Интихобот, инкишофу пешрафти кишвар аст,
Роњи неки бурдборї, чун фурўзон ахтар аст.
Интихобот ин ќадам бар сўи оромї бувад,
Интихобот маѓз андар маѓзи миллат гавњар аст.
Иштироки њар нафар дар интихобот ќарз дон,
Бањри фардои дурахшони Ватан авлотар аст.
Дастоварду шукўњи ин Ватан аз раъйи туст,
Интихоби беѓалат дар Маљлиси Олї дар аст.
Њалли њар як мушкилї бо интихоб вобаста аст,
Комёбии Ватан бо интихобот мунљар аст.
Гардад овозат муњим дар љогузории вакил,
Раъйи њар фарде барои номзад мисли зар аст.
Њизби боиродаат овоздода ѓолиб аст,
Ѓолиб ояд њизб, агар барномаи ў бењтар аст.
Дониёро, рав ту, азматро ќавї кун, устувор,
Интихобот, инкишофу пешрафти кишвар аст!
Дониёрҷон Сангинӣ