Таърихи 19-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси кафедраи њуќуќи љиноятї ва муќовимат бо коррупсияи факултети њуќуќшиносии ДМТ семинари илмї-назариявї баргузор гардид.
Семинарро декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. ифтитоњ намуда, барои баргузории чунин семинари илмї-назариявї, ки метавонад дар таќвияти донишњои устодони љавон таъсиргузор бошад, изњори сипос намуданд. Њамчунин мавсуф андешањои худро вобаста ба масъалањои мубрами соњаи њуќуќи љиноятї иброз доштанд. Ќайд гардид, ки натиљањои тадќиќоти илмии устодон ба таври мушаххас пешнињод гарданд ва имкон дорад, ки њангоми ќабули Кодекси љиноятї дар тањрири нав ба инобат гирифта шаванд.
Дар љараёни семинари илмї-назариявї устодони кафедра вобаста ба масъалањои гуногуни соњаи њуќуќи љиноятї маърўзањо пешнињод намуданд.
Аз љумла:
- ассистенти кафедра Рањмонзода М.Љ. дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои фаъолияти ѓайриќонунии бонкї»;
- ассистенти кафедра Шарипов М.М. дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои ришвадињии тиљоратї»;
- ассистенти кафедра Амиров А. дар мавзўи «Амали ќонуни љиноятї дар макон»;
- ассистенти кафедра Сайфуллозода У.А. дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои гирифтани пора»;
- ассистенти кафедра Мирзоев Ќ.Х. дар мавзўи «Фарќияти љинояти ѓоратгарї аз дигар таркибњои ба он монанд»;
- ассистенти кафедра Абдуллозода Б.В. дар мавзўи «Љавобгарии љиноятї барои ифлос кардани об» баромад намуда, фикру аќидањои љолибро оид ба назария ва амалияи њуќуќтатбиќкунї вобаста ба мавзуњои матрањшаванда изњор намуданд.
Дар охир, иштирокчиён аз љараёни чорабинии мазкур таассуроти мусбат бардошта, баргузории чунин семинарњои илмиро иќдоми неке бањри рушд ва такмили донишњои олимони љавон арзёбї намуданд.