Масъалаи дастгирии занону бонувон дар маркази таваљљўњи њамешагии сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон ќарор дорад. Дастгирї намудани ин ќишри ањолї имконият фароњам меоварад то соњањои мухталиф бо суръати баланд инкишоф ёбанд. Бо назардошти дар сатњи баланд таљлил намудани Рўзи Модар таърихи 7 марти соли равон дар шањраки донишљўёни ДМТ љамъомади тантанавї баргузор гардид. Нахуст, ректори Донишгоњи миллии Тољикистон, профессор Хушвахтзода Ќ.Х. суханронї намуда, тамоми бонувони кишвар, махсусан бонувони донишгоњро бо ин рўзи фарањбахш самимона табрику шодбош намуда, аз дастгирињои бонувону занони донишгоњ ва ташаббусњои созандаи модарон дар сиёсати имрўзаи давлату њукумат ёдовар шуданд. Дар чорабинии мазкур устодон ва донишљўдухтарони факултети њуќуќшиносї фаъолона иштирок намуда, барои дастгирињои њамаљониба аз љониби раёсати донишгоњ ва садорати факултет изњори сипос намуданд. Сипас, ансамбли халќии “Наврўз” бањри фароѓати њозирин ва гиромидошти зан-модар барномаи хуби фарњангиро намоиш доданд. Чорабинии фарњангї дар сатњи баланд доир гардида, тараннумгари бузургї, мењрубонї ва шуљоатмандии модарон буд. Воќеан, наќши модарону занон дар тањким ва рушди љомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон нињоят муњимму арзишманд мебошад. Аз ин рў, арзанда аст, ки њама рўз рўзи модар бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб фарорасии иди Рўзи модаронро Cадорат ва њайати устодону кормандони факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми модарони тољик самимона табрик гуфта, бароятон саодатмандию пирўзї, саломативу хушбахтї ва хонаободиву сарбаландї орзу менамоянд. Таманнои онро дорем, ки осмони софу офтоби дурахшон болои саратон доимо љилвагар бошад.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07