Соли 2015 яке аз солњои бобарор ва пурсамари корњои илмї-тадќиќотї барои факултети њуќуќшиносї мебошад. Устодони факултет дар соли њисоботї бањри иљроиши корњои илмї-тадќиќотї ва омодасозии кадрњои баландихтисос дар соњаи њуќуќшиносї њиссаи арзандаи худро гузоштанд. Њамаи ин натиљањои назаррас барои баланд бардоштани сифати таълим, такмили ќонунгузории амалкунанда ва рушди босуботиТољикистони азиз истифода хоњанд шуд.
Равандњои илмии фаъолияти илмї-тадќиќотии факултети њуќуќшиносї гуногунљабња буда, он ба масъалањои гуногуни назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, масоили гуногуни соњањои њуќуќи Љумњурии Тољикистон ба монанди њуќуќи гражданї, њуќуќи оилавї, њуќуќи соњибкорї ва тиљорат, њуќуќи андоз, њуќуќи молия, њуќуќи љиноятї, мурофиаи гражданї, њуќуќи судї ва назорати прокурорї, њуќуќи байналхалќии оммавї, њуќуќи байналхалќии хусусї, њуќуќи замин, њуќуќи таъминоти иљтимої, њуќуќи экологї, њуќуќи наќлиёт, њуќуќи кишоварзї ва ѓайрањо бахшида шудааст.
Шумораи умумии устодони факултети њуќуќшиносї дар соли њисоботї 140 (22 нафараш зан) нафарро ташкил дода, барои иљрои корњои илмї-тадќиќотї 126 нафари онњо љалб кард шудаанд. Дар ќатори онњо, 16 нафарашон доктори илми њуќуќ (2 нафари онњо академики АИ ЉТ, 11 нафари онњо профессор ва 5 нафари онњо дотсент), 42 нафар номзади илми њуќуќ, дотсент, 3 нафар номзади илмњои филологї, дотсент, 2 нафар номзади илмњои педагогї, дотсент, (9 нафарашон зан) 14 нафар муаллими калон (4 нафари онњо зан ва 2 нафари онњо номзади илми њуќуќ) ва 63 нафар ассистент (8 нафараш зан ва 9 нафари онњо номзади илми њуќуќ) фаоълият доранд. Устодон Ќодиров Н., Д. Хољамуродов, Њ. Бобохонов, Р.Мањмудов, И. Шарипов, З. Соибов, Б. Наимов, Ш. Њамдамова, З.Насриддинов, Ф. Ќурбонализода ва ѓайра бинобар сабаби ба кор нав ќабул шуданашон дар КИТ - и соли 2015 иштирок надоштанд. Сину соли миёнаи устодони факултети њуќуќшиносї, мардон 33 сола ва занон бошад 38 соларо ташкил медињад. Боиси сарфарозии њамаи устодон ва кормандони факултет аст, ки дар соли равон мудири кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурории факултети њуќуќшиносї бо Медали хизмати шоиста ва устоди факултет дотсент Саидов Ш.Н. бо љоизаи давлатии олимони љавон дар соњаи илм ва техника ба номи Исмоили Сомонї ќадршиносї гардиданд.
Соли 2015 ба чорабинињои муњими сиёсии кишвар аз ќабили таљлили рўзи Артиши миллї, рўзи Вањдати миллї, 24-юмин солгарди Истиќлолияти давлатї, 21-умин солгарди ќабули Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистонрост омад. Ба ин муносибат мутобиќи наќшаи Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон дар факултети њуќуќшиносї як ќатор чорабинињои муњим баргузор гардид. Дар асоси наќшаи конференсияњои Донишгоњи миллии Тољикистон ва чорабинињои дар боло зикргардида дар факултети њуќуќшиносї якчанд конференсияњо, мизи мудаввар ва семинарњои илмї-назариявї гузаронида шуд. Чунончи:
1. Рўзи 6-уми декабри соли 2014 дар заминаи кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї мутобиќи фармоиши ректори ДМТ аз 10.12.2014, №360-09 конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи: «Кафолати њуќуќу озодињои инсон дар ќонунгузории Љумњурии Тољикистон» баргузор гардида буд.
2. Дар пояи кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї бошад санаи 27 декабри соли 2014 мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Танзими њуќуќии биржа дар Љумњурии Тољикистон: мушкилот ва роњњои њалли он» (фармоиши ректори ДМТ аз 06.12.2014, №356-09) гузаронида шуд.
3. Рўзи 27-уми марти соли 2015 дар пояи кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи савратњои табиї семенари љумњуриявї дар мавзўи «Њуќуќи наќлиёт: рушд ва дурнамои он» (фармоиши ректори ДМТ аз 16.03.2015, №52-09).
4. Дар пояи кафедраи њуќуќи конститусионї бошад рўзи 26 сентябри соли 2015 конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Инкишофи илми њуќуќи конститутсионї дар замони муосир» баргузор гардид.
5. Рўзи 16-уми октябри соли 2015 дар пояи кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи савратњои табиї конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Проблемањои њуќуќи замин ва заминистифодабарї дар Љумњурии Тољикистон» баргузор гардид.
6. Рўзи 22 октябри соли 2015 дар заминаи кафедраи њуќуќи судї ва назорати прокурорї конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Рушди њуќуќи мурофиавї, назорати прокурорї, маќомоти њифзи њуќуќ ва криминология дар солњои истиќлолияти ЉТ» барпо карда шудааст.
