудани соњаи кишоварзї аст, ки аз ислоњоти замин ва муносибат ба он сарчашма мегирад.
Имрўз дар кишварамон ислоњоти иќтисодї идома дошта, шакли моликият ва муносибат ба он таѓйир ёфта истодааст. Яке аз самтњое, ки бештар аз дигар соњањо ба ислоњот ниёз дорад, замин ва истифодабарии оќилонаи он аст ва рушди бонизоми иќтисодиёти љумњуриамон аз он вобастагии зиёд дорад. Аз ин љост, ки ташкилоту корхонањои соња тањти ислоњот ва азнавташкилдињї ќарор додашуда истодаанд, ки бо маќсади суръатбахшии ислоњоти замин ва бењтар намудани истифодаи замин буда ба Кодекси замини ЉТ (Ќонун аз 01.08.12, №891) ислоњотњо ворид карда шудаанд, ки дар асоси онњо ба шахсони воќеї ва њуќуќии ЉТ пулакї ё бепул, бемуњлат, муњлатнок ё истифодаи якумраи меросї ќитъаи замини бо њуќуќи бегона кардан истифодаи замин дода мешавад.
Яъне, ду намуди (категорияи) заминистифодабарандагон:
а) дорои њуќуќи бегона кардани њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин;
б) бе доштани њуќуќи бегона кардани њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин арзи вуљуд мекунад.[3]
Инчунин асоси њуќуќии ташкилоту корхонањои соња тањти ислоњот ва азнавташкилдињї ќарор додашударо Фармонњои Президенти ЉТ «Дар бораи ислоњоти ташкилоту корхонањои кишоварзї» аз 25 июни соли 1996, №522 ва «Дар бораи тадбирҳои иловагї оид ба азнавташкилдиҳї ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзї» аз 30 июни соли 2006, №1775[4] ташкил медињад. Яъне дар ин љараён пеш аз њама замин ва шакли истифодабарии он таѓйир меёбад. Барои ба шањрвандон махсусан, сокинони дењот, кушодани роњи васеъ, љињати соњиб шудан ба замин аз њисоби заминњои хољагињои давлатию коллективї ва ташкил кардани хољагии мустаќили худ ќонунњо ќабул карда шудаанд, ки вобаста ба талаботи замон онњо таѓйир ва такмил меёбанд. Ин имкон медињад, ки сокинони дењот ва умуман, кормандони соњаи кишоварзї соњиби сањми замин гашта, хољагї ташкил кунанд ва онро мустаќилона идора намоянд, ки гуфтањои боло моњиятан мазмуни ислоњоти заминро дар ЉТ ифода мекунад.
Ваќте сухан дар бораи бањодињии ислоњоти замин дар ЉТ ва назарияи њуќуќ меравад, тадќиќоти мафњуми «ислоњоти замин», самтњои асосї ва вазифањои он дар назар дошта мешавад. Яке аз масъалањои муњими њуќуќию назариявии ислоњоти муносибатњои замин дар ЉТ ин муайян кардани мафњуми «ислоњоти замин» мебошад. Зимнан дар ин маврид бояд аз мазмуни худи мафњуми «ислоњот» бар омада, нуќтањои назари доктриналии марбут ба муайянкунии мафњуми «ислоњоти замин», ки дар илми њуќуќшиносї љой доранд, ба инобат гирифта мешаванд.
Дар Луѓати энсиклопедии соли 1955 зери тањрири Б.А. Введенский мафњуми «ислоњот» њамчун дигаргунињои куллї, таѓйиротњо, бозсозї ва ё табадуллоти сиёсї, ки ба асосњои мављудаи сохтори давлатї таъсир намерасонанд, маънидод карда мешавад.[5]
Дар Фарњанги истилоњоти њуќуќ соли 2012 зери тањрири М.А. Мањмудов дар робита бо «ислоњоти њуќуќї» зери мафњуми «ислоњот» дигаргун сохтан, таѓйир додан ва ё бењтар кардани низоми њуќуќии ин ё он муносибат аз љумла низоми њуќуќии кишвар фањмида мешавад.[6]
Дар Луѓати забони русии С.И. Ожёгов аз соли 1987 мафњуми «ислоњот» њамчун дигаргунињои куллї, таѓйиротњо, бозсозии ягон чиз, ислоњоти сиёсї бошад, чун табаддулоти сиёсие муайян карда мешавад, ки ба асосњои мављудаи сохтори давлатї таъсир намерасонад.[7]
Инчунин тањти мафњуми ислоњот тибќи Фарњанги тафсири забони тољикї ин таѓйир додан, навсозии шароит ва тарзи кори ягон соњаи њаёти љамъиятї барои бењбуди он фањмида мешавад.[8]
Бояд гуфт, ки ба тадќиќоти мафњуми «ислоњоти замин» дар адабиёти њуќуќї диќќати зиёд дода мешавад. Вале њангоми муайян кардани мафњуми мазкур дар адабиёти њуќуќї аќидањои якхела ва фикрњои ягона вуљуд надорад.
