Тањти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соли дуюм аст, ки озмуни љумњуриявии «Фуруѓи субњи доної китоб аст» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиќлоли давлатї баргузор мегардад.
Маќсад аз озмун баланд бардоштани шавќу раѓбати китобхонии хонандагон ва бохабар гардидан аз эљодиёти адибони гузаштаву имрўзи мо мањсуб меёбад. Дар он иштирокчиён аз рўи 5 номинатсия, яъне хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ иштирок намуданд.
Дар озмун аз њисоби дастаи донишљўёни Донишгоњи миллии Тољикистон донишљўи соли 4-уми факултети њуќуќшиносї Пирова Гулафзо фаъолона иштирок намуда, бо зањмату талошњои худ шуруъ аз даври донишгоњї, ноњиявї ва шањрї то ба даври љумњуриявї омада расид ва дар натиља аз рўи номинатсияи 2-юм– хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик сазовори љойи 2-юм гардид.
Ба ин минвол садорат, њайати устодону кормандон ва донишљўёни факултети њуќуќшиносии ДМТ Пирова Гулафзоро барои ѓолиб омаданаш дар ин озмун самимона табрику шодбош намуда, ба эшон тањсину офарин мехонанд ва дар ин баробар саломативу сарбаландї, пирўзиву хушнудї, хониши хубу аъло ва фатњи ќуллањои баланди илмиро орзу менамоянд.