7. Рузи 25-уми октябри соли 2015 дар заминаи кафедраи њуќуќи љиноятї конференсияи илмї – амалии љумњуриявї дар мавзўи «Љиноятњо ба муќобили моликият: мушкилот ва роњњои њалли он» баргузор гардид.
8. Дар пояи кафедраи забонњои хориљї 10 октябри соли 2015 конференсияи илмию назариявии љумњуриявї дар мавзўи «Таълими забонњои хориљї дар шароити тањсилоти бисёрфарњангии инкишофёбанда: анъанањо ва навоварињо(фармоиши ректори ДМТ аз 08.10.2015, №229-09) баргузор гардид.
9. Дар пояи кафедраи њуќуќи байналхалќї 16 октябри соли 2015 семенари илмї-назариявии устодони кафедраи њуќуќи байналхалќї баргузор гардид.
10. Рўзи 4 сентябри соли 2015 дар факултети њуќуќшиносї мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Инкишофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон» дар солњои истиќлолияти давлатї бахшида ба таљлили 24 - умин солгарди љашни Истиќлолияти давлатї (Фармоиши ректори ДМТ тањти №199-09 аз 03.09.2015) гузаронида шуд.
11. Дар пояи кафедраи њуќуќи гражданї бошад рўзи 26 сентябри соли 2014 конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи «Масъалањои асосии танзими муносибатњои њуќуќи гражданї» баргузор гардид.
12. Дар пояи кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї моњи декабри соли љорї баргузории конференсияи илмї-амалии љумњуриявї дар мавзўи: Эъломияи њуќуќи башар ва наќши он дар тањкими њуќуќ ва озодињои инсон дар назар аст.
13. Рўзи 20 ноябри соли 2015 дар факултети њуќуќшиносї мизи мудаввари љумњуриявї дар мавзўи «Парчами давлатии Тољикистон њамќадами соњибистиќлолии кишвар» бахшида ба таљлили рўзи Парчами давлатї гузаронида мешавад.
14. Аз 21 то 28 апрели соли 2015 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати устодон ва донишљўён бахшида ба «700-солагии Мир Сайид Алии Њамадонї», «Соли оила» ва Дањсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои њаёт» баргузор гардид. Мувофиќи барнома аз 120 маърўзаи пешнињодшудаи шуда,110 маърўза тибќи барнома ва 9 маърўзаи иловагї шунида шуд. Бо сабабњои гуногун (сафари хизматї 3 нафар, сабабњои номаълум 6 нафар, беморї 1 нафар) 9 нафар устодон натавонистанд дар кори конференсия иштирок намоянд. Аз 11 кафедрањои факултети њуќуќшиносї 2 нафар устодон мавзўњои худро ба конференсияи мазкур пешнињод накарданд.
Њамин тариќ, дар давоми соли њисоботї дар факултет 9 конфронси љумњуриявї, 2-семинарї илмї-назариявию љумњуриявї, 3 - мизи мудаввари љумњуриявї баргузор гардидааст.
Ѓайр аз ин устодони факултет дар конференсияњои байналмилалї ва љумњуриявї иштирок намуда, дар мавзўъњои гуногун баромад карданд. Аз љумла: конфренсияи илмї-амалии љумњуриявї дар Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон дар мавзўи: «Конститутсия заминаи ташаккули њуќуќ ва ќонунгузории Љумњурии Точикистон», конфренсияи байналмилалии илмї-амалї дар Донишгоњи(Славяни) Россияву Тољикистон дар мавзўи: «Наќши њуќуќ дар љомеаи имрўза: дастовардњо ва дурнамої»,конфренсияи љумњуриявии илмї-назариявї дар Академияи ВКД дар мавзўи «20-соли амали Конститутсияи(Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон:наќши љавонон њамчун пойдевори љомеа ва њуќуќи инсон дар он», конфренсияи илмї-амалї љумњуриявї дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Конститутсия-кафили њуќуќи шањрвандон ба тањсил», конфренсияи илмї-амалї дар Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Наќши Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон дар инкишофи ќонунгузорї»,љаласаи муаррифии Њисоботи нињоии Дафтари нињодњои демократї ва њуќуќи инсони Созмони амният ва њамкорињои Аврупо (ДНДЊИ САЊА) оид ба интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон Душанбе - 9 апрели соли 2014. ва ѓайра. Њамчунин декани факултети њуќуќшиносї дотсент Э.С. Насурдинов дар коференсияи Конфутций дар Љумњурии Хитой иштирок ва баромад намуданд. Мудири кафедраи њуќуќи гражданї профессор Ш.К.Ѓаюров 24 майи соли љорї дар љаласаи панљуми њамоњангии роњбарони Шўроњои диссертатсионї дар бахши њуќуќ иштирок ва баромад намуданд. Ин љаласа дар ш. Саратови ФР бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ФР, Комиссияи олии атестатсионї ва Академияи давлатии њуќуќии Саратов баргузор шуд. Дотсенти кафедраи њуќуќи конститусионї А.М. Диноршоев ва муаллими калони ин кафедра Ш. Камолов барои муњокимаи рисолаи докторї ва номзадї ба ш. Мосвка сафари илмї намуданд. Инчунин якчанд устодони факултет барои иштирок дар конференсия, муњокимаи рисолањои докоториву номзадї ба ш.Санкт-петербург, ш.Мосвка, Љумњурии Ќирѓизистон сафарњои хизматї намуданд.
