Санаи16-уми марти соли 2021 бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва њуќуќи факултети њуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон семинари илмї-назариявї баргузор гардид. Дар кори он роњбарияти Донишгоњ ва факултети њуќуќшиносї, устодону кормандони факултет, олимону донишмандони соња, аспирантону унвонљўён, магистрњо ва намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд. Зимни ифтитоњи њамоиши илмї декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. ба муњиммият ва ањамияти мавзўњои њамоиши илмї ишора намуда, гузаронидани чунин семинарњои илмиро ба маќсад мувофиќ шумориданд.
Сипас аз рўйи барнома маърўзањои илмии иштирокчиён шунида шуданд. Маърўзачиён зимни баромад ањамият ва моњияти масъалањои баррасишавандаро шарњ дода, њамчунин мушкилот ва дурнамои онро низ пешбинї намуданд.
Дар фарљоми семинари илмї-назариявї аз љониби иштирокчиён як силсила хулоса ва таклифу тавсияњои судманди илмї пешнињод шуданд.