Як ќатор муаллифон ислоњоти заминро њамчун ќисми таркибии ислоњоти кишоварзї баррасї менамоянд. Масалан, Н. И. Шайгада ќайд мекунад, ки ислоњоти замин оѓози солњои 1990 њамеша дар матни ислоњоти умумии кишоварзї тањлилу баррасї мегардид.[9] М.И. Палладина чунин мешуморад, ки ба мазмуни васеъ ислоњоти кишоварзї объективан чун комплекси органикии се ислоњот: ислоњоти замин, ислоњоти кишоварзї ва ислоњоти идоракунї мебошад, ки байни худ алоќаи ногусастанї доранд.[10] Ба аќидаи А. В. Петриков ислоњоти заминро яке аз равандњои бештар таѓйирёбандаи табаддулотњои кишоварзї (аграрї) баррасї мекунад.[11]
Дар маљмўъ ислоњоти кишоварзї дар Тољикистон бо сабабу шароитњои объективии сиёсї ва иќтисодї нисбатан дер шурўъ ва нобаробар амалї гардонида шуд. Раванди таќсим намудани замин ба дењќонон, таѓйири муносибатњои њуќуќї ва ташкилию роњбарикунї, њамчунин рў гардонидани маќомоти давлатї аз идоракунии бевоситаи мањсулоти кишоварзї дар муддати тўлони бисёр душворињоро ба миён овард.
А.А. Никонов моњияти ислоњоти кишоварзии оѓози солњои 1990-умро тавсиф намуда, ќайд менамояд, ки он «аз таѓйироти комплексии тамоми низоми муносибатњои кишоварзї, аз љумла њуќуќи моликиятї ба замин ва дигар воситањои истењсолот, низоми пешбурди хољагидорї ва ѓайрањо иборат мебошад».
Баъзе олимони соња ислоњоти заминро чун ќисмати муњимтарини ислоњоти иќтисодї, ки айни замон дар ЉТ гузаронида мешавад, муайян месозанд.
Ба андешаи Ш.М. Исмоилов ислоњоти замин ќисми муњими ислоњоти иќтисодї мебошад, ки дар ЉТ гузаронида мешавад, маќсади ташаккули иќтисодиёти бозории иљтимої нигаронидашударо дорад. Яке аз самтњои асосии он истифодаибарии маќсаднок, самаранок ва сохтани механизми бозории њуќуќи истифодабарии замин аст. Дар баробари ин муаллиф ќайд мекунад, ки љузъиёти аввалиндараљаи ислоњоти замин дар ЉТ воситаи муњими њалли масъалањои дар пеш истодаи њуќуќ, мустањкам кардани низоми њуќуќии муносибатњои ислоњотталаби замин ва рушди онњо мебошад.[12]
Дар баробари нуќтањои назари ќайдкардашуда, њамчунин дигар аќидањои олимон низ вуљуд доранд, ки ба хислати мустаќил доштани ислоњоти заминро ишора менамоянд. Масалан, В.Н. Лексин ва А.Н. Шветсов зери ислоњоти замин «азнавтаќсимкунии адолатнок ва асосноккардашудаи заминњо, инчунин муќарраркунии имкониятњои бо њуќуќ таъминбудаи истифодабарии онњо, гузариш ба усулњои бештар иќтисодї идоракунии захирањои замин ва таќвият бахшии њифзи экологизатсия (экологикунони)-ї заминдорї ва заминистифодабарї» мефањманд[13].
А.П. Анисимов ислоњоти заминиро бо сиёсати давлатї алоќаманд менамояд, ки бо маќсади ба вуљудоии гуногуншаклии моликият, ташаккули њавасмандкунињои иќтисодии заминистифодабарандагон оид ба истифодаи оќилонаи заминњо, мукаммалгардонии усулњои њифзи замин чун захираи табиї, ба куллан таѓйир додани сохтори муносибатњои заминистифодабарї равона гардидааст[14].
Бе шубња нуќтањои назари нишондодашуда рољеъ ба дарки моњияти ислоњоти замин ва кишоварзї бисёр муњим мебошанд ва байни онњо албатта алоќаи муттаќобила низ вуљуд дорад, мо инро инкор карда наметавонем, лекин ба њар сурат, ба андешаи мо, барои чун ќисми таркибии ислоњоти кишоварзї баррасї намудани ислоњоти замин њељ ягон асосе вуљуд надорад. Бинобар ин, кўшиш мекунем то мавќеи изњоркардаамон то њадди имкон асоснок карда шавад.
Таркиб ва алоќаи муттаќобилаи ин ислоњотњо аксаран бо маќсад ва самтњои асосии онњо муайян карда мешаванд.
Мафњуми «маќсад» дар луѓатњои энсиклопедї чун натиљаи нињоие фањмида мешавад, ки нисбати он љараён дидаву дониста, ќасдан равона шудааст.
Мувофики м.1 Ќонуни ЉШСФР (РСФСР) аз 23 ноябри соли 1990 «Дар бораи ислоњоти заминї»[15] маќсади ислоњоти замин аз азнавтаќсимкунии замин иборат мебошад, ки бањри ташаккули шароитњои самараноку оќилонаи истифодаи заминњо равона гардиааст. Чи тавре, ки дар м.1 Кодекси замини ЉШСФР аз 25 апрели соли 1991, №1103-1[16], муќаррар карда шудааст, вазифањои ќонунгузории замин аз танзими муносибатњои замин бо маќсади таъмини истифода ва њифзи оќилонаи заминњо, фароњам овардани шароитњо барои инкишофи баробарњуќуќии шаклњои мухталифи хољагидорї ба замин, таъмини хосияти такрористењсолии заминњо, нигањдошт ва бењдошти муњити зист, њифзи њуќуќњои шањрвандон, ташкилотњо, корхонањо ва муассисањо ба замин иборат мебошад.
Маќсадњои ислоњоти замин низ муайян карда шуда буданд, хусусан баландбардории самаранокии истифодаи замин, ташкили шароитњо барои афзоиши иќтидори иљтимоию сармоягузорї ва истењсолии замин, ба як омили мустаќилу пурќуввати инкишофи иќтисодиёт табдил додани он, муќаррар шуда буд. Лекин маќсади ислоњоти кишоварзї бошад, чи тавре, ки дар илми њуќуќшиносї ќайд карда мешавад, аз бартараф кардани буњрони хољагии ќишлоќ дар мамлакат, инчунин аз ташкили истењсолоти самараноку серфоидаи фаъолияти кишоварзї, ки ќобилияти таъмин кардани талаботњои ањолиро ба хўроквории баландсифат дорад, иборат мебошад.
