Боиси ифтихору сарбаландист, ки давоми солњои Истиќлолияти давлатї Донишгоњи миллии Тољикистон ба як маркази бонуфузи омодасозии кадрњои лаёќатманд ва њайати роњбарикунанда табдил ёфтааст. Дастпарварони ин боргоњи муќаддас имрўз дар вазифањои гуногуни давлатї кору фаъолият намуда, барои пешрафти соњањои мухталифи њаёти давлативу љамъиятї хизмати содиќонаву софдилона намуда истодаанд. Дар њамин радиф таърихи 7-уми декабри соли 2020 муаллими калони кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети хуќуќшиносї, номзади илмњои њуќуќшиносї Давлатзода Комрон ёрдамчии муовини ректор оид ба таълим таъйин гардид.
Аз ин хотир садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносї Давлатзода Комронро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифа самимона табрику шодбош намуда, ба эшон саломативу сарбаландї, пирўзиву хушнудї ва фатњи ќуллањои баланди касбиро орзу менамоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07