Бо маќсади ба амал баровардани њамкорињои дуљониба факултети њуќуќшиносї бо маќомотњои њифзи њуќуќ, вазорату кумитањои давлатї, донишгоњњо, марказњои илмию тадќиќотии љумњурї ва хориљї алоќаи устувори илмиро ба роњ мондааст. Аз љумла, имруз факултети њуќуќшиносї бо Прокуратураи генералии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон, Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Комиссияи интихобот ва райъпурсї, Маркази миллии ќонунгузории назди Президенти Љумњурии Тољикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи А.Бањоваддинови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоњи давлатии лингвистикаи шањри Москва, Донигоњи давлатии дустии халќњои Федератсияи Россия, Донишгоњи давлатии Санкт-Петербург, Мактаби олии иќтисодии шањри Москва, Донишгоњи миллии Ќазоќистон, Донишгоњи Бремен (олмон), Донишгоњи славянии Россия- Ќирѓизистон ва ѓайра алоќаи зичи илмиро доро мебошад.
Натиљаи ин њамкорињост, ки мудири кафедраи њуќуќиконститутсионїн.и.њ, дотсент А.М. Диноршоев дар Донишгоњи давлатии шањри Москва, устоди кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї А.Д.Ѓафуров дар Донишгоњи давлатии Ќирѓизистон дифои рисолаи докторї намуданд.
Самаранокии корњои илмї-тадќиќотии факултети њуќуќшиносиро иштироки фаъолонаи устодони факултет дар конференсияњои байналњалќї, љумњуриявї ва донишгоњї нишон медињад. Дар соли њисоботи устодони факултет дар конференсияњои байналхалќї 50 (соли 201-44, соли 2013-32, 2012-27), љумњуриявї 102 (соли 2014-96, соли 2013-71 2012-58) ва дар 14 (соли 2014-12, соли 2013-65, 2012-52) конференсияњои умумидонишгоњї баромад кардаанд.
Дигар аз самтњои фаьолияти илмї-тадќиќотии устодони факултетро аспирантура ташкил медињад. Дар факултети њуќуќшиносї 44 (2013 – 47, 2012 - 42) нафар аспирант тањсил менамояд, ки аз ин шумора 13 (2013-16, 2012-15) нафар дар шўъбаи рўзона ва 31 (2013-31, 2012-27) нафари боќимондаро аспирантони шўъбаи ѓоибона ташкил дода, 4 нафари онњо шањрвандони хориљї (ЉИЭ) мебошанд. Дар факултет 44 унвонљў тањсил менамоянд, ки 10 нафари онро шањрвандони ЉИЭ ва ЉИА ташкил медињанд. Аз њисоби устодони факултет чор нафар устодон (Саидов Ш.Н., Камолов З.А., Њимматов Њ.Н., Гадоев Б.С.) дар докторантура тањсилро идома дода истодаанд.
Боиси хушнудист, ки рузи 19-уми сентябри соли љорї Ѓафуров А.Д. – н.и.њ., дотсенти кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљоратї дар мавзўи «Формировавия и развития финансового права в развиваюшихся стран: на примере Афганистана, Ирана и Таджикистана» аз рўи ихтисосњои«12.00.01 - Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат»,«12.00.14 – њуќуќи маъмурї, њуќуќи мурофиаи маъмурї», рўзи 8-уми октябри соли равон Диноршоев А.М. – н.и.њ, дотсент, мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї дар мавзўи «Асосњои конститутсионии танзим ва амалигардонии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд дар Љумњурии Тољикистон» аз рўи ихтисоси «12.00.02 - Њуќуќи конститутсионї, мурофиаи суди конститутсионї, њуќуќи мунисипалї»,рўзи 9-уми октябри соли 2015 Сафаров Б.А. - н.и.њ., дотсенти кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї дар мавзўи «История воплощения концепций в международных стандартов в области прав человека в правовую систему Республики Таджикистан» аз рўи ихтисоси«12.00.01 - Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат», рўзи 12.10.2015 Камолов И.И. -н.и.њ., дотсенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ дар мавзўи «Система нормативных правовых актов Республики Таджикистан: проблемы теории и практики» аз рўи ихтисоси«12.00.01 - Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат»,рўзи 16.10.2015 Азизов У.А. - н.и.њ., дотсент, мудири кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї дар мавзўи «Эволюция институтов преступления и наказания на теретории исторического исовременного таджикистана: историко-правове исследования» аз рўи ихтисоси«12.00.01 - Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат»дифои рисолањои докторї карданд. Ба ѓайр аз ин рўзи 7.04.2015 Ќосимов Ф.А.– ассистенти кафедраи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Проблемы гражданских информационных прав и обязательств в акционерных обществах» аз рўи ихтисоси «12.00.03 - њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї», рўзи 30 июни соли 2015 Мирзоев А. - ассистенти кафедраи њуќуќи байналхалќї дар мавзўи «Пременимое право в договорных отношениях в международном частном праве» аз рўи ихтисоси «12.00.03 - њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї», рўзи 26.06.2015 Саидов И. - ассистенти кафедраи њуќуќи инсон ва њуќуќшиносии муќоисавї дар мавзўи «Развития личных и политических прав человека в Таджикистане: историко-правовой и общетеоритический анализ» аз рўи ихтисоси «12.00.01 - Назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат», рўзи 09.06.2015 Мирзоев П. - аспиранти кафедраи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Проблемы информационных услуг в инвеститционной деятельности» аз рўи ихтисоси «12.00.03 - њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї», рўзи 18.04.2015Љалилиён Ф. - аспиранти кафедраи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Исключительная права автора произведения» аз рўи ихтисоси «12.00.03 - њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї», рўзи 3.03.2015 Бањмани Н.Ш. - аспиранти кафедраи њуќуќи гражданї дар мавзўи «Проблемы алиментных отношений в семейном праве» аз рўи ихтисоси «12.00.03 - њуќуќи гражданї; њуќуќи соњибкорї; њуќуќи оилавї; њуќуќи байналмилалии хусусї» дифоли рисолаи номзадї кардаанд.