Масъалаи муайянкунии самтњои ин ислоњотњоро гирем агар, онгоњ инљо дарки умумистифодаи истилоњи мазкур бояд ба инобат гирифта шавад. Дар луѓат муродифњои «самт» њамчун роњи инкишоф, самтнокии ин ё он амал ё зуњурот, равонашавї, майлу раѓбат, ба ин ё он тараф равона будан, роњи муайян тавсиф гардидааст.
Дар илми њуќуќи замин рољеъ ба самтњои асосии ислоњоти замин фикру аќидањои гуногун баён шудааст. Чунин андеша љой дорад, ки ислоњотњои мазкур аз «муттањид сохтани молики ќитъањои замин ва истењсолкунандаи хољагии ќишлоќ дар як шахс, таъмини иљроиши талаботњои экологї њангоми истифодаи хољагии замин чун туњфаи бењамтои табиат, таъмини истифодаи маќсадноки ќитъањои замин вобаста ба хусусиятњои сифатии онњо» иборат мебошад. Њамингуна нуќтаи назарро оид ба самти ислоњот, яъне «муттањид сохтани молики ќитъањои замин ва истењсолкунандаи хољагии ќишлоќ дар як шахс» низ иброз шудааст.
Муайянкунии самтњои асосии ислоњоти заминиро бояд дар алоќамандї бо ислоњоти кишоварзї амалї намуд. Ислоњоти кишоварзї ба азнавташкилкунии сохтори ташкилии колхозњо ва совхозњо, ба ташаккули ќоидаи хољагињои дењќонї равона карда шуда буд.
Ба њамин монанд нуќтаи назар тасдиќи худро дар ќонунгузории замин, ки гузаронидани ислоњоти заминиро таъмин мекунад, ифода ёфтааст.
Масалан, Асосњои ќонунгузории ИЉШС ва љумњурињои иттифоќї «Дар бораи замин» аз 28 феврали соли 1990,[17] ки барои ворид намудани ислоњот ба муносибатњои замин заминаи њуќуќї гузошт, бањри фароњам овардани шароит барои инкишофи баробарњуќуќии тамоми шаклњои хољагидорї равона шуда буданд. Тартиби шабењ дар Ќонуни ЉШСФР аз 23 ноябри соли 1990, №374-1 «Дар бораи ислоњоти замин» пешбинї шудааст. Фармони Президенти ИЉШС аз 5 январи соли 1991, №ФП-1285 «Дар бораи вазифањои аввалиндараља оид ба амалиградонии ислоњоти замин», ки бо маќсади фаъолгардонии гузаронидани ислоњоти замин ќабул карда шудааст, бањри фароњам овардани шароит барои амалї шудани шаклњои гуногуни хољагидорї равона гардидааст.
Дар ЉТ дар замони муосир самтњои асосии ислоњоти замин бевосита дар Ќонуни ЉТ «Дар бораи ислоњоти замин» 5 марти соли 1992, №594 ва Ќарори Њукумати ЉТ аз 9 ноябри соли 1995, №673 “Барномаи ислоњоти иќтисодии комплекси аграсаноатии ЉТ”[18] ифодаи худро ёфтааст. Аммо шароити нави муносибатњои заминистифодабарї дар кишвар талаб менамояд, ки ќонунгузории соњаи ислоњоти замин мавриди таљдиди љидди ќарор дода, самтњои нави ислоњотталабро вобаста ба амалияи заминистифодабарии љумњурї муќаррар намоянд.
Читавре, ки дар боло ишора намудем вазифањои ислоњоти замин, моњият, маќсад ва самтњои ин ислоњот дар ќонунгузории замин аз љумла дар Ќонуни ЉТ «Дар бораи ислоњоти замин» аз 5 марти соли 1992, №594 ифода ёфтааст. Мувофиќи моддаи 1 Ќонуни мазкур вазифањои ислоњоти замин дар ЉТ аз муњайё намудани шароит барои тараќќиёти баробарњуќуќи шаклњои гуногуни хољагидорї дар замин, ташаккули иќтисодиёти бисёрсоња, истифодаи сарфакорона ва њифзи замин иборат буда, маќсадаш зиёд намудани мањсулоти кишоварзї мебошад, ки ќонуни мазкуро ќонуни давраи гузариш гуфтан мумкин аст, чунки дар шароити мављуд набудани консепсияи инкишофи ќонунгузории замин ва консепсияи ягонаи гузариш ба низоми нави хољагидорї, заминаи муносибатњои бозориро дар соњаи кишоварзї муњайё намуда, њудудњои дахолати давлатро ба танзимнамоии муносибатњо оид ба истифодаи замин дар соњаи кишоварзї муайян менамояд. Ќонуни мазкур то андозае њолати монополии моликияти давлатро нисбати замин таѓйир дод.[19]
Ба гуногунии маќсадњо ва хусусияти гузаронидани ислоњоти кишоварзї ва замин нигоњ накарда, инкишофи шаклњои гуногуни хољагидорї ба замин чун самти ислоњоти кишоварзї ва замин аз алоќаи муттаќобилаи онњо шањодат медињад. Алоќаи муттаќобилаи онњо њамчунин дар он зоњир мегардад, ки ислоњоти замин гузаронидани ислоњоти кишоварзиро бояд таъмин мекард. Мањз барои њамин ислоњоти заминиро баъзанњам чун ќисми ислоњоти кишоварзї баррасї менамоянд.
