Санаи 6-уми апрели соли 2021 бо ташаббуси кафедраи њуќуќи наќлиёт ва њуќуќи истифодаи сарватњои табиии факултети њуќуќшиносии ДМТ семинари илмї-назариявї дар мавзўи “Масъалањои мубрами њуќуќи экологї, наќлиёт, таъмини аманияти озуќаворї, раќобат ва њифзи њуќуќи истеъмолкунандагон дар Љумњурии Тољикистон: мушкилоти амалї ва такмили ќонунгузорї баргузор гардид.
Дар кори он роњбарияти факултети њуќуќшиносї, устодону кормандони факултет, олимону донишмандони соња, аспирантону унвонљўён, магистрњо ва њамчунин намояндагони муассисањои тањсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.
Зимни ифтитоњи семинари мазкур сараввал декани факултети њуќуќшиносї, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор Рањмон Д.С. ба муњиммият ва ањамияти мавзўи њаммоиши илмї ишора намуда, андешањои худро вобаста ба масъалањои мубрами баррасишаванда иброз доштанд.
Сипас аз рўи барнома маърўзањои устодони кафедра шунида шуданд. Маърўзачиён зимни баромадњои худ ба ањамият, хусусият ва дигар масъалањои матрањшаванда андешаронї намуда, њамчунин вобаста ба дурнамои он низ ибрози назар намуданд.
Дар фарљоми семинари илмї-назариявї аз љониби иштирокдорон як силсила хулоса, таклифу тавсияњои судманди илмї вобаста ба масъалањои гуногуни барассишаванда пешнињод шуданд. Изњори умед карда шуд, ки натиљањои ин семинари илмї барои такмили низоми њуќуќии кишвар аз њар љињат муфид ва самарабахш хоњад буд.
Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Буни Хисорак, Корпус 11, Юридический факультет Таджикского национального Университета
Телефоны: (372) 2-24-65-03, 915-08-72-88, 907-56-07-07