Њамин тариќ, дар соли сипаригардида 5 рисолаи докторї ва 6 рисолањои номзадї (љамъ 11 рисола) аз љониби устодону аспирантон факултет њимоя гардиданд. Умуман теъдоди устодони уновндор дар факултетињуќуќшиносї 74 нафар устодони унвони илмї дошта фаъолият мекунанд, ки 52,9% ташкил медињанд. Агар мо ба чор соли фаъолияти факултети њуќуќшиносї (2015, 2014,2013,2012) назар афканем шумораи умумии устодоне, ки дифо карданд 44 нафарро ташкил медињанд. Аз ин миќдор 9 нафар рисолаи докторї ва 35 нафар рисолаи номзадї дифоъ карданд.
Дар соли њисоботї устодони факултети њуќуќшиносї дар 120 барномањои телевизион ва радио вобаста ба масъалањои гуногун бахшида ба рўзњои Артиши миллї, Вањдати миллї, Истиќлолияти давлатї, рўзи Забони давлатии Љумњурии Тољикистон, 21-умин солгарди ќабули Конститутсия (Сарќонун), рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ва ѓайра дар телевизиони давлатии Сафина, Шабакаи аввал, Љањоннамо, Бањористон, Радио Ховар, Садои Душанбе баромад ва сўњбатњо намуданд.
2. Ќисми I
Соли 2015 марњилаи 5-уми наќшаи корњои илмї-тадќиқотии солњои 2011-15 ба шумор рафтата, корњои илмї дар 11 кафедра аз рўи 7 самт, 12 масоил ва 12 мавзўъ мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Равандњои илмии фаьолияти илмї-тадќиќотии факултети њуќуќшиносї чунинанд:
I. Самтњо:
- Ќонуниятњои умумии ташаккул, инкишоф ва амали давлат ва њуќуќ;
- Масъалањои назариявии њуќуќи моликият ва муносибатњои њуќуќи гражданї;
- Дурнамои инкишофи њуќуќи соњибкорї ва мењнат;
- Такмили асосњои њуќуќї-конститутсионии Љумњурии Тољикистон, вазъи њуќуќии инсон ва шањрванд, шаклњои демократия, ташкил вафаъолияти маќомоти давлатї
- Самт: Инкишофи њуќуќи судї ва назорати прокурорї дар Љумњурии Тољикистон.
- Дурнамои инкишофи соњаи наќлиёт, кишоварзї ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиї
- Тањлили сохторї-функсионалии забон дар доираи алоќаи људошавандаи он бо фаъолияти касбии донишљўён
1.1. Масоилњо:
- Проблемањои таърихї-њуќуќї ва умуминазариявии давлат ва њуќуќ: таърих ва имрўз;
- Инкишофёбии ќонунгузории љиноятии ЉТ дар бораи љавобгарии барои таљовузкорї ба моликият ва тафтиши ин љиноятњо;
- Мустањкам намудани асосњои сохтори конститусионї, такмили демократия, њуќук ва озодињои инсон ва шањрванд, ташкил фаъолияти маќомоти давлатї;
- Проблемањои назариявии баъзе масъалањои муњими њуќуќи гражданї;
- Мувофиќакунонии танзими умумї ва хусусї - њуќуќии муносибатњо дар бахши соњибкорї ва татбиќи мењнат;
- Такмили назария, батанзимдарории њуќуќии ташкил ва фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ, коркади роњу василањои таъмин намудани суди одил, назорати прокурории босамар, пешгирї намудани љинояткорї, расонидани ёрии њуќуќї;
- Танзими шартномавии муносибатњои байналхалќии хусусї;
- Фаъолияти њуќуќэљодкунии ташкилотњои байналхалќї.
- Мукаммалгардонии санадҳои меъёрї-ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон;
- Рушд ва инкишофи танзими хусусї - њуќуќї ва умумї-њуќуќии муносибатњо дар соњаи наќлиёт, кишоварзї, экологї ва замин;
- Масоили тафтиши љиноятњо барои таљовузкорї ба моликият;
- Забон – њамчун системаи бисёртаркиба, дорои функсияи иљтимоии муњити муошират;
1.1.1. Мавзўъ ва роњбари илмї:
1. Пањлўњои таърихї-њуќуќї ва проблемањои умуминазариявии инкишофи давлативу њуќуќии Тољикистон (роњбари илмї: д.и.њ., академик Тоњиров Ф.Т. ва д.и.њ., профессор Сотиволдиев Р.Ш). Соли 2014 марњилаи 4-уми баррасии мавзўъ ба њисоб рафта дар ин давра устодон тањќиќи таърихї-њуќуќї ва умуминазариявии давлат ва њуќуќ, равшан намудани ќонуниятњои умумии ташаккул, инкишоф ва амали воќеияти давлативу њукуќї, самтњо ва дурнамои инкишофи низоми давлативу њуќуќии Тољикистони соњибистиклол дар шароити љањонишавї ва њамгироии њукуќї, тањлили санадњои меъёрии њуќуќї, љавобгарии њуќуќї, фарњанги њуќуќї, шаклњои давлатдории миллї, афкори сиёсиву њукуќии љањонї, аз љумла форсу тољик, назария ва амалияи давлати миллии тољиконро мавриди тадќиќоти илмї ќарор доданд.
