ТАЪЗИЯНОМА
Санаи 23-уми ноябри соли 2020 профессори кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорат, доктори илмњои хуќуќшиносї, Бозоров Р.Б. дунёро падруд гуфтанд.
Аз ин рў садорат ва њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносї ба хешу пайвандони марњум изњори тасаллият намуда, ба хонадони онњо сабри љамил таманно менамоянд.
Бозоров Раљаб Бойназарович 15-уми феврали соли 1961 дар ноњияи Сайњунободи вилояти Сирдарёи Љумњурии Ўзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1984 ба шуъбаи рўзонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) дохил шуда, соли 1989-ум онро хатм намудааст. Тибќи ќарори комиссияи аттестатсионии давлатї фаъолияти мењнатиашро дар техникуми молиявї иќтисодии шањри Душанбе оѓоз намуда, соли 2002 ба кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон (њоло Донишгоњи миллии Тољикистон) ба сифати ассистенти кафедра ба кор омадааст. Солњои 1993-1997 њамчун аспиранти рўзонаи кафедраи њуќуќи соњибкорї ва тиљорати факултети њуќуќшиносї тањсил намудааст. Соли 1997 номбурда рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Уњдадорињое, ки дар натиљаи пешгирии хавфи зиёни амволи бегона ба вуљуд меоянд» зери роњбарии доктори илмњои њуќуќ, профессор Менглиев Ш.М. дифоъ намудааст. Солњои 2000-2007 дар вазифаи муовини декани факултети њуќуќшиносї оид ба тарбия ва илм фаъолият кардааст. Аз соли 2002 соњиби унвони илмии дотсент мебошад. Номбурда дар њаёти илмї, таълимї ва тарбиявии донишгоњ ва чорабинињои фарњангию сиёсї ва љамъиятии кишвар фаъолона иштирок менамояд. Мавсуф соли 2018 рисолаи докториашро дар мавзўи «Танзими њуќуќии сармоягузорї дар Љумњурии Тољикистон (консепсия ва њуќуќтатбиќнамої) зери мусоидати мушовирони илмї - профессор, доктори илмњои њуќуќ Менглиев Ш.М. ва профессор, доктори илмњои њуќуќ Рањимзода М.З. њимоя намудааст. Мавсуф аз фанњои њуќуќи мењнатї, њуќуќи сармоягузорї ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 68 корњои илмию тањќиќотї ва таълимию методї мебошад. Дар конференсияњои бонуфузи илмии сатњи љумњуриявї ва байналмилалї иштирок ва баромад намудааст. Бозоров Раљаб Бойназарович дар тайёр намудани лоињаи Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон сањми арзанда гузоштааст. Беш аз 30 сол њамчун омўзгор фаъолият намудааст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07