Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки теъдоди устодони унвондор дар факултети њуќуќшиносии ДМТ дар њоли рушду инкишоф ќарор дорад. Онњо бо дарки масъулияти баланди касбї рисолањои илмии худро сарбаландона њимоя намуда, хазинаи илмии мамлакатро пурѓановат менамоянд. Аз љумла санаи 30-уми марти соли 2021 ассистенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судї Шарипов Саймузафар Саймузафарович рисолаи номзадии худро дар мавзўи «Тавсифи њуќуќии љиноятї ва криминологии иљро накардани уњдадорї оид ба таълиму тарбияи ноболиѓон» зери роњбарии доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Шарипов Таќдиршо бо муваффаќият њимоя намуд.
Аз ин рў садорати факултети њуќуќшиносї, устодону кормандон ва донишљўёни ин даргоњ Шарипов С.С.-ро бо ин дастоварди бузургаш дар соњаи илм самимона табрик намуда, ба эшон фатњи ќуллањои баланди илмиву эљодиро таманно менамоянд.