2. Љиноятњо ба муќобили моликият ва методикаи тафтишотии онњо: проблемањои назариявї ва амалия (роњбари илмї: д.и.њ., профессор Т.Ш. Шарипов). Дар ин марњала марњала проблемањои назариявї ва амалияи банду басти љиноятњо ба муќобили моликият, тасарруф, шакл ва намудњои мушаххаси он мавриди баррасї ќарор дода шуд.
3. Инкишофи асосњои конститутсионї-њуќуќии сохтори давлатї дар Љумњурии Тољикистон» (роњбари илмї н.и.њ, дотсент Диноршоев А.М.). Дар соли љорї аз љониби устодони кафедра масоили такмили соњибихтиёрии халќ, давлат ва шаклњои таљассуми он, усулњои асосии ташкили маќомоти њокимияти давлатї, интихобот ва низоми он, вазъи њуќуќии вакилон ва намояндагони њокимияти давлатї, вазъи конститусионї- њуќуќии инсон, шањрванд, маќомоти давлатї ва хизматчиёни он, асосњои конститутсионї-њуќуќии фаъолияти маќомоти давлатї мавриди тањќиќ ва арзёбї ќарор дода шуд.
4. Проблемањои назариявии њуќуќи моликияти молї ва зењнї ва инкишофи муносибатњои њуќуќи оилавї (роњбари илмї: д.и.њ., профессор Ѓаюров Ш.К.) марњилаи чоруми корњои илмї тадќиќотии кафедраи њуќуќи гражданї мебошад. Дар ин марњила проблемањои муњими њуќуќи моликияти молї ва зењнї ва инкишофи муносибатњои њуќуќи оилавї аз лињози таъмини ќоблилияти њуќуќии кўдак, истифодаи чорањои ислоњоти замин барои рушди устувории хољагињои дењќонї, такмили механизми шартнома дар татбиќи њуќуќњои иттилоотї, муаллифї ва такмили муносибатњои сањомї мавриди тадќиќот ќарор дода шуд.
5. Назария ва амалияи танзими умум ва хусусињуќуќиимуносибатњо дар бахши соњибкорї ва мењнат. (Роњбари илмї: н.и.њ., дотсент Сангинов Д.Ш.). Устодони кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат дар ин марњила мавзўи проблемањои назария ва амалияи танзими умум ва хусусињуќуќии муносибатњо дар бахши соњибкорї ва татбиќи мењнат ва дар ин замина коркарди хулосањои асосноки илмї, таклиф, пешнињод ва тавсияњои амалї љињати такмили минбаъдаи механизми танзими умум ва хусусињуќуќии муносибатњои бахши соњибкорї ва мењнатро мавриди тадќиќоти илмї ќарор доданд.
6. Масоили назарияи низоми судї, адолати судї, ташкил ва фаъолияти маќомоти њифзи њуќуќ, такмили намудњои гуногуни мурофиа, назорати прокурорї, фаъолияти адвокатї, омўзиши љинояткорї дар Љумњурии Тољикистон. (роњбари илмї: д.и.њ., профессор Искандаров З.Њ.). Дар ин марњила заминаи омўзиши назарияњои илмї, тањлили ќонунгузорї ва амалияи маќомотњои њифзи њуќуќ мусоидат намудан ба инкишофи њуќуќи судї, назорати прокурорї, адвокатура дар Љумњурии Тољикистон мавриди тадќиќоти устодон ќарор гирифт.
7. Шартнома њамчун воситаи танзими мундариљањои байналхалќии хусусї (роњбари илмї: д.и.њ., проф. Менглиев Ш.М.). Дар замони муосир дар радифи ќонунгузории ЉТ, меъёрњои њуќуќи байналхалќї дар танзими муносибатњои муомилоти байналхалќии гражданї мавќеъи муњим ва назаррасро дорад. Њадафи тадќиќоти илмии устодони кафедра дар марњилаи 4-ум иборат аз он буд, ки мувофиќи санадњои миллї ва њуќуќи байналхалќї муайян кардани умумият ва хусусиятњо дар танзими муносибатњои амволї ва шахсии ѓайриамволї мебошад. Бинобар ин хусусият, предмет ва объекти муносибатњои њуќуќи гражданї дар њуќуќи байналхалќии хусусї мавриди тадќиќот ќарор дода шуд.
8. Ќобилияти њуќуќдории шартномавии ташкилотњои байналхалќї (роњбари илмї н.и.њ., дотсент Раљабов М.Н.). Ташкилотњои байналхалќї дорои ќобилияти њуќуќдории байналхалќї буда, дар доираи ваколати худ њуќуќи бастани шартномањои гуногунро доранд. Сарчашмаи ќобилияти њуќуќдории шартномавии ташкилотњои байналхалќї хуљљати муассисї мебошад. Тањлили њуљљатњои муассисии ташкилотњои байналхалќї нишон медињад, ки ќобилияти њуќуќдории шартномавии ташкилотњои байналхалќї бо ду тарз мустањкам гардонида мешавад: ба воситаи њолати умумї, ки пешбинии бастани дилхоњ шартномаро барои иљрои вазифањои ташкилот мусоидат менамояд, ё бо њолати махсус ё њолатњое, ки имконияти бастани категорияи созишномањои мушаххасаро бо давлатњои мушаххас муайян мекунад. Маќсади тадќиќоти илмї аз тањлили меъёрњои шартномавии ташкилотњои байналхалќї дар соњаи танзимнамоии низоъњои мусаллањонаи дохилї иборат буд.