Дар баробари ин дар адабиёти њуќуќї њолати мазкур њам чун яке аз проблемањои фањмиши ислоњоти замин бањо дода мешавад. Амалигардонии ислоњотњои замин танњо ба проблемаи озуќаворї онњоро оварда мерасонид ва каме њалли масъалањои заминиро дахл мекард.
Бањодињии нињоии чунин фањмиши ислоњоти замин дар самтњои асосии инкишофи ислоњоти замин дар Россия дода шудааст. Дар ин бањодињї, ки дар Заминаи № 3-и ќарори Кумитаи давлатї оид ба замини Федратсияи Россия (Госкомзем РФ) аз 9 июли соли 1997, №48 «Дар бораи вазифањои навбатии ислоњоти замин»[20] муќаррар гардидааст, ба сифати яке аз сабабњои њолати пешазбуњронї дар инкишофи бозори амволи ѓайриманќул хатогии дарки маќсад номбар шудааст, яъне аз ибтидо њамчун ќисми ислоњоти кишоварзї фањмидани ислоњоти замин. Ба љумлаи лањзањои љиддии манфии њолате, ки дар фазои муносибатњои замин дар миёнањои соли 1997 ба миён омада буд, њамчун самти кишоварзии азнавташкилдињии замин номида шудааст.
Дар асоси гуфтањои боло оид ба мустаќилият ва ањамияти ислоњоти замин дар ЉТ хулосабарорї кардан мумкин аст, ки дар баробари алоќаи муттаќобила доштани он бо ислоњоти кишоварзї, бо фароњам овардани шароит барои истифодаи самараноки заминњои таъиноти кишоварзидошта, пешбурди истењсолоти хољагии ќишлоќ ва инкишофи баробарњуќуќии тамоми шаклњои хољагидорї ба замин равона шудааст.
Дар баробари ин самтњои асосии ислоњоти замин мувофиќи моддаи 3 Ќонуни ЉТ «Дар бораи ислоњоти замин» аз 5 марти соли 1992, №594[21] аз инњо иборатанд:
- ба рўйхатгирии тамоми заминњо аз рўи гурўњњо, тарзњои заминдорї, заминистифодабарї ва намудњои замин;
- муайян кардани заминњои истифоданашаванда ва ѓайриоќилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси замини маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї бо маќсади азнавтаќсимкунии он бањри самаранок истифода бурдани замин;
- додани замин ба истифодаи якумраи меросї ба шањрвандони ЉТ барои ташкили хољагињои дењќонї (фермерї) ва касбњои анъанавии мардумї, инчунин ќитъаи замини наздињавлигї;
- аз нав таќсимкунии замин дар њолатњои таљдиди сохтори ташкилоту корхонањои кишоварзї;
- муќаррар ва аниќ кардани cарњади воњидњои маъмурию њудудии мaњалњои ањолинишин ва сохтори замину хољагидории онњо;
- ба расмият даровардан ва аз нав ба ќайд гирифтани њуљљатњое, ки њуќуќи истифодабарии ќитъаи заминро муайян менамоянд.
Масъалаи нуќтањои назар оид ба муайянкунии мафњуми «ислоњоти замин»-ро гирем, онгоњ мављудияти нуќтањои назари мухталифи олимонро низ ќайд кардан зарур аст. Дар баъзе њолатњо дар илми њуќуќшиносї ислоњоти заминро бо раванди таѓйирёбии танзими муносибатњои замин шабењ мекунанд.
Масалан, Л.П. Фомина ислоњоти заминро дар маљмўъ њамчун љорї кардани ислоњоти принсипалии мавќеи ибтидоии танзими њуќуќии муносибатњои замин муайян мекунад.[22]
Ислоњоти замин ин таѓйироти куллии њамон сохтори замин аст, ки то охири солњои 1990 дар собиќ Иттифоќи ИЉШС љой дошт. Њамингуна мафњумдињии шабењи «ислоњоти замин»-ро М.И. Палладина пешнињод менамояд. Лекин мафњуми «сохти замин»-ро муаллифон пешкаш наменамоянд.
Дар илми њуќуќшиносї олимон сохти замини љамъиятиро њамчун танзими њуќуќии муносибатњои замин ва ё маљмўи њамаи муносибатњои замин муайян мекунанд, ки дар љамъият дар асоси шаклњои мављудаи моликият ба замин ба вуљуд омадаанд ва бо низоми мувофиќ ва шаклњои хољагидорї ба замин дар ќонун мустањкам шудаанд.
Таѓйирдињии сохти замин дар воќеъ дар раванди гузаронидани ислоњоти замин ба вуљуд омадааст. Вале ба аќидаи мо, мафњуми «ислоњоти замин» танњо бо таѓйири танзими њуќуќии муносибатњои замин мањдуд намегардад. Бо аќидаи Н.Н. Школина розї шудан мумкин аст, ки мувофиќи он ислоњотњои замин ва кишоварзї гузаронидашуда ба таѓйирёбии пурраи сохти замин оварда расонид.[23] Ќайд кардан зарур аст, ки ислоњотњо воќеан њам ба таѓйирёбии пурраи танзими муносибатњои замин оварда расониданд, вале ингуна таѓйирот маќсади нињоии ислоњотњои ќайдшуда намебошанд. Чи тавре В.И. Суворов дуруст ќайд менамояд «мантиќи «њад» наинки ба маќсади ягона мубаддал гардад, балки бояд ба афзоиши самараи равандњои истењсолї мусоидат намояд».[24]
Дигар олимон ислоњоти заминро бо ин ё он самтњои асосии азнавташкилдињї, ки дар мамлакат гузаронида мешаванд, шабоњат медињанд.
Масалан, ба аќидаи Н.И. Краснова маќсади ислоњоти замини солњои 1990 инкишофи умумии моликияти хусусї ва ташкили бозорї замин буд.
