Боиси хушнудиву сарфарозист, ки њамасола донишљўёни факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дар озмунњову чорабинињои гуногуни илмиву фарњангї фаъолона иштирок намуда, сазовори љойњои намоён мегарданд.
Далели ин гуфтањо дар асоси нақша-чорабиниҳои Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) дар соли 2020 интернет-олимпиадаи байналмилалӣ таҳти унвони «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон» баргузор гардид.
Дар олимпиадаи болозикр дар ќатори донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) њамчунин донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ низ фаъолона иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки озмун дар ду давр баргузор гардида, даври якуми он тариқи саволу ҷавоб ва шакли тестӣ санаи 15 август оѓоз гардида, то 30 сентябр идома ёфт ва дар он љойи аввалро донишљўи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон Хуршедзода Шахиня ишѓол намуд.
Даври дуюми он таърихи 26-уми ноябри соли љорї ба таври онлайн тариќи саволу љавоб баргузор гардида, натиљаи он санаи 9-уми декабр эълон карда шуд, ки дар ин давр низ дар радифи донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олии давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) дар номинатсияи «Бењтарин љавоб» ѓолибият насиби донишљўи соли 3-и факултети њуќуќшиносї Хуршедзода Шахиня гардид.
Аз ин хотир садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносї Хуршедзода Шахиняро барои ѓолиб омаданаш дар ин озмун самимона табрику шодбош намуда, ба эшон саломативу сарбаландї, пирўзиву хушнудї, хониши хубу аъло ва фатњи ќуллањои баланди илмиро орзу менамоянд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07