9. Ташаккули механизмњои химояи њуќуќи инсон дар низоми њуќуќи миллї (роњбари илмї н.и.њ., дотсент Сафаров Б.А). Дар асоси омўзиши пањлуњои мухталифи масоили муњими хифзи њуќуќи инсон дар љањони муосир ва низоми њуќуќи миллї устодони кафедра пешнињоду дархостњои мушаххас доир ба ташаккули асосњои ќонунии њифзи њуќуќњои инсон дар Тољикистон ирсол намуданд. Диќќати асосї ба ташаккули низоми њуќуќњои шахсї, сиёсї ва иќтисодию иљтимої дода шуд.
10. Масъалањои назариявї ва њуќуќии танзими умумї ва хусусї-њуќуќии муносибатњо дар соњаи наќлиёт, экологї, кишоварзї, ва замин. (роњбари илмї н.и.њ., дотсент Ѓафуров А.Д.). Устодони кафедра ба тадќиќи проблемањои назария ва амалияи танзими умумї ва хусуси њуќуќии муносибатњо дар бахши наќлиёт, кишоварзї, экологї ва замин инчунин дар ин замина коркарди хулосањои асосноки илмї, таклиф, пешнињод ва тавсияњои амалї љињати такмили минбаъдаи механизми танзими умум ва хусусї њуќуќии муносибатњои дар бахши наќлиёт, кишоварзї, экологї ва замин машѓул шуданд.
11. Тамоюли шахсї-инкишофёбандаи касбии равандњои таълим дар партави талаботњои навин нисбати таълим дар мактаби олї. (Роњбари илмї н.и.ф.,дотсент Салоњиддинов В.Ю.). Кор карда баромадани чорањои комплексии низомичорабинињо барои ташкил додани заминаи бе ихтилофот амал намудани забонњои хориљї бо дарназардошти фаъолияти касбии донишљўён яке аз вазифањои асосии устодони ин кафедра буд. Аз љониби устодони кафедрамањзани маводњои методї барои таълим додани забонњои хориљї тартиб дода шуд.
12.Методикаи тафтишотии љиноятњо ба муќобили моликият: проблемањои назариявї ва амалиявї (Роњбари илмї: н.и.њ., дотсент А.Ќ. Назаров). Дар ин марњила проблемањои назариявї ва амалияи методикаи тафтишотї, амалиётњои аввалиндараља ва минбаъдаи тафтишотї, банаќшагирии тафтишотї ва фарзияњои тафтишотии љиноятњо муќобили моликият мавриди тадќиќот ќаро дода шуданд.
3. Ќисми II.
Нишондодњои муњими инкишофи корњои илмию тадќиќотиро дар љадвалњо инъикос мегардад (Љадвалњо замима мегарданд).
4. Ќисми III.
Самаранокии корњои илмию тадќиќотии устодон.
Соли 2015 аз нигоњи самарнокии корњои илмию тадќиќотии устодон, яке аз солњои пурбарор ба њисоб меравад.
Дар соли 2015 – 663 маводњои чопї (соли 2014-650, соли 2013 – 500, 2012 – 334, соли 2011-221,соли 2010-320, соли 2009-273) ба нашр расонида шудааст. Аз ин шумора:
1. Монография - 24 (2-тоаш дар хориља) (соли 2014 – 32 (5-тоаш дар хориља), соли 2013-33, 2012 – 32, соли 2011 - 17, соли 2010 - 22, соли 2009 - 19);
2. Китоби дарсї - 8 (соли 2014-12, соли 2013 - 12, 2012 - 6, соли 2011 - 5, соли 2010 - 20, соли 2009 - 5);
3. Васоити таълимї - 42 (соли 2014-60, соли 2013 - 52, 2012 – 37, соли 2011 - 27, соли 2010 - 45, соли 2009 - 11);
4. Дастури таълимию методї - 41 (соли 2014-31, соли 2013 – 62,2012 – 50, соли 2011 - 37, соли 2010 - 25, соли 2009 - 21);
5. Фишурда -7 (соли 2014-7, соли 2013 – 28, 2012 – 9, соли 2011-17, соли 2010 - 22, соли 2009 - 19);
6. Маќолаи илмию - оммавї 541 (соли 2014-508, соли 2013 - 307, 2012 – 200, соли 2011 - 120, соли 2010 - 175, соли 2009 - 175).
Дар факултети њуќуќшиносї тули солњои 2012, 2013, 2014, 2015 2147 маводњои илмї ба табъ расиданд, ки онро 121 монография, 38 китоби дарсї, 191 воситаи таълимї, 184 дастури методї, 51 фишурда ва 1562 маќолањои илмию оммавї ташкил медињад.
Соли 2015 дар факултети њуќуќшиносї маљаллаи илмї - иттилоотии «Њаёти њуќуќї» (Правовая жизнь) тањти № 1, № 2, № 3, аз чоп баромаданд. Дар шуморањои зикргардидамаќолаи илмї, тафсир, таќриз, ёдоштњои устодони факултет ва олимони барљастаи Федератсияи Россия, Љумњурии Олмон, Љумњурии Ќазоќистон, Љумњурии Ќирѓизистон Љумњурии Молдова ва кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ба табъ расидаанд. Дар баробари ин 16 шумораи газетаи «Минбари њуќуќшинос» дар соли 2015 аз чоп баромаданд, ки дар он маќолањои устодон, кормандони соњањои гуногун ва донишљўёни факултет чоп карда шуданд.