Дар замони муосир махсусан дар ЉТ ба масъалаи бозори њуќуќи истифодабарии замин низ ањамият дода мешавад. Масъалан Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар паёми худ ба Маљлиси Олї бо ин маќсад супориш дод, ки «бояд бозори сертификати замин ва фаъолияти самарабахши онро ташаккул дода, ба раванди љорї кардани муносибатњои бозорї, истифодаи самараноки замин суръати тоза бахшем»[25].
Дар ин замина Ш.М. Исмоилов ќайд мекунад, ки дар Тољикистон, чун собиќ Иттињоди Шўравї замин тўли солњои дарроз аз муомилоти гражданї истисно шуда буд ва ќонунгузорї оид ба замин дар замони Шўравї ба муомилоти замин имконият намедод. Њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин бештар аз санадњои њокимиятї бар меояд. Муомилоти замин бевоста бо ќонун маън карда мешуд. Ва њамчун амалї мањкуми љиноят мањсум меёфт. Њар чанд, ки аз пош хўрдани Иттињоди Шўрваї 20 сол гузашта бошад, њам ислоњоти замин дурўдароз ба амал бароварда мешавад, дастраси замин хеле содда шуда бошад њам, маќоми њуќуќи замин таѓйир наёфааст. Аз ин рў мо бояд самтњои созмон додани бозори њуќуќи истифодабарии заминро дар кишвар љорї намоям.[26]
Дар кишвар то андозе муаллифони дигар С.Х. Ашуров, С. Мирсаидов низ аз ташкили бозори замин дастгири мекунанд, муаллифон чунин ќайд мекунанд, ки «Шикасти собиќ низоми Шўравии истифодаи замин ва гузариш ба иќтисоди бозорї якчанд мушкилотро дар роњи ислоњоти соњаи кишоварзї ба миён овард. Њарчанд низоми бозории истифодаи замин раќобатро ба вуќуъ меорад ва моњиятан бояд раќобат њам бошад, аммо монеањои љидди дар роњи раќобати озод эљод шуд. Агар дар истифодабарии замин муносибатњои воќеии бозорї ташаккул меёфт, пас аз гардиш баромадани мазраъ, умуман заминњои кишоварзї мушоњида намешуд. Умуман, дар бозорї захирањои замини раќобати солим ва самаранок мушоњида намешавад. Дар ин фазои муносибатњои бозорї ташаккули бозории замин яке аз унсурњои муњим мебошад.[27] Ва дар њамин замина бояд ќайд намуд, ки ба ташаккули бозори њуќуќи истифодабарии замин таваљљуњи зиёд дода шуда кўшиш ба он равона карда шудааст, ки њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин дар муомилоти васеъи гражданї ба амал бароварда шавад ва ќонунгузории мањз дар асоси принсипи ташаккули бозори њуќуќи истифодабарии замин (м.13 КЗ ЉТ) рушд ёфта истодааст, ки асоси инро самтњои нави ислоњоти замин ташкил медињад. Њамин тавр, мувофиќи моддаи 13 Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ аз 6 ноябри соли 1994 замин моликияти истисноии давлат аст. Айни замон замин моликияти хусусї шуда наметавонад ва њуќуќи истифодабарии он аз доираи муомилоти мањдудият берун буда њам наметавонад.
Дар баробари ин, чи хеле ки А.Е. Черноморетс дуруст ќайд менамояд, ташаккул, устуворшавї ва инкишофи шаклњо ва намудњои мухталифи моликият ин асоси сохтори бозсозии фаъолияти кишоварзї мебошад, аммо чунин ташаккулёбї маќсади ягонаи ислоњоти гузаронидашаванда набуд. Таѓйироти куллии асосњои мављудаи иќтисодї, њуќуќї ва ташкилї на ба маќсади худи чунин таѓйирот ва пешбурди шаклњои гуногуни моликият ба замин ба роњ монда шуда буд, балки давлат роњи баровардани хољагии ќишлоќи мамлакатро аз он буњрони шадиде, ки дар он хољагии ќишлоќ бо сабабњои мухталифи объективию субъективї ќарор дошта буд, мељуст, масъалаи таѓйирёбии шакли моликият ба замин пас аз ошкор гардидани бесамарагии хољагии ќишлоќ ва ба хатари љиддии амнияти озуќавории мамлакат оварда расонидани он ба миён гузошта шуд.
Ба аќидаи мо, њангоми муайян кардани мафњуми «ислоњоти замин» бояд самтњои ислоњот, маќсади он ва чорањои таъминкунандаи азнавсозињои дар Тољикистон гузаронидашаванда ба инобат гирифта шаванд.
