Факултети хуќуќшиносии Донишгоњи миллии Тољикистон њамчун боргоњи илму маърифат барои омода намудани кадрњои болаёќат ва арзанда наќши бориз дорад. Ба ин минвол санаи 15–уми апрели соли 2021 бо ташаббуси бевоситаи декани факултети њуќуќшиносї д.и.њ., профессор Рањмон Дилшод Сафарбек вохўрї бо донишљўёни курси 4-ум, ки соли љорї хатмкунанда мебошанд, доир гардид. Воќеан баргузории чунин вохўрињо, ки њамасола сурат мегирад сариваќтї буда, барои омодагии хатмкунандагони факултет ба Комиссияи аттестатсионии хатми соли 2021 таъсири мусбат хоњад расонид.
Маврид ба тазаккур аст, ки зимни вохурии мазкур садорати факултети њуќуќшиносї чанд нафар донишљўёнро барои хониши хубу аъло ва иштирок дар њаёти љамъиятї ва фарњангии донишгоњ ва њамчунин ахлоќи хубу њамида доштан изњори сипосу миннатдорї баён намуда, ба онњо дар кору пайкори минбаъдаашон роњи сафеду барори кор орзу намуд.
Умед карда шуд, ки хатмкунандагон пас аз хатми донишгоњ ба вазифањои гуногуни пурмасъул сафарбар гардида, ба нафъи давлату миллат хизмат хоњанд намуд.