Ба ѓайр аз нишондодњои дар боло ќайд гардида устодони факултет имсол чун њар сола ба лоињањои ќонун ва дигар санадњои меъёриии њуќуќї хулосањои њуќуќї додаанд. Масалан, дар асоси амри Президенти ЉТ аз 8. 06. с. 2013, тањти № АП – 2257 гурўњи корї барои дар тањрири нав тањия намудани Кодекси граждании ЉТ таъсис дода шуд. Дар њайати он профессорони кафедраи њуќуќи гражданїШ.К.Ѓаюров, Ш.Т.Таѓойназаров Љ.С.Муртазоќулов иштироки фаъолона доштанд. Онњо Кодекси граждании Љумњурии Тољикистонро дар тањрири нав омода намуданд. Устодон кафедраи њуќуќи соњибкорї дотсентон Н.Ш.Шонасрудинов ва Д.Ш.Сангинов дар тањияи лоињаи Кодекси мењнати ЉТ сањми беандоза доранд. Дар тањияи лоињаи Кодекси мурофиавии њуќуќвайронкунии маъмурї ва ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон наќши устодон А.М.Диноршоев, Х.Ойев, С. Якубова зиёд аст. Инчунин устодони факултет дар муњокимаи лоињањои ќонунњои ЉТ «Дар бораи фаъолияти илмї ва сиёсати ягонаи давлатї оид ба илму техника», «Дар бораи савдои электронї», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Кодекси ЉТ оид ба њуќуквайронкунии маъмурї», «Оид ба тањрири нави моддаи 1086 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон»,«Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатї», лоиња дар мавзўи «Љанбањои сиёсию њуќуќї ва иттилоотии фаъолияти њифзи њуќуќ дар Љумњурии Тољикистон (солњои 2016-2020)». Академияи ВКД ЉТ иштирок карданд.
Илова ба ин ба лоињањои ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон «Оид ба татбиќи меъёрњои Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њангоми амали намудани адолати судї», лоињаи Ќарори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи риоя намудани принсипи ошкоро будани муњокимаи судї ва њуќуќи дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти судњо», лоињаи Ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи татбиќ намудани ќонунгузорї њангоми баррасии парвандањои љиноятии хусусияти экстремистї(ифротгарої) дошта», лоињаи Ќарори Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон «Дарбораи барасии парвандањо бо тартиби соддакардашуда», лоињаи Ќарори Пленуми Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи баъзе масъалањо оид ба табиќи моддаи 358 Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон» аз љониби устодони факултет хулосањои њуќуќї дода шудааст.
Дар соли њисоботї донишљўёни факултет аз љињати иштирок дар озмунњои љумњриявї натиљањои дилхоњ ба даст оварданд: Аз љумла миёни онњо Тешаев Мањмадсаид ба гирифтани љойи аввал аз фанни сиёсатшиносї ва донишљўи курси 5-уми шўъбаи рўзона Шарипов Манучењр љои дуюмро дар Љоми Академияи илмњои ЉТ ба даст оварданданд.
Дар давраи њисоботї дар факултети њуќуќшиносї 12 мањфилњои илмї – назариявии назди кафедравї фаъолият карданд, ки зиёда аз 950 нафар донишљўён аъзои ин мањфилњо мебошанд, ки нисбат ба солњои (соли 2009 – 321 нафар донишљў; соли 2010 – 325 нафар донишљў; соли 2011 – 302, соли 2012 – 436 нафар донишљў, соли 2013 -750 нафар донишљў, соли 2014-900 нафар донишљў). Дар маљмўъ 172 (соли 2012 -160) мањфили илмии донишљуён гузаронида шуд, ки дар он масъалањои гуногуни илмї баррасї гардиданд.
Аз 21 то 28 апрели соли 2015 дар факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Конференсияи љумњуриявии илмию назариявиии њайати устодон ва донишљўён бахшида ба «700-солагии Мир Сайид Алии Њамадонї», «Соли оила» ва Дањсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои њаёт» баргузор гардид.Мувофиќи барномаи донишљуён бошад дар 11 бахш 220 маърўзањои донишљўён пешбинї шуда буд, ки 212 марўъзаи донишљуён шунида шуд. Имсол бо сабабњои узрноку ѓайриузрнок тибќи барнома 18 нафар донишљўён дар конференсия иштирок надоштанд. Берун аз наќша 53 нафар дар конференсия маърўза карданд.
Бо маќсади дастгирї ва њавасмандгардонии аъзоёни мањфилњои назди кафедравии Љамъияти илмии донишљўён дар соли 2015–2016 120 маќолањои донишљўёни лаёќатманд ва фаъоли факултетро, ки фарогирандаи масъалањои муњими љамъиятиву њуќуќї ва давлатию сиёсї буданд дар рўзномаи «Ба ќуллањои дониш» ва «Минбари њуќуќшинос» ба табъ расидаанд.