Ба чорањои таъминкунандаи ислоњоти замин, дар адабиёти њуќуќї диќќати зиёд дода мешавад. Масалан, Л.И. Буденко чорањои њуќуќї, иќтисодї, техникї ва ташкилиро асоснокона шомил менамояд. Тањти ислоњоти замин муаллиф «маљмўи чорањои њуќуќї, иќтисодї, техникї, ташкилиеро мефањмад, ки ба таѓйироти куллии низоми муносибатњои замин ва сохтори заминистифодабарї, аз љумла ба азнавсозии моликияти замин ва азнавтаќсимкунии замин, ба азхуд кардани механизми иќтисодии танзими муносибатњои замин, ба ворид кардани усуслњои пешрафтаи заминсозї, бањри шаклњои гуногуни хољагидорї фароњам овардани шароит барои инкишофи баробарњуќуќ ва самаранок, бо маќсади баланд бардоштани сатњи њаётии ањолї аз лињози экологї инкишофи кишоварзии бењатар равона гардидаанд».[28]
Бањри дарки мазмун ва моњияти ислоњоти замин дар ЉТ ба инобат гирифтани заминањои гузаронидани он зарур аст. Чи тавре, ки С.А. Николски ќайд мекунад, «зарурати ќатъии ислоњотњои куллї дар Иттифоќи Шўравї, ки масалан, муносибатњои моликиятиро дар бар мегирифтанд, аллакай дар аввали солњои 60-ум, яъне ќариб 30 сол пеш аз он, ки ба ин кор шурўъ кунанд, эњсос карда мешуд». Њамчуниин ба он ишора намуд, ки аллакай дар солњои 60-уми асри сипаригашта дар мамлакат назарияи сотсиализми бозорї ба миён омада буд ва плеядаи (гурўњи арбобони машњур) иќтисодчиёни бозорї аз илм тадриљан тамоми мавќеъњои нави боќимондаро, ки дар сатњи муайян ба мазмун, шаклњо ва усулњои ислоњоти иќтисодї таъсир расонд, ѓасб намуд. Дар илми њуќуќшиносї дигар нуќтањои назар низ мављуданд, хусусан заминањое, ки ба зарурати азнавсозињои љиддї дар Иттифоќи Шўравї оварда расониданд.
Сарчашмањои доктриналї ва њуќуќии соњаи ислоњоти замин имконият медињанд, ки заминањои сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва экологии онро људо кунем.
Ба сабабњои экологї ва иќтисодии ислоњот замин академик А.А. Никонов ишора мекард. А.А. Никонов вазъи хољагии ќишлоќи Иттифоќи Шўравиро њамчун сабаби буњронї тавсиф намуд: «иќтидори биоиќлимии мамлакат танњо то 30-40% истифода карда мешуд, имкониятњои генетикии дар марказњои њољагии ќишлоќи ИЉШС офаридашавандаи навъњо ва пайвандњо, зотњои њайвонњо бошанд, то 30-35%; пешбурди истењсолот захирањои зиёдро ба миён меовард: барои истењсоли воњидњои молњо энергия, нисбат ба мамлакатњои инкишофёфтаи љањон, 2-3 маротиба зиёдтар сарф карда мешуд».
Ба заминањои иљтимої-иќтисодии буњрони хољагии ќишлоќ ва ислоњотњои солњои 1990, чи хеле, ки Л.П. Фомина ќайд менамояд, дур кардани дењќононро аз замин шомил кардан мумкин аст. Мањз А.А. Никонов ба њамин сабаб ишора намуда, набудани њавасмандкунињои дар замин хуб мењнат карданро бо мањрум сохтани дењќонон аз моликият ва озодии иќтисодї алоќаманд менамояд.
Дар адабиёти њуќуќї дар марњилаи пеш аз ислоњотї оќилона истифода накардани замин бо матни проблемаи экологї баррасї карда мешавад.
Ислоњоти замин дар Тољикистонро тавсиф намуда, хусусияти гузаронидани онро дар иртибот бо заминњои таъиноти кишоварзї ќайд кардан зарур аст. Ба воридшавии принсипи инкишофи баробарњуќуќии тамоми шаклњои хољагидорї дар Ќонуни ЉШСФР «Дар бораи ислоњоти замин» нигоњ накарда, дар муќаррароти ќонунии њуќуќ ба замин, ба њар сурат, бартарият ба дењќонон (фермерњо), хољагињои ёрирасони шахсї, боѓдорї ва обчакорї дода мешуд. Мањз барои њамин, ислоњоти заминро дар ЉТ тадќиќ намуда, метавон гуфт, ки дар илми њуќуќи замин диќќати асосї ба тањлили њуќуќ ба заминњои таъиноти кишоварзидошта, ки ба ин шаклњои хољагидорї дар замин пешкаш гардидаанд дода шудааст.
Ба андешаи В.С. Устинов ва Т.С. Широкалова, сабаби асосии мушкилоти гузаронидани ислоњот мањз дар вайрон намудани принсипи баробарњуќуќии шаклњои хољагидорї дар фаъолияти кишоварзї зоњир мегардад. «Муќаррароти ќонунии бартарияти њуќуќи хољагињои дењќонї (фермерї) нисбат ба коллективї яке аз сабабњои асосии натанњо зуњуроти буњронї дар истењсолоти хољагии ќишлоќ, балки дар ноосудагии иљтимої дар ќишлоќ гардидааст».
Дар адабиёти њуќуќї он њолатеро, ки моддаи 23 Асосњои ќонунгузории ИЉШС ва љумњурињои иттфоќї оид ба замин ба љумлаи аввалинњо њуќуќи шањрвандонро ба гирифтани замин барои пешбурди хољагињои шахсии ёрирасон, боѓдорї, обчакорї ва њайвонотпарварї муќаррар мекард, танќидона бањо медињанд. Њамингуна муќаррароти бартариятї оид ба додани заминњои таъиноти кишоварзидошта барои пешбурди шаклњои номбаршудаи хољагидорї дар Кодекси замини ЉШСФР низ љой дошт.
Дар баробари ин ислоњоти замин дар ЉТ бар асари як ќатор сабабњо, ки оид ба онњо на як маротиба дар адабиёти илмї ишора мегардид, ба анљом нарасидааст. Дар Тољикистон алњол механизми самараноки азнавтаќсимкунии замин байни заминистифодабарандагон коркарди пурра нашудааст, масъалаи ба касодшавї ва ба бесамар истифода шудани замин, махсусан таѓйир додани таъиноти заминњои кишоварзї ва ѓайрањо оварда расонидани истењсолоти кишоварзї њалли худро пурра наёфтааст. Дар баробари ин бо аќида оид ба он, ки ѓарамшавињои сунъию консептуалї ва њуќуќї дар низоми муносибатњои замин яке аз сабабњои асосии тўл кашидани буњрони кишоварзї дар Тољикистон ба шумор меравад, розї шудан мумкин аст.
