Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки теъдоди устодони унвондор дар факултети њуќуќшиносии ДМТ дар њоли рушду инкишоф ќарор дорад. Онњо бо дарки масъулияти баланди касбї рисолањои илмии худро сарбаландона њимоя намуда, хазинаи илмии мамлакатро пурѓановат менамоянд. Башорати ин гуфтањо санаи 24-уми декабри соли 2020 ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї Давлатов Диловар Давлатович рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Тафтиши љиноятњо дар соњаи муносибатњо вобаста ба замин дар Љумњурии Тољикистон» зери роњбарии доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Ищенко Евгений Петрович дар шўрои диссертатсионии назди Донишгоњи давлатии њуќуќи Москва ба номи О.Е. Кутафина (МГЮА) бо муваффаќият њимоя намуд.
Аз ин рў садорати факултети њуќуќшиносї, устодону кормандон ва донишљўёни ин даргоњ Давлатов Д.Д.-ро бо ин дастоварди бузургаш дар соњаи илм самимона табрик намуда, ба эшон фатњи ќуллањои баланди илмиву эљодиро таманно менамоянд.
Давлатов Диловар Давлатович 1-уми июли соли 1989 дар вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2007 ба шуъбаи рўзонаи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон дохил шуда, соли 2012 онро хатм намудааст. Солњои 2012-2013 мутахассиси шуъбаи таълими ДМТ ва аз соли 2013 то кунун ба њайси ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон фаъолият намуда истодааст. Аз фанњои криминалистика, фаъолияти оперативї-љустуљўї ба шогирдон дарс гуфта, муаллифи беш аз 20 корњои илмию тањќиќотї мебошад. 8 сол собиќаи кори илмию омўзгорї дорад. Рисолаи номзадии худро таърихи 24-уми декабри соли 2020 дар мавзўи «Тафтиши љиноятњо дар соњаи муносибатњо вобаста ба замин дар Љумњурии Тољикистон» дифоъ намудааст. Оиладор, соњиби 2 фарзанд аст.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07