Факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон чун даргоњи бузурги илму маърифат дар омода намудани мутахассисони соњибтаљрибаву ватандўст наќши муассир дорад. Мояи ифтихор ва фарањбахшист, ки њайати устодони унвондор дар факултет дар њоли рушду инкишоф ќарор дорад. Онњо бо дарки масъулияти баланди касбї рисолањои илмии худро сарбаландона њимоя намуда, хазинаи илмии мамлакатро пурѓановат менамоянд. Аз љумла, санаи 15-уми декабри соли 2020 ассистенти кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќ Мирзозода Фархундаи Субҳон рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Танзими ҳуқуқии муносибатҳои таҳсилотї: таҳқиқоти умуминазариявї» бо муваффаќият њимоя намуд.
Њамзамон дар санаи зикргардида, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавї Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид рисолаи номзадии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ тањти унвони «Ташаккул ва инкишофи ҳуқуқи кўдак дар Тољикистон» дифоъ намуд.
Аз ин рў садорати факултети њуќуќшиносї, устодону кормандон ва донишљўёни ин даргоњ Мирзозода Ф.С., ва Шосаидзода Ш.Ш.-ро бо ин дастоварди бузургашон дар соњаи илм самимона табрик намуда, ба эшон фатњи ќуллањои баланди илмиву эљодиро таманно менамоянд.