Тадќиќоти дар маќолаи мазкур гузаронидашуда ба мо имконият медињад, ки хулосањои зерин барорем:
- шарти асосии гузаронидани ислоњоти замин дар ЉТ аз буњрони кишоварзї баровардани мамлакат ба шумор мерафт. Ислоњоти замин дар ЉТ пеш аз њама бањри њал намудани проблемањои кишоварзї дар мамлакат равона шудааст. Ба њамин хотир ислоњоти заминро дар илми њуќуќшиносї аксаран чун ќисми ислоњоти кишоварзї баррасї менамоянд. Ислоњоти замину кишоварзї, чї тавре ки тадќиќоти гузаронидашуда нишон дод, дар баробари алоќаи муттаќобила доштан хусусияти мустаќил доранд.
- проблемаи назарияи њуќуќи замин ва проблемаи њуќуќии ќонунгузории замини ЉТ дар мављуд набудани ќоида ё худ мавќеи коркарднашуда ва умумиэътирофнашуда оид ба муайян кардани мафњуми «ислоњоти замин» инъикос мегардад. Дарки комплексии ислоњоти замине, ки маќсадњо ва самтњои асосии гузаронидани онро дар бар гирифта метавонад, инчунин аз чорањои таъминкунандае иборат мебошад, ки ба марњилањои амалигардонии ислоњоти замин дар Тољикистон мувофиќат мекунанд, зарур аст.
- ислоњоти заминро дар ЉТ бояд чунин мафњум дод, ки њамчун раванди таѓйироти куллї ва мукаммалгардонии муносибатњои замине фањмид, ки бо низоми њуќуќї, ташкилї, иќтисодї ва бо дигар чорањое таъмин шудааст, ки маќсади ташкили заминистифодабарии самаранок дошта, ба фароњам овардани шароит барои инкишофи баробарњуќуќии шаклњои гуногуни хољагидорї ба замин, инчунин ба инкишофи муомилоти заминњо, истифодабарии оќилона ва њифзи заминњо равона шудааст дар маљмўъ ба муносибатњои сифатан нави заминистафодабарї гузаштанро таъмин менамояд фањмида шавад.
- дар маљмўъ хулоса баровардан мумкин аст, ки масъалаи асосии ислоњоти замин – натанњо зиёд намудани мањсулоти кишоварзї балки ба вуљуд овардани инистутњои нав дар ќонунгузорї ба монанди ташкили бозорї њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин, вусъат додани инистути ањдњо бо њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин ва дигар масъалањои муњими заминистифодабарї мебошад. Мутобиќи Конститутсияи (Сарќонуни) ЉТ замин моликияти истисноии давлатї мебошад. Бинобарин ислоњоти замин чунин маъно дорад: такмили муносибатњои замин, яъне ташаккули соњиби замин бо роњи рушди муносибатњои иљоравї, додани њуќуќи истифодабарии ќитъаи замин ва инкишофи баробарњуќуќи шаклњои мухталифи хољагидорї ба замин; таъмин намудани истифодаи оќилона ва њифзи киштзорњо; муњайё сохтани шароити њуќуќї, иќтисодї, ташкилию технологї ва ѓайраи барќароркунї ва баланд бардоштани њосилнокии замин ва дар ин замина ба даст овардани њосили њадди аксар.
Барои гузаронидани ислоњоти замин тайёр намудани заминаи татбиќи он зарур аст, ки инњоро дарбар мегирад:
- инвентаризасияи (баќайдгирї) замин;
- муайян намудани навъу категорияи замин ва сатњи заминистифодабарї;
- гузарондани корњои заминсозї;
- мониторинги замин;
- тартиб додан ва љорї намудани кадастри давлатии замин;
- тартиб додани маљмўи пурраи њуљљатњо оид ба ќонунгузории замин ва механизми ба роњ мондани назорати истифодаи он;
- масъалањои бањои замин, муайян намудани арзиши иќтисодии замин, нархгузории комплексии он барои такмил додани низоми андоз мебошад;
- чорањо вобаста ба (механизмњои) амалї кардани бозорї замин;
- мустањкамнамоии ќонунгузорї оид ба њифзи судї ва ѓайрисудии заминистифодабарї;
- идоракунии маќсадноки соњаи замин ва ѓайра мебошад.
Аннотатсия
Тавсифи умумии мафњум ва моњияти «ислоњоти замин»: љанбањои назариявї ва њуќуќии он
Дар маќолаи мазкур масъалаи тавсифи умумии мафњум ва моњияти «ислоњоти замин»: љанбањои назариявї ва њуќуќии он дар ин бахш тањлил шудааст. Муаллиф бо назардошти адабиёти илмї ва ќонунгузории замин, ќонунгузории махсуси ислоњоти замин ва назарияи њуќуќи замин мафњум ва моњияти ислоњоти заминро мавриди баррасї ќарор дода пешнињоди илмї ва амалиро барои мукаммал гардонидани ќонунгузории ислоњоти замин ва таносуби ислоњоти замин аз ислоњоти кишоварзиро вобаста ба хусусиятњояшон пешнињод намудааст.
Аннотация
Общая характеристика понятия и сущности «земельной реформы»: его теоретические и правовые аспекты
В настоящей статье анализируются вопросы общей характеристики понятия и сущности земельной реформы, в частности его теоретические и правовые аспекты. Автор статьи с учётом изученной научной литературы и земельного законодательства, проводит соотношение земельной реформы с аграрной, конечно, учитывая их специфики, с этой целю, подвергая рассмотрению специальное законодательство земельной реформы, теорию земельного права, а также понятия и сущности земельной реформы, для совершенствования законодательства в этой сфере делает научные и практические предложения.