Устодони факултет дар њимояи рисолањои докториву номзадї, китобњои дарсиву, васоити таълимии дохиливу хориљї таќризњо навиштанд. Чунончи: Мудири кафедраи њуќуќи гражданї профессор Ѓаюров Ш.К. муќарризи монографияи дотсенти кафедраи «таърих ва њуќуќ» - и Донишгоњи давлатии Данѓара Њасанов Ш. Ќ. «Эмомалї Рањмон ва Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон. Душанбе: «Ирфон», 2014. 160с» мебошад. Аз љониби профессорИскандаров З.Њ. таќриз ба рисолаи номзадии А.А.Мурадов дар мавзўи «Асосњои њуќуќии ташкил ва фаъолияти Суди Олии Љумњурии Тољикистон» аз рўи ихтисоси «12.00.11 - њокимияти судї, назорати прокурорї, ташкили фаъолияти њуќуќмуњофизавї, адвокатура» ва ба автореферати рисолаи номзадии П.С. Абдуллоев дар мавзўи «Ёрии байналмилалї-њуќуќї њангоми љамъ намудан ва санљидани далелњо оид ба парвандањои љиноятї (КМЉЉумњурии Тољикистон)», аз рўи ихтисоси «12.00.09 – мурофиаи љиноятї» дода шудааст.Аз љониби устод М.Н. Раљабов ба Капустин А.Я. Международные организации в глобализирующемся мире //Таджикистанский ежегодник международного публичного и частного права. Душанбе, Издательство таджикского национального университета, 2014. ва Мансуров У.А. Сотрудничество Республики Таджикистан с межправительственными организациями универсального характера (международно-правовой аспект) //Таджикистанский ежегодник международного публичного и частного права. Душанбе, Издательство таджикского национального университета, 2014. таќриз дода шуд. Аз љониби устодонХ.Р.Ќодирќулов таќриз ба воситаи таълимии «Њуќуќи мењнатии Љумњурии Тољикистон» (бо забони русї) муаллиф Р.Б. Бозоров Душанбе – 2014.228с., Бобоев У.Х.таќриз ба автореферати рисолаиС.А.Пулатова дар мавзўи«Танзими њуќуќи фаъолияти соњибкории субъектони хољагидорї хориљи дар њудуди Љумњурии Тољикистон», аз рўи ихтисоси «12.00.03 - Њуќуќи гражданї, њуќуќи соњибкорї, њуќуќи оилавї, њуќуќи байналмилалии хусусї» ва таќриз ба автореферати рисолаиИ.Ќ. Миралиев дар мавзўи «Њуќуќи инсон дар шароити ташакулёбии давлати њуќуќбунёд дар Љумњурии Тољикистон» аз рўи ихтисоси «12.00.01 - назария ва таърихи давлат ва њуќуќ, таърихи таълимот оид ба њуќуќ ва давлат» дода шуд. Њамзамон ба китоби Сомониён: замон ва макон. муаллиф доктори илми таърих, профессор А. Мухторов. Душанбе, 2013. 368сањ, ба китоби Материалы к библиографии ученых Таджикистана. К 75-летию со дня рождения академика Тахирову Фазыл Тахировичу. Вып.96. Душанбе, 2014. 156с., ба китоби Тољикистон - Созмони њамкорињои Шанхай: шоњроњи њамкорињо. Бахшида ба Љаласаи Сарони узви Созмони њамкорињои Шанхай дар Душанбе 11-12 сентябри 2014. Муаллиф доктори илми таърих, профессор Мирзоев Н.М., Душанбе, 2014. 192сањ. аз љониби устодони факултет таќриз дода шуд.Мудири кафедраи њуќуќи конститутсионї А.М. Диноршоев ба сифати опоненти расмї дар дифои рисолаи номзадии Ѓафуров Мењриддин Садриддинович дар мавзўи «Љавобгарии конститутсионї-њуќуќии маќомотњои давлатї дар Љумњурии Тољикистон» ва опоненти ѓайрирасмї дар дифои номзадии Н.Ш. Курбоналиев, И.Ќ.Миралиев, Н.И. Бобоева баромад намудааст.
Пешнињодњо:
- Раёсати ДМТ-ро зарур аст, ки масъалаи бастани созишнома бо макотиби олии Федератсияи Россияро оиди тайёр намудани мутахасисон барои ихтисосњои њуќуќи байналхалќї, њуќуќи экологї, њуќуќи замин, њуќуќи наќлиёт, њуќуќи мењнат, њуќуќи таъминоти иљтимої, њуќуќи мурофиаи гражданї, њуќуќи мурофиаи љиноятї, криминология, криминалистика ва назорати прокурорї чораандешї намояд;
- Раёсати ДМТ-ро зарур аст, ки барои такмили ихтисоси байналмилалии устодони факултети њуќуќшиносї чораандешї намояд. Чунки Тољикистон аъзои Суди байналмилалї ва дигар ташкилотњои бонуфузи байналмилалї аст. Рўзњое мешавад, ки манфиатњои ЉТ-ро дар сатњи байналмилалї химоя намудан лозим меояд.
- Аз Раёсати ДМТ хоњиш карда мешавад, ки нисбати устодоне, ки дар иљрои корњои илмї-тадќиќотї ба таври бояду шояд рафтор мекунанд ё ин ки умуман мањсули илмї надоранд чорањои мушаххаси интизомї андешида шавад.
- Аз Раёсати ДМТ хоњиш карда мешавад, ки мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ профессор Р.Ш. Сотиволдиев ва кафедрањои њуќуќи конститутсионї, њуќуќи соњибкорї ва тиљорат, њуќуќи судї ва назорати прокурорї њамчун кафедрањои намунавї дар донишгоњ эътироф карда шуда, бо назардошти љамъбасти корњои илмї-тадќиќотї дар соли 2014 бо мукофоти пулї ќадрдонї карда шаванд;
- Аз Раёсати ДМТ хоњиш карда мешавад, ки љињати бо адабиётњои муосири њуќуќи таъмин намудани китобхонаи факултет чораандешї намояд.
Декани факултети њуќуќшиносї,
доктори илмњои њуќуќ, профессор Э.С. Насурдинов
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07