Annotation
General characteristics of the concept and essence of the "land reform": its theoretical and legal aspects
This article analyzes the problems of the general characteristics of the concept and essence of land reform, in particular, its theoretical and practical aspects. The author studied taking into account the scientific literature and land legislation, conducting the ratio of land reform agrarian, of course, given their nature, with the purpose to this, consider putting a special law of the land reform, the theory of land rights, as well as concept and essence of land reform, to improve legislation in this area makes scientific and practical suggestions.
[1]Диденко Н.Н. Сущность и задачи аграрной реформы на современном этапе. //Сборник научных трудов. Серия «Экономика» /СевКавГТУ. Ставрополь, 2002. С.4.
[2]Ашуров С.Х., Мирсаидов С. Рентные отношения в аграрной сфере. //[Электронный ресурс]: sulbp-journal.narod.ru/jurnal/matn_1/ashurov_s_h.html (дата обращения: 20.05.2014).
[3]Исмаилов Ш.М., Латипова Л.Б., Сиддикова Н.Н. Комментарии к Закону Республики Таджикистан овнесении изменений и дополнений в Земельный кодекс Республики Таджикистан. От августа 2012 года №891. Душанбе-2012. Проект USAID по земельной реформе в Таджикистан. С.5-6.
[4]Централизованный Банк правовой информации Республики Таджикистан, Адлия версия 6.0. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..
[5]Энциклопедический словарь / Под ред. Б.А. Введенского. Т. 3: Пращур-Яя, 1955.
[6]Фарњанги истилоњоти њуќуќ /Зери тањрири Мањмудов М.А. – Душанбе: «ЭР-граф», 2012. С.184.
[7]Ожегов СИ. Словарь русского языка / Под ред. чл.-корр. Академии наук СССР Н.Ю. Шведовой. 18-е изд., стереотип. М.: Русский язык, 1987.
[8]Фарњанги тафсири забони тољикї: иборат аз 2 љилд, љилди I- А – Н, Душанбе, 2008. С.556.
[9]Шайгада Н.И. Оборот сельскохозяйственных земель в России: трансформация институтов и практика / Н.И. Шагайда. М.: Ин-т Гайдара, 2010. С. 30.
[10]Палладина М.И. Аграрное право: учебник / С.А. Боголюбов, М.М. Бринчук, H.O. Ведышев (и др.) / Отв. ред. М.И. Палладина, Н.Г. Жаворонкова. M.: Проспект, 2010. С. 89.
[11]Петриков А.В. Земельная реформа в России: итоги и перспективы //Земельные отношения в переходный период: политика, экономика и право. Материалы «круглого стола» 15 марта 2001 г. М., 2001. С. 7.
[12]Исмоилов Ш.М. О совершенствовании нормативно-правовой базы земельного оборота в Республике Таджикистан //Гражданское законодательство. Выпуск 33. / Под ред. Диденко А.Г. Алма-Ата 2009 г. C.123-145.
[13]Лексин B.H., Швецов А.Н. Региональная политика и формирование земельного рынка //Российский экономический журнал. 1994. № 2. С. 45.
[14]Анисимов А.П. Земельная реформа в Российской Федерации: проблемы и перспективы: Учебное пособие. Волгоград, ВФ МУПК. 2001.
[15]Ведомости Съезда народных депутатов и Верховного Совета РСФСР. 1990. № 26. ст. 327.
[16]Ведомости Съезда народных депутатов и Верховного Совета РСФСР 1991. № 22. ст. 768.
[17]Ведомости Съезда народных депутатов и Верховного Совета СССР. 1990. № 10. Ст. 129.
[18]Программа «Экономических преобразований агропромышленного комплекса Республики Таджикистан» 9 ноября 1995 года №673. //Централизованный банк правовой информации Республики Таджикистан ADLIA Версия 6.00.
[19]Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М., Ѓафуров А.Д. Г-34. Њуќуќи кишоварзии Љумњурии Тољикистон: Китоби дарсї. -Душанбе, «Бухоро» 2013. С.35.
[20] Собрание законодательства РФ. 1999. № 27. Ст. 3379.
[21]Ахбори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон соли 1992, №10, мод. 139; соли 1994, №15-16, мод.252; Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 1995, №22, мод. 276; соли 1997, №9, мод.117; соли 2006, №3, мод.165.
[22]Фомина Л.П. Право собственности на землю в сельском хозяйстве. Аграрная реформа в Российской Федерации: правовые проблемы и решения. М.: Ин-т государства и права РАН, 1998. С.120.
[23]Школина Н.Н. Земельная правосубъектность сельскохозяйственных коммерческих организаций: Автореф. дисс. ... канд. юрид. наук. М., 2009. С. 3.
[24]Суворов В.И. Государственно-правовое регулирование земельных реформ в России: Дисс. ... канд. юрид. наук. М., 1996.
[25]Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маљлиси Олии Тољикистон, аз 20 апрели соли 2009 http://www.president.tj.
[26]Исмолиов Ш.М. Земельный рынок возможные перспективы /Ш.М.Исмолиов //Эконмика Таджикистана. - 2009. - №3. С.118-125.
[27]Ашуров С.Х., Мирсаидов С. Рентные отношения в аграрной сфере [Электронный ресурс]: sulbp-journal.narod.ru/jurnal/matn_1/ashurov_s_h.html.(дата обращения 20.05.2014).
[28]Будченко Л.И. Управление земельной реформой (правовые проблемы): дисс. ... канд. юрид. наук: Москва, 1995. С.14.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07